Санаи 15 июли соли 2025 дар меҳмонхонаи “KANGURT” бо ибтикори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и назди Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” ва бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Мастер-класс оид ба идоракунии сифати хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо» чорабинии омӯзишии се-рӯза барои кормандони соҳаи меҳмоннавозии ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе расман оғоз ёфт.
Ҳамоиши мазкур дар доираи татбиқи Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ташкил гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи касбият, рушди малакаҳои амалӣ ва мутобиқсозии хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Модератори чорабинии мазкур директори Муассисаи давлатии “Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”-и ДБССТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Иброҳимзода И.Р. ҷаласаи пленариро ифтитоҳ намуда, саҳми чунин ташаббусҳоро дар боло бурдани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва рақобатпазирии бахши сайёҳӣ муҳим қайд намуда, аҳамияти онро дар боло бурдани фарҳанги меҳмоннавозӣ, бахусус ташаккул ва рушди шаклҳои нави меҳмонхонаҳо - кемпинг, мотел, ҳомстей, хонаистро ҷиҳати дар оянда вобаста ба зиёд шудани шумораи сайёҳони хориҷӣ баланд арзёбӣ намуд.
Сипас, муовини ректори ДБССТ оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Зоирзода И.С., муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холматиён Рустам, намояндаи Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқова Т., ректори Муассисаи давлатии “Донишкадаи байналмилалии Данғара”-и ДБССТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Сафозода А.К., директори Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, номзади илмҳои филологӣ Ширинзода Н.А. ва мутахассисони байналмилалӣ аз Федератсияи Россия -Сергей Данильченко, Асмик Ванцян, Пантилеева Светлана Сергеевна ва Жанна Фадеева бо суханрониҳои худ аҳамияти тадбиқи таҷрибаи байналмилалиро дар ин самт таъкид карданд.
Дар мастер-класс зиёда аз 100 нафар кормандони меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе ширкат варзида, имконият доранд дар муҳити касбӣ таҷриба омӯзанд, бо стандартҳои байналмилалӣ шинос шаванд ва сатҳи хидматрасонии худро боз ҳам беҳтар намоянд.
Чорабинӣ то санаи 17 июл идома ёфта, ба ҳайси платформаи муосир барои мубодилаи таҷриба, омӯзиши малакаҳои амалӣ ва таҳкими нерӯи инсонии соҳаи меҳмоннавозӣ хизмат хоҳад кард.