![]() |
|
Умаров Рустамҷон Мунаҳварович
Рўз, моҳ, соли таваллуд: 07 октябри 1988
Маълумот: олӣ, 2006 - 2011 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм кардааст.
Ихтисос: Факултаи филология аз руйи ихтисоси Лингвистика ва
муоширати байнифарҳангӣ (тарҷумони забонҳои англисӣ
тоҷикӣ, бо дипломи аъло)
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: форсӣ, русӣ, англисӣ.
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Аз сентябри 2025 то ҳол — и.в. мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Аз 1 июн то 1 сентябри 2025 — ходими илмии Шуъбаи таҳияи лоиҳаҳо ва кор бо грантҳои хориҷии Институти илмю таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ.
Аз март то июни 2025 — мудири Шуъбаи мониторинг ва арзёбии МД “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ”.
Аз январи то марти 2025 — мутахассиси иттилоот ва робита бо ҷомеа дар “Ассотсиатсияи Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” (дар доираи лоиҳаи USAID).
Аз октябри 2024 то январи 2025 — сармутахассиси Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ.
Аз августи 2022 то октябри 2024 — магистранти Донишгоҳи Хиросимаи Ҷопон.
Аз июни 2014 то августи 2022 — сармутахассиси Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ.
Аз августи 2013 то июни 2014 — сармутахассиси Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ВМҲИҶТ.
Аз июни 2012 то августи 2013 — мутахассиси Шуъбаи ташкилӣ ва назорати Раёсати ташкилӣ ва ҳуқуқи ҳамон Агентӣ.
Аз декабри 2011 то июни 2012 — ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва фалсафаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур.
Аз сентябри то ноябри 2011 — ҷонишини директор оид ба тарбия дар Литсейи хусусии ба номи Абурайҳони Берунӣ, шаҳри Душанбе.
Солҳои 2010–2011 — тарҷумон дар филиали ҶДММ “KEMIST”, шаҳри Душанбе.
2006–2011 — донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.