Республика Таджикистан

734055, г. Душанбе, п. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

СТАТЬЯ:
icon

СТАТЬЯ

Мақола

СУДОМОМЕНТНЫЙ ВИЗИТ ВЕЛИКОГО ЛИДЕРА НАЦИИ

Сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар китоби дўстии халқҳои тоҷику қирғиз саҳифаҳои тозаи таърихӣ ва пурмуҳтаво боз намуд. Дар ҷараёни ин сафари дўстона роҳбарияти олии ҳарду давлат масъалаҳои ҳаётан муҳими байни ду кишвари ҳамсояро баррасӣ намуданд.
Дар шаҳри Бишкек байни ду давлат 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки онҳо барои ҳарду мамлакат аҳамияти калон доранд.
13 март аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд. Хуҷҷати мазкур тантанаи дипломатия доир ба ҳаллу фасли масъалаҳои сарҳадӣ ва таъмини суботи минтақа ба ҳисоб меравад.
Созишномаҳо миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ, инчунин сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард ба имзо расиданд.
Бо мақсади тавсиаи тиҷорати муштарак миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Марказ оид ба рушд ва пешбурди содирот “Қирғиз содирот”-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистонёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ҳуҷҷати мазкур имконият медиҳад, ки ҳаҷми муомилоти молу хизматрасониҳо нисбати солҳои пештара хеле зиёд гардад.
Ёддошти тафоҳуми дигаре, ки ба имзо расид, фарогири масоили ҳамкориҳо миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарии назди Девони вазирони Қирғизистон мебошад.
Як қисмати масъалаҳои мубрам ба иҷрои расмиёти гумруки марбутанд. Дар ин бора миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти миёни ҳарду кишвар имзо гардид;
Мавриди қайд аст, ки дар минтақаҳои ҳамсарҳад низ робитаҳои дўстона барқарор мегарданд. Тибқи ёддошти тафоҳум Барномаи ҳамкорӣ миёни ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Чон-Алайи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2025-2027 заминаи ҳуқуқӣ пайдо намуданд. Барномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва фарҳангу гуманитарӣ барои солҳои 2025-2030 шарикии дарозмуддатро пешбинӣ менамояд.
Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамкориҳои гуногунсамтаро дар бар мегирад ва кушодани роҳи ҳавоӣ ба пойтахтҳои ду кишвар татбиқи вазифаҳои гузошташуда гувоҳӣ медиҳанд.
Ҳамин тариқ, дар байни кумитаҳои ҷавонон, варзиш, кумитаҳои меъморию сохтмон, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, вазоратҳои молия, кишварзӣ ҳуҷҷатҳои расмӣ имзо гардиданд.
Рўзи 14 марти соли равон як гурўх намояндагони ташкилоту идораҳои Тоҷикистон, рўзноманигорону блогерон, устодони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, олимони Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ тавассути тайёраи ширкати «Сомон-Эйр ба шаҳри Бишкек сафар карданд ва онҳоро бародарони қирғиз хуб пазироӣ намуданд. Сафари мазкур ҳамчун рўзи оғози масири доимии ҳавоӣ байни Душанбею Бишкек дар таърихи нави кишварҳои ҳамсоя сабт гардид.
Имзои шартномаҳои дуҷониба барои таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягии мардуми ҳарду кишвар ва вусъати хамокориҳои самарабахш мусоидат менамоянд.
Ғафур Расулов,
н.и.и., ходими калони илмии Институти
илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ

📅 Дата выпуска: 15.03.2025
⬅ Вернуться к Статьи
icon

СТАТЬЯ


📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 29.11.2025 📅 21.11.2025 📅 21.11.2025 📅 21.11.2025