Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

ХАБАРҲО:

ХАБАР

Хабар

МАСЪАЛАҲОИ СТРАТЕГИИ ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ МАҶМУИИ СОҲИБКОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

МАСЪАЛАҲОИ СТРАТЕГИИ ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ МАҶМУИИ СОҲИБКОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи соҳибкорон санаи 13 октябр бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ дар доираи Форуми байналмилалии сармоягӯзории "Душанбе-Инвест 2025" - конфронси байналмилалии илмию амалӣ бо иштироки олимону муҳаққиқон ва намояндагону вазорату идораҳо, коршиносону мутахассисони хориҷӣ, шарикони рушд, сармоягузорону соҳибкорон ва ширкатҳои сайёҳӣ баргузор гардид.
Иштирокдорон сараввал аз намоишгоҳи ҷашни Меҳргон дидан намуданд.
Конфронсро ректори ДБССТ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо Рӯзи соҳибкорон муборакбод намуд. Зимни суханронӣ ректор қайд намуд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор тадбирҳои ҳавасмандкунанда барои рушди соҳибкорӣ рӯйи кор омад. Таъсиси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва дар доираи он Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ; ҷоринамоии ҳавасмандиҳо ба соҳибкорони истеҳсолӣ ва истеҳсолкунандагони соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар; таъсиси шароитҳо ҷиҳати ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва ҷоннокнамоии сармояи дохилӣ, аз ҷумлаи онҳо мебошанд, ки барои дастгирии соҳибкорон равона гардидаанд.
Умуман, дар чанд соли охир дар соҳаи пешбурди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя як силсила ислоҳот, ки барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва дахолати давлат ба фаъолияти хоҷагидории субъектҳои соҳибкорӣ равона гардидаанд, анҷом дода шуд.
Дар охири баромад Асрорзода Убайдулло Саттор ба кори конфронс барор хоста, онро майдони муколамаи илмӣ ва пайванди илм бо амалия арзёбӣ кард.
Дар идома Наботзода Сиёвуш Холмурод, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саломзода Гулнора, муовини директори Институти илмию таҳқиқотии БМТ, Ҳасан Содидӣ, намояндаи ширкати гардишгарии Ҷумҳурии исломии Эрон, Моҳрӯ Маҳмудова, менеҷери лоиҳавии Маркази байналмилалии соҳибкории хусусӣ дар Тоҷикистон, Баҳром Шарифзода, д.и.и., профессори Институти илмию таҳқиқотии иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, Иброҳимзода И.Р., директори ИИТСС ДБССТ маърузаҳои пурмуҳтаво карданд.
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоид ба сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шавад.
Профессор Иброҳимзода И.Р. самтҳои афзалиятноки рушди устувори маҷмуии соҳибкориро дар роҳандозии таҳқиқотҳо ва таҳлилҳои илмии омӯзиши маҷмуии иқтидорҳои соҳибкорӣ дар кишвар; ташкил ва баргузор намудани мастер-классҳо барои соњибкорони навкор; ташкили мониторинг ва назорати фаъолияти соњибкорӣ, ҷиҳати риояи принсипҳои экологӣ бо мақсади нигоҳдошти ҳолати табиии ҳудудҳои коркардшаванд; таҳқиқу таҳлилҳои омилҳои боздорандаи соҳибкорӣ дар кишвар аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, муқаррар кардани меъёрҳо оид ба таъмини самаранокии фаъолияти соҳибкорӣ барои мақомотҳои танзимкунанда ва баланд бардоштани масъулият барои рушд додани он ва ба ҳамин монанд тадбирҳоро муҳим арзёбӣ кард.
Ҳамзамон ба таври маҷозӣ маърузаҳои Шевчук А.В., д.и.и. профессор, корманди Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия, Амир Арслонзода, директори генералии ширкати сайеҳӣ ва меҳмоннавозии “Ариан Парадис”, Зайтсева Н.А., профессори кафедраи менеҷменти сайёҳӣ ва меҳмондории Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи Г.В. Плеханов ва дигар муҳаққиқон баромад карда, масъалаҳои рушди устувори маҷмуии соҳибкориро дар мисоли кишварҳои худ баррасӣ намуда, барои истифодаи таҷрибаи пешқадам тавсияҳои илман асоснок карда шуд.
Дар ҷамъбаст аз натиҷаи конфронс резолютсия омода карда шуда, ба ташкилоту идораҳои дахлдор равон карда мешавад.

📅 Санаи нашр: 14.10.2025
⬅ Бозгашт ба хабарҳо

ХАБАРҲО:

📅 31.01.2026 📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 29.11.2025 📅 21.11.2025 📅 07.11.2025 📅 07.11.2025 📅 30.10.2025 📅 23.10.2025