Санаи 10-уми сентябри соли 2025 байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Даешини Ҷумҳурии Корея ба имзо расонида шуд. Дар заминаи шартнома масъалаҳои табодули академии донишҷӯёну устодон, барномаҳои дудиплома, гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотии муштарак, рушди муносибатҳо дар самти ҷалби сайёҳони байни ду кишвар, рушди муносибатҳо дар самти ташаккули бизнес-инкубаторҳо ва стартапҳо ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, дигар самтҳои фаъолияти муштарак ва кушодани марказҳо дар доираи муқарраротҳои санадҳои меъёрии ҳарду ҷониб роҳандозӣ карда мешавад.
📅 Санаи нашр: 19.09.2025