ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН
ИНСТИТУТИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРӢ, ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ,
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА
“РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ”
МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ САЙЁҲӢ
Мактуби иттилоотӣ – даъватномаи
Конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба
“Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ” дар мавзуи “Масъалаҳои таъмини рушди устувори сайёҳӣ”
Душанбе – 2025
Муҳтарам ________________________________________________
Шуморо ба конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ” дар мавзуи “Масъалаҳои таъмини рушди устувори сайёҳӣ”, ки 25-уми сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват мекунем.
Ҳадаф аз баргузории конфронс табодули натиҷаҳо ва коркарди андешаҳои илмӣ оид ба таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва таҳияи механизми таъмини рушди устувори сайёҳӣ ва арзёбии он дар таъмини рушди устувори нишондиҳандаҳои иқтисоди миллӣ иборат мебошад.
Конфронс ба минбари баррасии масъалаҳои мубрами таъмини рушди устувори сайёҳӣ дар Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.
Самтҳои асосии конфронс:
- Масъалаҳои асосии таъмини рушди устувори сайёҳӣ;
- Стратегияи таъмини рушди устувори сайёҳӣ;
- Роҳҳои таъмини рушди устувори сайёҳӣ;
- Таъмини рушди усутувори сайёҳии этникӣ ва табобатию варзишӣ;
- Механизмҳои танзими таъмини рушди устувори сайёҳӣ;
- Татбиқи методологияи тавсиянамудаи СУС-и СММ дар кишварҳои рубатараққӣ;
- Эҳё намудани Шоҳроҳи абрешим ҷиҳати таъмини рушди устувори сайёҳии байналмилалӣ;
- Ошкор намудани робитаи мултипликативии рушди устувори сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ;
- Масъалаҳои таъмини мутақобилаи рушди устувори сайёҳии экологӣ, куҳӣ ва таърихию этникӣ;
- Моделҳои муосири таъмини рушди устувори сайёҳӣ дар давлатҳои пешқадам;
- Таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар такмили рушди устувори сайёҳӣ;
- Аҳамияти рушди устувори сайёҳӣ дар ҳамгироии байналмилалӣ.
Барои иштирок дар конфронс олимон, ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна, докторантҳо, мутахассисони вазорату идораҳо, соҳибкорон, ташкилотҳои хориҷии муқими кишвар ва хориҷ даъват шудаанд.
ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР КОНФРОНС
✓ Иштирок дар конфронс ройгон аст;
✓ Шакли иштирок дар конфронс – гибрид (онлайн, офлайн);
✓ Ҳолати конфронс – сухангӯ, шунаванда;
✓ Забони кории конфронс – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ
ТАШКИЛКУНАНДАИ КОНФРОНС:
ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН
ИНСТИТУТИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРӢ, ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Талабот нисбати маърўзаҳои барои чоп пешниҳодшаванда
Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботи техникии зерин ҷавобгўй бошанд:
- саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост1,5 см, боло ва поён2 см;
- ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи - 14;
- сатри якум - номи маърўза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
- сатри дуюм - насаби муаллиф, ҳарфи аввали ном ва номи падар, бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
- сатри сеюм - номи муассисаи ҷои кори асосӣ (таҳсил) бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
- матни маърўза бояд дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шуда, фосилаи байнисатрӣ - 1, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа. Истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;
- ҳаҷми матни маърўза набояд аз 6 саҳифа зиёд бошад (Формулаҳо бояд дар таҳриргари «Формула» сохта шаванд);
- ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с.25; 5, с.33-36] омода карда шавад, ки дар он рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рўйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошад;
- рўйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «Адабиёт» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
Дар охири мақола таклифу тавсияхои махсуси илмй-назариявй ва амалй додан лозим аст.
Матни мақола дар 1 нусха дар коғаз ва дар шакли электронӣ дар формати RTF пешниҳод карда шудааст.
Дар мақола бояд масъалаҳои назариявии марбут ба мавзӯъ ва ҳалли амалии онҳо инъикос карда шаванд.
МАВОДҲОИ КОНФРОНСИИ ИНДЕКСШАВАНДА
Ҳар як мақолаи ба КОНФРОНС қабулшуда дар базаҳои байналмилалии Index Copernicus of Polsha, Zenodo ва Open Aire of Europe, Cyberleninka-и Русия, ҷойгир карда шуда, дар системаи байналмилалии ҷустуҷӯии Google Scholar индексатсия карда мешаванд. Ба ҳар як мақола рақами инфиродии DOI дода мешавад.
Ба иштирокчиёни конфронс нусхаи электронии сертификат, шаҳодатномаи индексатсия ва версияи pdf-и мақолаи индексатсияшуда дода мешавад. Мақолаҳои конфронс ба таври электронӣ нашр мешаванд.
ТАРТИБИ СУПУРДАНИ МАВОДҲОИ КОНФРОНС
Барои иштирок дар конфронс марҳилаи сабти ном то 22 сентябри соли 2025 тавассути вебсайти www: www.iutet.tj. сурат мегирад. Маводҳо барои чоп то 23 сентябри соли 2025 тавассути профили телеграмми Ёров Ҷамшед қабул карда мешаванд.
Тел: +992 93 313 0675, е-mail: Jama_taj75,
Қодирзода Фазлиддин, Тел: +992 98 831 4004, е-mail: edelvis-07@mail.ru
Ҷуразода Хайринисо, Тел: +992 98 918 4343, е-mail: juraeva78@bk.ru
Талаботҳои таҳияи мақолаҳо дар Замимаи 2 оварда шудааст.
Эзоҳ: Дар макола бояд самти кори конфронс равшан нишон дода шавад.
Мақола ва асарҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд, тавсияҳои илмию амалӣ надоранд ва дер пешниҳод шудаанд, ба маводи конфронс дохил карда намешаванд ва баргардонида намешаванд. Хароҷоти нақлиёт ва манзил аз ҳисоби иштирокчиёни конфронс ваё тарафи фиристонанда пардохт карда мешавад.
Барои тамос: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳ. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5, +992 93 313 0675, +992 98 831 4004, +992 98 918 4343.
Вебсайти расмӣ: www.iutet.tj.
Бо эҳтиром,
Кумитаи тадорукоти форум
Замимаи 1
Шакли дархост барои иштирок дар Конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ” дар мавзуи “Масъалаҳои таъмини рушди устувори сайёҳӣ”
Дар ариза бояд маълумоти зерин пешниход карда шавад:
1. Фамилия, ном, номи падар
2. Кишвар, шаҳр
3. Дараҷаи илмӣ, унвон
4. Ҷойи кор/таҳсил, вазифа
5. Суроғаи почта (бо индекс), почтаи электронӣ, рақами телефони тамос
6.ORCID
7. Сарлавҳаи маъруза ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ
8. Аннотатсия бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ
9. Формати иштирок (офлайн, онлайн)
Мақолаи ҳаммуаллифӣ дар як ариза пешниҳод карда мешавад ва маълумот дар он инъикос карда мешавад, пай дар пай бо нуқта-вергул ҷудо карда мешаванд; агар маълумот такрор шавад (масалан, кишвар ва/ё шахр, чои кор, адреси почта ва гайра), пас онхоро такрор кардан лозим нест.