БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Тибқи нақшаи баргузории семинару ҳамоишҳои илмӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ ва Институти иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ рӯзи 6 сентябри соли равон семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзуи “Дастовардҳои 34 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он дар рушди иқтисоди миллӣ: таъмини минбаъдаи рушди устувор” бо иштироки ҳайати профессорону устодон доир намуд.
Семинарро бо сухани табрикотӣ Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ, д.и.и., профессор, директори ИИТСС ДБССТ кушода, аҳли нишастро бо ҷашни бузурги миллӣ – 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуд.
Сипас дар мавзуи “Рушди иқтисодӣ дар 34-соли Истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи тадриҷии ҳадафҳои миллӣ” маърузаи пурмуҳтаво кард. Профессор дар баромадаш аз дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ дар муддати соҳибистиқлолӣ истода гузашт.
Дар баромад гуфта шуд, ки дар зарфи 34 соли соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳо ба назар мерасад. Хоссатан нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар 34 соли Истиқлоли давлатӣ хеле назаррасанд, аз ҷумла ҳаҷми ММД аз 1,8 млрд. сомонии соли 2000-ум ба 153,4 млрд. сомонӣ ваё 85,2 маротиба дар соли 2024 афзоиш ёфт; сатҳи камбизоатӣ қариб 4 маротиба коҳиш дода шуд (аз 83 фоиз дар соли 1999 то 31 фоиз дар соли 2015 ва дар соли 2024 то 21 фоиз коҳиш ёфт); афзоиши устувори иқтисодӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,4 фоизи солона таъмин гардид ва монанди инҳо.
Ҳамзамон дар бораи гузариш аз модели иқтисодии аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ, дастовардҳо дар самти саноатикунонии соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ, саноати коркарди металлҳо, коркарди тамоми соҳаҳои ашёи хом ва масолеҳи сохтмонӣ ва рушди сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, иқтисоди сабз, рақамикунонии иқтисодиёт, зеҳни сунъӣ маълумоти пурмуҳтаво дода шуд.
Дар идома директори Институти иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ н.и.и. Ҷуразода Х.Х., Умаров Хоҷамаҳмад, д.и.и., профессор, ходими пешбари илмии ИИТСС ДБССТ дар мавзуи “Таъсири Истиқлоли давлатӣ ба рушди сайёҳӣ”, Хоҷаев Парвиз, д.и.и., профессор, мудири шуъбаи таҳқиқоти соҳибкорӣ дар мавзуи “Истиқлолияти давлатӣ заминагузори рушди соҳибкорӣ", Маъдиев Саъдихоҷа, н.и.и., дотсент, ходими пешбари илмии ИИТСС ДБССТ дар мавзуи “Аҳаммияти таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ”, Раҳимов С., д.и.и., профессор дар мавзуи “Ислоҳоти низоми баҳисобгирии муҳосибӣ дар давраи Истиқлолият” маърузаҳои пурмазмун карданд.
Дар баромадҳо дар бораи роҳҳои дурусти тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва натиҷаҳои самараноки он, ба мисли таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ; раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдилёбӣ ба кишвари транзитӣ; таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат; вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул; кам кардани вобастагии иқтисоди миллӣ аз таконҳои беруна ва инкишофи иқтидорҳои дохилӣ; танзими рушди бозорҳои дохилии молӣ, пулӣ, берунӣ, меҳнатӣ ва инноватсионӣ андешаҳои ҷолибу илман асоснок карда шуд.
Гуфта шуд, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ ҳамчун оғози таҳаввулоти бунёдӣ дар сарнавишти миллати тоҷик заминаи устувори худшиносии миллии мардумро фароҳам овард, ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва оғози ташаббусҳои созанда омили муттаҳидсоз гардид. Истиқлоли давлатӣ омили муҳимми рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин, заминаи зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шаҳрвандон буда, бо шарофати он шароите фароҳам омад, ки миллати тоҷик забон, фарҳанг ва ҳувияти миллии худро аз нав эҳё намуда, дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳифз кунад.
Дар охир Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ, д.и.и., профессор, директори ИИТСС ДБССТ баромад карда, таъкид дошт, ки танҳо дар шароити суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодии мамлакат мардуми шарафманди Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба ҳадафҳои болотару зиндагии шоистатар сарфароз хоҳанд гашт. Дар ин ҷода саҳм ва талоши ҳар як шаҳрванд, пеш аз ҳама, ҷавонон дар ҷодаи ҳифзи неъмати бебаҳо – истиқлолу озодии кишвар бисёр муҳим мебошад. Таъкид карда шуд, Истиқлолияти давлатии бадастомада, ки ормонҳои ҳазорсолаи мардуми сарбаланди тоҷик аст ва бо кушишу заҳматҳо ва ҷонбозиҳои Қаҳрамони миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфта, мукаммал гардида истодааст, ҳар як хурду бузурги тоҷикистонӣ ва тоҷикони ҷаҳон вазифадоранд, чун гавҳараки чашм пос дошта, барои рушду нумуъи минбаъдаи он саҳмгузор бошад.
Дар ҷамъбаст музокираҳо сурат гирифт.