Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

МАТБУОТ ОЙИНАИ ТАМОМНАМОСТ

Воқеан дар ҷомеаи мо матбуот мақоми хоса дошта, набзи замонро муайян мекунад ва як рукни муҳими он маҳсуб мегардад. Масъалаҳои доѓи рӯз аз мадди назари матбуот ҳеҷ гоҳ дур намемонад ва имрӯзҳо ба қадри тавон матбуот мушкилоти мардумро инъикос мекунад. Матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир доранд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 100-солагии матбуоти тоҷик таъкид доштанд: «Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо, хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳои ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд».
Имрӯзҳо дар Тоҷикистон беш аз 450 рӯзномаву маҷалла нашр шуда, 44 шабакаи радиотелевизионӣамал мекунад, ки фазои иттилоотии кишварро пур карда, дар инъикоси равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ҳиссаи хешро мегузоранд. Маҳз мавҷудияти воситаҳои ахбори омма имкон медиҳад, ки ҷомеа ба ахбори саҳеҳу дақиқ дастрасӣ пайдо намояд.
Дар замони кунунии ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо васоити ахбори омма дар ҷомеа мавқеи хоса дошта, манбаи муҳими таъсиргузори иттилоотӣ дониста шудааст. Дар ҷое сиёсатмадори ҳинд Маҳатма Ганди гуфтааст, ки рӯзнома – ќувваи бузург аст, аммо мисли селобе, ки ҳеҷ чиз пеши роҳашро гирифта наметавонад ва соҳилҳоро пур карда, киштзорҳоро нобуд мекунад, ҳамин гуна ќалами аз назорат берунмондаи журналист низ танҳо барои вайронкорӣ хизмат мекунад. Агар назорат аз берун бошад, вай бештар аз он ки назорат вуҷуд надошта бошад, вайронкортар мешавад. Назорат танҳо дар он сурат муфид аст, ки агар он аз ботин амалӣкарда шавад. Аз ин рӯ, навиштаи рӯзноманигор ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муассир расонида, ба рушду густариши сатҳи маърифатнокӣ, огоҳӣ, раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба мафкураи инсон, муаррифӣ ва монанди инҳо мусоидат менамояд. Боз яке аз ќувваҳои бузурги таъсиррасонӣ ин танќид буда, он баҳри ислоҳи камбудӣ ва ба хотири пешрафту созандагӣ рӯи чоп меояд, ки бешак, ба раванди пешравиҳои ҷомеа такон мебахшад. Бинобар ин, ҳар маводи танқидие, ки ба хотири пешрафт ва созандагӣ дар матбуот чоп мегардад, бешак, ба раванди пешравиҳои ҷомеа мусоидат мекунад.
Матбуот ойинаи тамомнамост. Бояд гуфт, ки дар паси сатрҳои равону хоно, саҳифаҳои рангину хонданӣ хонанда заҳмати эҷод ва такрор ба такрор хондани ҳар як калимаро эҳсос намекунад. Бале, чунин сангин аст эҷодкориву воќеънигорӣ. Тавре бузурге мефармояд, «Муҳимтарин дастоварди журналист эътимоди хонанда, шунаванда ва бинанда буда, беҳтарин роҳи нигоҳ доштани он саҳеҳияти баён аст».
Аз ин рӯ, ба рӯзноманигорони тоҷик бо ҷуръат, масъулият, ҳақиқатнигорӣ ва қалами созанда танҳо барои рушди кишвари маҳбуб хизмат намуданро таманно дорам, то ин ки хонанда дошта бошанд ва ба онҳо эътимод кунанд.
Машҳура Абдуллоева, н.и.ф., котиби илмии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ

📅 Санаи нашр: 13.03.2025
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо