Рузи 26 апрели соли равон дар Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии соҳибкории Тоҷикистон (ИИТСС ДБССТ) семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Рушди соҳибкории саноатӣ дар шароити рақамикунонии иқтисоди миллӣ» баргузор гардид. Семинар бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор оғоз ёфт. Сипас директори ИИТСС ДБССТ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Иброҳимзода Илҳомуддини Раҷабалӣ дар мавзуи “Тамоюлҳои рушди соҳибкории саноатӣ дар шароити рақамикунонии иқтисоди миллӣ” маърўза намуд.
Дар баромад таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Дар маҷмуъ дар бахши мазкур дар, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.
Таваҷҷуҳи ҳозирин ба тамоюли афзоиш ёфтани ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар низоми иқтисодии ҷаҳонӣ ҷалб карда шуд. Тибқи маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, дар соли 2018 аз 24% зиёд шуда, тадриҷан босуръат рушд меёбад. Таъсири бевоситаи рушди ҳамаҷонибаи иқтисоди рақамӣ ва инфрасохтори рақамӣ дар тӯли панҷ соли оянда 20% ММД-и ҷаҳонро ташкил медиҳад. Дар ин робита ин далел муҳим аст, ки бозгашти ҳаҷми хароҷоти сармоягузорӣ (ROI) тавассути низоми технологияҳои рақамӣ нисбати низоми анъанавӣ панҷ маротиба зиёд аст.
Чунин тамоюлҳои муосири рушди саноат дар натиҷаи таъсири технологияҳои иқтисоди рақамӣ заминаи натиҷаҳои баландтарин ба ҳисоб мераванд:
* афзоиши сармоягузорӣ ба технологияҳои иттилоотӣ ва лоиҳаҳои интернетӣ;
* татбиқи "ҷаҳиши рақамӣ";
* таъсиси инфрасохтори иттилоотии зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ;
* пайдоиши омилҳои нави истеҳсолот, ба монанди ҷамъоварӣ, тавсиф, нигоҳдорӣ ва коркарди маълумот;
* ҳавасмандгардонии рақобат дар дохили кишвар;
* сохтани платформаҳои умумии технологӣ;
* афзоиши рақобат пуршиддат байни рушди қувваҳои истеҳсол кунананд дар ҷараёни ташкилу иҷрои муносибатҳои истеҳсолӣ;
* ҷорӣ намудани технологияҳои нав, ки имкониятҳои рақамии истеҳсолотро хеле васеъ мекунанд;
* таъсиси ҷойҳои кории рақамӣ дар корхонаҳо;
Дар баробари ин, таҳлили гузаронидашуда имкон медиҳад, ки Тоҷикистон барои амалӣ кардани "ҷаҳиши рақамӣ" ва заминаҳои объективии иқтисодӣ дошта бошад. Гузариши саривақтии саноат ба технологияҳои рақамӣ ва диҷитализатсия (азнавсозии рақамикунонӣ)-и оммавӣ ба кишвар кӯмак менамояд, ки дар тамоюли умумии рушди муосир қарор бигирад.
Дар семинар сардори Раёсати Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Солиев баромад кард. Мавсуф дар бораи раванди иҷрои сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ сухан ронд, пешбурди раванди фароҳамсозии чунин чорабиниҳоро махсусан қайд намуд:
- ташаккул ва идоракунии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
- роҳандозии низоми рақамии танзими давлатӣ;
- мушаххас намудани инфрасохтори рақамикунонӣ, амалисозии хуқумати электронӣ
- пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли рақамӣ,
- гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва истифода имзои электронӣ,
- такмили савдои электронӣ,
- батанзимдарории зеҳни сунъӣ,
- танзим ва пешбурди маркази ягонаи тамос
- ташаккули механизми тиҷоратикунонии натиҷиҷаҳои илмию техникии доро хусусиятҳои технологӣ
- ташкили пардохтҳои ғайринақдӣ,
Маърўзаи сарходими Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкори Тоҷикистон, д.и.и., профессор Хоҷамаҳмад Умаров ба мавзўи “Рақобатпазирии соҳибкорони тоҷик дар бозори ҷаҳонӣ” башида шуд. Ў масоили бурду бохти соҳибкорони ватанӣ, соҳибкории санаотӣ ва кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, мушкилоти мавҷуда, тақвияти ҳамкориҳои муштаракро аз нигоҳи иқтисодӣ арзёбӣ намуд.
Таъсири инноватсия ва рақамисозии иқтисодиёт барои ташкили кори фосилавӣ, ҷойҳои кории пурмаҳсул ва дигар масъалаҳои мубрам дар баромади мудири шуъбаи ИИТСС ДБССТ Абдуғаффор Раҳмонзода инъикос гардид.
Баромадкунандагон ба саволҳои сершумори иштирокчиёни семнар ҷавоб дода, доир ба имкониятҳои васеи ИИТСС ДБССТ ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкили низоми таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассиони соҳибкасбу бомаърифат ва татбиқи навгониҳои технолигояҳои муосир мубодилаи афкор намуданд.