ҚАБУЛ БА ПОСТДОКТОРАНТУРА
Муассисаи давлатии “Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”-и МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон"озмуни қабул ба постдокторантураро барои соли таҳсили 2025-2026 аз рӯйи ихтисосҳои зерин дар шуъбаҳои рӯзона эълон менамояд:
№ Рамзи ихтисос Ихтисос
1 7D050700 (7D050702) Менеҷмент (Иқтисодиёти соҳаи сайёҳӣ)
2 7D050700 (7D050701) Менеҷмент (Менеҷмент)
3 7D051100 (7D051101) Маркетинг (Маркетинг)
4 7D051700 (7D051701) Менеҷменти инноватсионӣ
(Идоракунии инноватсияҳо ва
рақамикунонии равандҳои иҷтимоию-
иқтисодӣ)
5 7D052000 (7D052002) Бизнес-маъмуриятчигӣ (Иқтисодиёти
соҳибкорӣ)
6 7D050600 (7D050612) Иқтисодиёт (Савдо, хизматрасониҳои
маишӣ ва тиҷоратӣ)
7 7D050600 (7D050601) Иқтисодиёт (Назарияи умумии
иқтисодӣ (иқтисоди сиёсӣ)
8 7D050600 (7D050605) Иқтисодиёт (Методҳои математикӣ ва
афзорӣ (инструменталӣ) дар иқтисодиёт
9 7D050800 (7D050801) Баҳисобгирӣ ва аудит (Баҳисобгирии
муҳосибӣ ва аудит)
10 7D050900 (7D050901) Молия (Молия, муомилоти пулӣ ва
қарз)
11 7D051300 (7D051301) Иқтисодиёти ҷаҳонӣ (Иқтисодиёти
ҷаҳонӣ)
12 7D051000 (7D051003) Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ
(Амнияти иқтисодӣ)
13 7D051200 (7D051201) Омор (Омор)
ҚОИДАҲОИ ҚАБУЛ БА ПОСТДОКТОРАНТУРА ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “ИНСТИТУТИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРӢ”-И МД “ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН"
Постдокторантура шакли тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ барои ба таври амиқ азхудкунии донишҳои назариявӣ ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ аз ҷониби докторҳои фалсафа (PhD) - докторҳо аз рӯи ихтисос ва таҳияи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат мебошад. Постдокторантура бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи илмии муҳаққиқон ва рушди лоиҳаҳои илмие пешбинӣ мегардад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд. Постдокторантура ба муҳлати то 3 сол дар шакли таҳсили рӯзона дар асоси буҷетӣ ва шартномавӣ (пулакӣ), тибқи теъдоди ҷойҳое, ки дар нақшаи қабул пешбинӣ гардидаанд, дар муассисаҳое таъсис дода мешавад, ки барои омода намудани докторантҳо аз рӯи ихтисос ва постдокторантҳо иҷозатномаи дахлдор доранд.
Ба постдокторантура дар шакли таҳсили рӯзона довталабоне қабул карда мешаванд:
- дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос доранд ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фаъолият мекунанд;
- корҳои илмӣ, шаҳодатномаҳои муаллифии барои илм ва амал хусусияти пешқадамдошта, амалисозии арзишманд (аз натиҷаҳои рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯи ихтисос бояд баландтар бошанд) доранд, ки дар давоми на камтар аз се сол баъд аз ҳимояи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос амалӣ карда шудаанд;
- дастнависҳо, корҳои илмӣ ва шаҳодатномаҳои муаллифие доранд, ки аз се ду ҳиссаи рисолаи илмии барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат зарурро ташкил медиҳанд.
Қабул ба постдокторантура бо тавсияи кафедра (шуъба, озмоишгоҳ (лаборатория), гурӯҳи эҷодӣ ва шӯрои илмии (техникии) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки дар он рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат коркард мешавад, инчунин дар асоси рӯйхати пешниҳодгардидаи корҳои нашршуда дар нашрияҳои тахассусӣ ва натиҷаҳои суҳбат дар комиссияи интихобию озмунӣ барои қабул ба постдокторантура, ки бо фармоиши ректорони (директорони) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ташкил мегардад, сурат мегирад.
Қабул ба постдокторантура аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар асоси қарори шӯрои илмӣ (техникӣ) дар шакли фармоиши ректорони (директорони) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба роҳ монда мешавад.
Шахсе, ки ба постдокторантура қабул карда мешавад, мақоми постдокторантро ба даст меорад, ки ба мақоми докторанти анъанавӣ баробар ҳисобида мешавад.
Шахсе, ки ба постдокторантура аз ҳисоби буҷети давлатӣ қабул шудааст, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат бо нигоҳ доштани ҷойи кори қаблиаш дар давоми тамоми муҳлати таҳсил дар постдокторантура аз кор озод карда мешавад.
Талабот ба таҳсил дар постдокторантура, инчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде тааллуқ дорад, ки постдокторантураро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома ё созишномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои салоҳиятдори дигар кишварҳо мегузаранд.
Қабул ба постдокторантураи мақсаднок дар асоси озмуни кушода амалӣ карда шуда, ба он шахсоне роҳ дода мешаванд, ки онҳоро муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣтаҳқиқотӣ тибқи нақшаи қабул, шартномаҳо байни унвонҷӯён ва муассисаҳо, байни муассисаҳои дахлдор ва созишномаҳои байнидавлатӣ оид ба таҳсил дар постдокторантура дар хориҷи кишвар ё таҳсил дар постдокторантура аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия додаанд.
НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БАРОИ ДОХИЛШАВӢ БА ПОСТДОКТОРАНТУРА ПЕШНИҲОД МЕШАВАНД:
– ариза ба номи директори Муассисаи давлатии “Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ” (ихтисос ва рақами телефон нишон дода шавад);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи нотариалӣ тасдиккардашудаи дипломхои тахсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои онҳо (дипломи бакалавр, магистр ва доктори фалсафа (PhD) - доктор аз руйи ихтисос);
- варакаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);
- тавсияи кафедра (шуъба, озмоишгоҳ (лаборатория), гуруҳи эҷодӣ), ки бо муҳри муассиса тасдиқ гардидааст;
- тавсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ, ки бо муҳри муассиса тасдиқ гардидааст (барои қабул ба постдокторантураи мақсаднок);
- руйхати нашри мақолаҳои илмӣ ва таълимӣ-методӣ;
- нусхаи дастнависҳо, корҳои илмӣ ва шаҳодатномаҳои муаллифӣ оид ба мавзуи таҳқиқотии илмии довталаб;
- асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии ба нақшагирифташуда дар мувофиқа бо мушовири илмӣ;
– маълумотномаи ҷойи истиқомат;
– маълумотномаи тиббии шакли 086-У;
- 6 адад расми андозаи 3x4.
Озмун барои қабул ба постдокторантура аз 1 июл то 25 сентябр дар Муассисаи давлатии “Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”-и “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" аз тарафи комиссияи интихобию озмунӣ гузаронида мешавад. Давраи таҳсил дар постдокторантура аз 1-уми октябр оғоз карда мешавад.
Барои маълумоти муфассал тамос гиред: Тел.: 935282862
|
📅 09.02.2026
БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА МУАММОҲОИ РУШДИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ДАР РАВАНДИ ҲАМОИШИ ИЛМӢХондан |