Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

ХАБАРҲО:

ХАБАР

Хабар

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ САЙЁҲӢ

Рӯзи 25 сентябри соли равон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ бо ташаббуси Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, Институти сайёҳӣ ва Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои таъмини рушди устувори сайёҳӣ” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар ш. Душанбе, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, ширкатҳои хориҷӣ ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Гурҷистон доир гардид.
Конфронсро директори Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ ДБССТ Иброҳимзода И.Р. кушода, меҳмононро ба конфронс хайра мақдам гуфт. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки мо тасмим гирифтем якљоя бо намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва дигар вазорату идорањо, олимону мутахассисон масъалањои мубрами таъмини рушди устувори сайёҳиро баррасї намоем. Боварӣ дорем ин барои ҳалли муаммоҳои рушди сайёҳии кишвар ва рушди минбаъдаи соҳаи мазкур шароити иловагии заруриро фароҳам меорад.
Сипас бо сухани табрикотӣ муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҳимов Мирзоҳид баромад карда, дар арафаи Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ баргузор намудани ҳамоиши илмии имрӯзаро барои рушди устувори сайёҳӣ заминагузор маънидод кард. Ӯ таъкид дошт, ки дар Љумҳурии Тољикистон сол то сол соњаи сайёњї вусъат меёбад ва ба мамлакати мо аз кишварњои хориљаи дуру наздик сайёњони зиёде барои истироњат ва табобат ташриф меоваранд. Соли 2023 аз соњаи сайёҳӣ ба маљмуи мањсулоти дохилии Тољикистон 3,3 миллиард сомонї ворид гардид, ки ин назар ба нишондињандаи соли 2022 600 миллион сомонї зиёд мебошад. Мо боварии комил дорем, ки ин нишондињанда дар солњои оянда боз њам зиёдтар мегардад.
Дар идома гуфта шуд, ки ДБССТ ва зерсохторњои он дар ташкили институтсионалии соҳаи сайёњӣ њиссаи арзандаи худро мегузоранд. Институти илмї-тадќиќотии сайёњї ва соњибкории Донишгоњи байналмилалии сайёњї ва соҳибкории Тољикистон, ки ташаббускори гузаронидани конфронси имрўза аст, барои рушди сайёњии дохиливу байналмилалї чорабинињои зиёд гузаронида, дар омоданамоии Барномаи рушди сайёҳии дохилӣ барои солҳои 2040 иштирок намудаанд.
Дар идома Салимзода З., муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Саиднуриддинзода А.С., муовини директори Агентии ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ, Дилшоди Ҷамшед, мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳукумати ш. Душанбе, Қузратзода Р., сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, Шалва Киртадзе, ректори Донишгоҳи давлатии ба номи Акакия Серетелии Кутаисии Гурҷистон, Лю И., намояндаи ширкати “Ҷинда Анбанс”, Никитина Т.В., д.и.и., профессори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, Корнелия Скотт, профессори Донишгоҳи илмҳои амалии Анхалти Олмон, Моҳру Маҳмудова, менеҷери лоиҳавии Маркази байналмилалими соҳибкории хусусӣ дар Тоҷикистон ва дигарон баромад карданд.
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки бобати омӯзиш ва ҳалли муаммоҳои рушди устувори сайёҳӣ дар замони муосир, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ, хусусан бунёди инфрасохтори зарурӣ бо таври ояндавӣ мақоми таъсирбахш дорад. Муҳимияти масъала аз зарурати рушди соҳибкорӣ ва ақиб намондан аз тамоюлҳои ҷаҳонӣ бармеояд. Маълум мегардад, ки маҳз тавассути рушди соҳибкорӣ имкониятҳои сайёҳӣ ба кор дароварда шуда, соҳаи мазкур майли устуворӣ мегирад.
Ҳамин тавр, барои таъмини рушди устувори сайёҳӣ, ташаккули маҷмуии соҳибкорӣ имкониятҳое фароҳам шаванд, ки аз ҳисоби шаклҳои нави соҳибкорӣ ҳавасманднамоии субеъктҳои хоҷагидориро таъмин намуда, ин раванд ба омили рушди иқтисоди миллӣ ва рушди босуботи сайёҳӣ табдил ёбад.
Конференсия пас аз зуҳр дар бахшҳо корашро идома дод.
Аз натиҷаи баромадҳо ба мақомоту идораҳои марбута пешниҳодҳои илман асоснок карда мешавад.

📅 Санаи нашр: 26.09.2025
⬅ Бозгашт ба хабарҳо

ХАБАРҲО:

📅 31.01.2026 📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 29.11.2025 📅 21.11.2025 📅 07.11.2025 📅 07.11.2025 📅 30.10.2025 📅 23.10.2025