Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

ХАБАРҲО:

ХАБАР

Хабар

ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ ДАР ИИТСС ДБССТ - ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ МУБОРАК!

Бо оғози соли нави таҳсили 2025-2026 зиёд шудани дастовардҳои илмӣ фоли нек буда, барои афзудани онҳо таҳрикдиҳанда ва дар баробари ин, барои тақвияти иқтидори кадрӣ заминагузор мебошад.
Инак, рӯзи 2 сентябри соли равон Ёров Ҷамшед Нуруллоевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири шуъбаи таҳқиқоти сайёҳии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА – 063 назди ДБССТ дар мавзуи “Ташаккул ва самтҳои рушди комплексҳои сайёҳӣ-рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария, методология, амалия” диссертатсияи докториро аз рӯйи ихтисоси 08.00.04 – иқтисодиёти соҳавӣ (08.00.04.06 – иқтисодиёти соҳаи сайёҳӣ) зери мушовири илмӣ Қодирзода Диловар Баҳриддин, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи назарияи иқтисодии ДМТ бомуваффақият ҳимоя намуд.
Мавзуи таҳқиқот мубрам буда, мақсади он аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардани ҷанбаҳои назариявӣ ва методологии омӯзиши равандҳои ташаккул ва рушди комплексҳои сайёҳӣ-рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар ва минтақаҳои алоҳидаи он таъсири назаррас доранд.
Мо Ёров Ҷамшед Нуруллоевичро бо ин дастоварди илмӣ муборакбод намуда, барояшон дар фаъолияти минбаъдаи илмию педагогӣ музаффариятҳои навинро таманно дорем.

📅 Санаи нашр: 04.09.2025
⬅ Бозгашт ба хабарҳо

ХАБАРҲО:

📅 31.01.2026 📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 29.11.2025 📅 21.11.2025 📅 07.11.2025 📅 07.11.2025 📅 30.10.2025 📅 23.10.2025