МУАРРИФИИ ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “АНДОЗИ МАН”
Бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ дар якҷоягӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 20 октябри соли 2025 семинари илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз ва тартиби боргирӣ ва истифодабарии замимаи мобилии “Андози ман”” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони Раёсати андози шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Онро бо сухани ифтитоҳӣ директори ИИТСС ДБССТ Иброҳимзода И.Р. кушода, таъкид сохт, ки дар замони муосир бо талаботи ҳукумати электронӣ ва рушди воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ зарурати гузаштан ба ҳуҷҷатгузориҳо ба таври электронӣ пеш омадааст.
Сипас Зоирзода И.С., муовини ректор оид ба илм ва инноватсия баромад афзуд, ки баргузории ин қабил семинарҳо барои тақвияти маърифати андозсупории шунавандагон ва омӯзгорон судманд аст.
Дар идома Саъдулло Алимадов, сардори шуъбаи раёсати андоз дар шаҳри Душанб ва Шокиров Фарҳод, сармутахассиси раёсат баромад карда, дар бораи тартиби кори замимаи мобилии “Андози ман” маълумоти муфассал доданд.
Гуфта шуд, ки ҳуҷраи шахсии андозсупоранда - Ёрдамчии шахсии рақамӣ барои ҳалли масъалаҳои андозӣ, ба монанди маълумот дар бораи пардохти андозҳо, бақияи қарзи андозҳо, андозҳои барзиёд пардохтшуда, санади муқоисавӣ ва дигар хизматрасониҳо дар як барнома, маълумот дар бораи объектҳои молу мулки ғайриманқул, нақлиёт ва иҷора мебошад. Он барои қулаю осон кардани амалиётҳои андозӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Бо ҷорӣ шудани барномаи мобилии «Андози ман» пардохти андоз ва ҳамкорӣ бо мақомоти андоз дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза осонтар шудааст. «Андози ман» ҳисоби шахсии андозсупоранда дар шакли барномаи мобилӣ мебошад. Он ба корбарон дастрасии қулай ва зуд ба маълумоти муосири андозро фароҳам меорад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки амалиёти калидиро бидуни боздид аз идораи андоз шахсан анҷом диҳанд.
Ҳадафи аслии лоиҳа баланд бардоштани дастрасии хадамоти андоз, коҳиш додани сарбории маъмурӣ бар сари шаҳрвандон ва рушди хадамоти рақамӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Татбиқи он на танҳо ҳамкории байни андозсупорандагон ва мақомоти андозро беҳтар намуд, балки муҳимтар аз ҳама, пардохтҳои андозро барои шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ соддатар кард. Бояд тазаккур дод, ки Кумитаи андоз дар айни замон ягона муассисаи давлатии дорои барномаи мобилӣ мебошад.
Дар охир суолу ҷавоб сурат гирифт.