Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

ХАБАРҲО:

ХАБАР

Хабар

МАСОИЛИ РУШДИ САЙЁҲИИ КУҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Душанбе корнфронси байналмилалӣ баргузор гардид

МАСОИЛИ РУШДИ САЙЁҲИИ КУҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Душанбе корнфронси байналмилалӣ баргузор гардид
24 феврали соли ҷорӣ таҳти унвони "Масоили рушди сайёҳии куҳӣ дар Тоҷикистон" дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир шуда, дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, муҳаққиқон ва коршиносони соҳавӣ аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуданд.
Конфронсро директори Институти болозикр, н.и.и. Ҳошимзода Раъно Ҳошим бо ироъаи суханони ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ифтитоҳ намуда, зимни ироъаи суханони ректори донишгоҳ нақши сайёҳиро дар рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии иқтидори табииву фарҳангии кишвар муҳим арзёбӣ кард.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон бо доро будани захираҳои бойи табиӣ, бахусус минтақаҳои кӯҳӣ, имкониятҳои васеъ барои рушди сайёҳии куҳнавардӣ дорад.
Бо истифода аз фурсат, директори Институт Ҳошимзода Раъно Ҳошим ба шарикони байналмилалӣ, олимону коршиносон ва меҳмонони гиромӣ барои саҳмгузорӣ дар баргузории ин чорабинии муҳими илмӣ изҳори сипос намуд ва ба кори конфронс барору муваффақият таманно кард.
Сипас мудири шуъбаи таҳқиқоти сайёҳии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ, д.и.и. Ёров Ҷамшед оид ба самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳамгироии илм бо истеҳсолот суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки ҳамоиши илмӣ метавонад заминаи устувор барои таҳияи стратегияҳои муассири рушди сайёҳии куҳӣ гардад.
Дар идома муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холматиён Рустам баромад намуда, аз тадбирҳои давлатии дастгирии соҳа ёдовар шуд. Қайд гардид, ки дар доираи сиёсати давлатӣ инфрасохтори сайёҳӣ тадриҷан рушд ёфта, ҷалби сармоя ба минтақаҳои кӯҳӣ тақвият меёбад.
Ҳамчунин, намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуваҳобзода Сомон доир ба ҳамоҳангсозии сиёсати савдо ва хизматрасонӣ бо ниёзҳои бозори сайёҳӣ андешаронӣ намуданд.
Қисмати илмии конфронс бо маърӯзаи профессор Тунсян Зоу, муовини ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии "Роҳи абрешим" (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) оғоз гардид. Мавсуф дар мавзуи «Таҷрибаи Чин дар рушди сайёҳии зимистона» сухан гуфта, таҷрибаи муваффақи ҷалби сармоя, ташкили кластерҳои сайёҳӣ ва истифодаи технологияҳои муосирро шарҳ дод.
Профессор Ирина Бушуева, директори Мактаби олии сайёҳӣ ва меҳмондории ДДТХР (Российский государственный университет туризма и сервиса), дар мавзуи рушди лижаронии куҳӣ ҳамчун самти муҳими сайёҳӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ, маърӯза намуд. Ба гуфтаи ӯ, рушди инфрасохтори варзишӣ ва хизматрасониҳои ҳамгиро метавонанд ба афзоиши ҷараёни сайёҳон мусоидат кунанд.
Дар идома намояндаи Донишгоҳи АвроОсиёи шаҳри Боку (Евразийский университет) Ҳусейнова Имми Али қизи ба таври маҷозӣ дар бораи дурнамои рушди сайёҳии куҳӣ дар Озарбойҷон маърӯза кард. Ӯ таҷрибаи кишварашро дар истифодаи захираҳои кӯҳӣ ва ташкили хатсайрҳои нави туристӣ муаррифӣ намуд.
Профессор Умаров Хоҷамаҳмад, сарходими шуъбаи таҳқиқоти сайёҳии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ, ҷанбаҳои назариявии рушди сайёҳии куҳиро дар Тоҷикистон мавриди таҳлили муқоисавӣ қарор дод. Зикр гардид, ки барои рушди устувори соҳа зарурати такмили заминаи ҳуқуқӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос мавҷуд аст.
Ҳамчунин, Азат Сафарян аз Федератсияи Россия тариқи маҷозӣ, Муслима Амириддинова аз донишгоҳи “Роҳи абрешим” ва Зоҳидов С. аз Донишгоҳи Шимолу Ғарби Чин ба таври ҳузурӣ масъалаҳои муқоисавии рушди сайёҳии куҳӣ дар кишварҳои гуногун ва ҷанбаҳои байналмилалии экосайёҳиро баррасӣ карданд. Таъкид шуд, ки таъсиси минтақаҳои «сабз» ва татбиқи меъёрҳои экологӣ метавонад рақобатпазирии кишварҳоро дар бозори ҷаҳонӣ тақвият бахшад.
Дар анҷом миёни иштирокчиёни конфронс муҳокимаи озод сурат гирифта, пешниҳодҳо оид ба таҳияи барномаҳои муштарак, роҳандозии лоиҳаҳои илмӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ироа гардиданд ва таъкид шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои мубодилаи таҷриба, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва муайянсозии самтҳои нави рушди сайёҳии куҳӣ дар Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар маҷмӯъ, баргузории конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе, дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бори дигар аҳамияти рушди сайёҳии куҳӣ ва экосайёҳиро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар таъйид намуд. Зимни ҳамоиш миёни намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва шарикони хориҷӣ табодули таҷриба сурат гирифта, роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоя, истифодаи технологияҳои муосир ва татбиқи меъёрҳои экологӣ баррасӣ гардиданд.
Иштироки фаъоли олимону коршиносон ва намояндагони муассисаҳои бонуфуз, аз ҷумла Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои ватанию хориҷӣ, нишон дод, ки барои рушди устувори сайёҳии куҳӣ заминаи мусоиди илмӣ ва институтсионалӣ дар Тоҷикистон фароҳам мебошад.
Дар натиҷа таъкид гардид, ки таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, ташкили кластерҳои сайёҳӣ ва таъсиси минтақаҳои «сабз» метавонанд рақобатпазирии Тоҷикистонро дар бозори байналмилалии сайёҳӣ тақвият бахшанд. Конфронс ҳамчун платформаи муҳими илмӣ барои ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва муайянсозии дурнамои нави рушди сайёҳии куҳӣ ва экосайёҳӣ дар кишвар арзёбӣ гардид

📅 Санаи нашр: 12.05.2026
⬅ Бозгашт ба хабарҳо

ХАБАРҲО:

📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026