ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ТАЪМИНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Таҳти чунин унвон 13 ноябри соли 2025 бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ» - и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар намояндагони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, устодону донишҷӯён ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали директори Муассиса Ҳабибуллозода Муҳриддин Ҳабибулло оғоз намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Ӯ таъкид дошт, ки таҷлили ин санаи муҳим рамзи эҳтиром ба заҳматҳо ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, шинохти қаҳрамонии роҳбари хирадмандонаи миллатро инъикос менамояд.
Дар ҷараёни семинар меҳмонон - Холиқзода Абдураҳим Ғаффор, доктори илми ҳуқуқ, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Маҳмудов Изатулло, номзади илми ҳуқуқ, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; ва Давлатзода Рамазонӣ, номзади илми фалсафа, сардори раёсати коргузорӣ ва назорати Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.
Мавзӯъҳои маърузаҳо ба масоили таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Иҷлосияи XVI, нақши сарнавиштсоз ва давлатсозонаи он, хидматҳои Пешвои миллат дар таъмини ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди устувори кишвар бахшида шуданд.
Дар қисмати музокира дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва табиию риёзии ИИҶМБ Сангинова Р. ва сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ Давлатзода Н. андешаҳои хешро оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими иттиҳоду ҳамбастагӣ баён доштанд.
Ҳангоми баромадҳо таъкид гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ на танҳо нуқтаи гардиши таърихӣ дар ҳаёти давлатдории тоҷикон буд, балки оғози марҳалаи нави эҳёи миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва рушди босуботи кишвар гардид.
Қайд шуд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат беназир буда, дар заминаи сиёсати хирадмандонаи ӯ Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, ваҳдатофар ва дорои манфиатҳои устувори миллӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст.