БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ 2-ЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Рӯзи 29 октябри соли 2025 бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ Форуми 2-юми байналмилалӣ дар мавзуи “Имкониятҳои сайёҳӣ ва рекреатсия ҳамчун омили рушди иқтисоди миллӣ” бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимону муҳаққиқон аз Федератсияи Россия ва Олмон, омӯзгорону донишҷӯён доир гардид.
Форумро бо сухани ифтитоҳӣ директори ИИТСС ДБССТ Иброхимзода И.Р. кушода, меҳмононро ба донишгоҳ хайра мақдам гуфт.
Сипас муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ҷабборов Ф.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд. Мавсуф қайд кард, ки мо ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар самти рушди сайёҳии дохилӣ ва ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардани хизматҳои сайёҳии кишвар намояндагони вазорату кумитаҳо ва муҳаққиқони дохилию хориҷиро даъват намудаем. Бобати омӯзиш ва ҳалли имкониятҳои сайёҳӣ ва рекреатсия ҳамчун омили рушди иқтисоди миллӣ дар замони муосир ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ, хусусан, бунёди инфрасохтори зарурӣ ҳамкориҳои байниҳамдигарӣ мақоми таъсирбахш доранд. Аз ин рӯ, ин форум барои табодули таҷриба ва омӯхтани имкониятҳои байниҳамдигарӣ хеле муҳим дониста мешавад.
Дар идома Аброрӣ Шукӯҳиддин Субҳиддинзод, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ баромад карда, баргузории Форуми байналмилалиро амри зарурӣ арзёбӣ кард ва таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста аз тачрибаи кишвархои пешрафтаи чахон дар сохаи сайёхи ёдовар шуда, иброз медоранд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлимии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Баргузории чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ имкон медиҳанд, ки бо ҷалби коршиносони ватанию хориҷӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва рекреатсия натиҷаю пешниҳодҳои илман асоснок карда мешаванд.
Сипас меҳмонон аз Олмон - Маркус Холз, ноиби президент оид ба тадқиқот ва устувории Донишгоҳи илмҳои амалии Анҳалт, Корнелия Скот, муовини декани факултети иқтисод, директори барномаи MBA дар соҳаи молияи корпоративии Донишгоҳи илмҳои амалии Анҳалт ва Никитина Татяна Викторовна, д.и.и., профессори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баромад карда, аз таҷрибаи давлатҳои худ дар пешбурди соҳаи сайёҳӣ маърузаҳои пурмуҳтаво карданд. Ҳамзамон, онҳо аз зебоии табиати Тоҷикистон ва меҳмоннавозии самимии тоҷикон таассуроти неки худро баён доштанд.
Муҳаббатов Х. д.и.г., профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар мавзуи “Дурнамои рушди илмҳои географӣ ва нақши он дар рушди сайёҳӣ”, Қурбонбекова У.Ҷ., директори ҶДММ “Ҷавоҳирсайр” дар мавзуи “Масъалаҳои рушди сайёҳӣ ва истифодаи имкониятҳои рекреатсионӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Каримов Т.Б., н.и.ф., дотсенти Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Россия дар мавзуи “Масъалаи омодакунии кадрҳои меҳмонхонаҳо” ва Умаров Х., д.и.и., профессор, ходими пешбари илмии Институти илмию тахкикотии сайёхи ва сохибкории ДБССТ дар мавзуи “Асосҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии рушди сайёҳии Тоҷикистон дар замони муосир” маърузаҳои пурмуҳтаво карданд.
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки муассисаҳои рекреатсионӣ, аз қабили осоишгоҳу фароғатгоҳҳо, муассисаҳои тансиҳатию варзишӣ (аз ҷумла куҳнавардӣ)-ро лозим аст, ки вобаста ба фаслҳои сол, шароити мушаххаси обу ҳаво фаъолияти худро ба роҳ монанд, то ин ки аз натиҷаи корашон мизоҷон розӣ шуда, боз ба ин маконҳои истироҳатӣ баргарданд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки захираҳои мавҷудаи сайёҳӣ ба истифодаи васеи шаҳрвандони ватанӣ пешниҳод карда шаванд, то барои қабули сазовори сайёҳони хориҷӣ аҳли ҷомеа омода гардида, фарҳанги меҳмондории сатҳи байналмилалиро аз худ кунанд.
Ҳамин тавр, форум доир ба масъалаҳои мубрами рушди сайёҳӣ ва рекреатсия пешниҳодҳои илман асоснок карда шуд.