Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

ХАБАРҲО:

ХАБАР

Хабар

ҶАЛАСАИ ИФТИТОҲИИ ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ 6D.КОА-100 ДБССТ ДОИР ГАРДИД

ҶАЛАСАИ ИФТИТОҲИИ ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ 6D.КОА-100 ДБССТ ДОИР ГАРДИД
Рӯзи 29 сентябри соли равон ҷаласаи ифтитоҳии Шурои диссертатсионии 6D.КОА-100-и назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки Маъруфӣ Расул Нурмуҳаммад, саркотиби илмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мавзуна Каримова, сармутахассиси шуъбаи илмҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро ректори ДБССТ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор кушода, онро падидаи хуш номид ва ба кори шуро муваффақият хост. Профессор таъкид дошт, ки бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ДБССТ таъсис дода шуд ва имрӯз он ба маркази омоданамоии мутахассисони баландихтисос ва ҳамчунин муҳаққиқон табдил ёфтааст.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки фаъолияти Шурои навтаъсис дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешавад, зеро аъзои шуро ҳама олимони донишманди соҳаҳои илм буда, дар баррасии корҳои илмӣ масъулияти баланд нишон медиҳанд, гуфт ректор.
Дар идома Маъруфӣ Р.Н. баромад карда, гуфт, ки аз 25 сентябри соли 2025 бо қарори раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои диссертатсионии 6D.КОА-100-и назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мо боварӣ дорем, ки фаъолияти шурои навтаъсис намунаи ҳақиқат, шаффофият ва садоқат ба Ватан мешавад. Ҳар як диссертатсия бояд на танҳо арзиши назариявӣ, балки амалӣ низ дошта бошад ва барои рушди иқтисоди кишвар мусоидат кунад, гуфт Маъруфӣ Р.Н.
Сипас Мавзуна Каримова, намояндаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ баромад карда, дар бораи баъзе талаботи корҳои илмӣ истода гузашт ва вазифаҳои шуроро хотиррасон кард.
Дар идома Иброҳимзода И.Р., раиси Шуро баромад карда, оид ба Низомномаи Шурои диссертатсионӣ, тартиби ташкил ва фаъолияти шуро муфассалан истода гузашт.
Сипас аъзои шуро профессорон Саидмуродзода Л.Ҳ., Бобоҷониён Д.Д., Қаюмов Н.Қ. баромад карда, ба кори шуро муваффақият хостанд.
Бо боварӣ гуфта шуд, ки фаъолияти Шурои диссертатсионии 6D.КОА-100-и назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дуруст ва бо сифати баланд ба роҳ монда шуда, он маркази омодасозии муҳаққиқони сатҳи баланд мегардад.

📅 Санаи нашр: 30.09.2025
⬅ Бозгашт ба хабарҳо

ХАБАРҲО:

📅 31.01.2026 📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 29.11.2025 📅 21.11.2025 📅 07.11.2025 📅 07.11.2025 📅 30.10.2025 📅 23.10.2025