СОЗИШНОМАИ НАВИ ҲАМКОРӢ
Дар таърихи 25 сентябри соли 2025 бо мақсади тавсеаи бештар ва таҳкими ҳамкориҳои сатҳи байналмилалии байни Институти илмию таҳқиқоти сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Кутаисии Ҷумҳурии Гурҷистон ба номи Акаки Серетели аз ҷониби директори институти зикршуда Иброҳимзода Илҳомиддин Раҷабалӣ ва ректори донишгоҳи номбаршуда ректор Шалва Картадзе созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, инчунин дар боби табодули академии зинаҳои магистратура, докторантура (доктор аз рӯи ихтисос ва доктор ҳабилитат) ба тасвиб расид.
Тибқи созишнома тарафҳо қарор карданд, ки дар мавридҳои зарурӣ имкон доранд нақшаҳои таълимӣ, маводи илмию таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дигар воситаҳои таълимиро ҳамроҳ тартиб диҳанд ва ё мавриди бозбинӣ қарор диҳанд. Ҳадафи асосии чунин ҳамкорӣ мусоидат ба рушди сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, инчунин мусоидат ба табодули академии зинаҳои магистратура, докторантура (доктор аз рӯи ихтисос ва доктор ҳабилитат) аз ҳарду кишвар мебошад. Ҷонибҳо ба нашри муштараки китобҳои дарсӣ ва мақолаҳои илмӣ, ки аз ҷониби муҳаққиқон ва омӯзгорони ҳарду тараф дар бахшҳои сайёҳӣ ва рушди соҳибкорӣ таълиф мегардад, мусоидат хоҳанд кард. Нашрияҳо бояд дар платформаҳои академии эътирофшудаи байналмилалӣ, аз ҷумла Web of Science, Scopus ва дигар маҷаллаҳои бонуфузи илмии ҷаҳонӣ нашр карда шаванд.
Таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимию лоиҳаҳои тадқиқотӣ низ аз ҷумлаи тааҳудоти созишнома буда, тарафҳо дар ҳамкории зич бо кормандони илмӣ ва омӯзгории ҳарду муассиса дар таҳияву татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ, аз ҷумла ташкили дастаҳои таҳқиқотӣ ва талошҳои муштарак барои дарёфти грантҳои илмӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Лозим ба зикр аст, ки ҷонибҳо барои иштироки олимони ҷавон, магистрон ва докторантҳо, ки дар соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо корҳои таҳқиқотӣ ва амалӣ машғуланд, дар конфронсҳои илмие, ки дар ҳарду кишвар баргузор мешаванд, ҳамкорӣ анҷом хоҳанд дод.
Дар ин баробар уҳдадориҳое низ мавриди эътибор қарор гирифтанд, ки дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди амал қарор мегиранд.