Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

ХАБАРҲО:

ХАБАР

Хабар

ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ КОРҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ ИНСТИТУТИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ КОРҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ ИНСТИТУТИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
27 ноябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»-и МД Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии ҳисоботи солонаи корҳои илмию таҳқиқотии кормандон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини ректор оид ба илм ва инноватсия муҳтарам Зоирзода И.С., сардори раёсати илм ва инноватсия муҳтарам Қудратов Н.А., аъзоёни Шӯрои илмӣ, мудирони шуъбаҳо ва кормандони институт ширкат варзиданд.
Иҷрокунандаи вазифаи директори Муассисаи давлатии «Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ» Ҳабибуллозода Муҳриддин Ҳабибулло дар баромади хеш фаъолияти солонаи кормандони институтро натиҷагирӣ намуда, доир ба корҳои илмию таҳқиқотӣ, дастовардҳо ва нишондиҳандаҳои рушди илм дар давоми сол маълумоти муфассалу асоснок пешниҳод намуд.
Дар ҷараёни ҷамъбаст ҳисоботи Институт дар музокира муовини ректор оид ба илм ва инноватсия муҳтарам Зоирзода И.С., инчунин муҳтарам Раҳмонзода А.А., доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хоҷаев П.Д., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Маъдиев С. ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ёров Ҷ.Н. баромад намуда, фаъолияти институтро дар ин самт қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки фаъолияти илмию таҳқиқотии Институт дар соли ҷорӣ ба таҳкими пойгоҳи илмӣ, омӯзиши самтҳои афзалиятноки рушди сайёҳию соҳибкорӣ ва таҳияи тавсияҳои амалии илмӣ мусоидат намуда, заминаи устувор барои марҳалаҳои минбаъдаи таҳқиқотӣ фароҳам овард.
Ҷаласа бо қадрдонии натиҷаҳои бадастомада ва муайян намудани вазифаҳои нав барои соли оянда ба анҷом расид.

📅 Санаи нашр: 29.11.2025
⬅ Бозгашт ба хабарҳо

ХАБАРҲО:

📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026