Бо азму иродаи устувор оғоз бахшидани таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 13 марти соли 2025, дар ҳақиқат, рӯйдоди хело муҳим ва ояндасози муносибатҳои минбаъдаи байни ин ду кишвар мебошад. Чунин азм ба расму ойинҳои таърихан қадим асос ёфта, бо арзишҳои муҳими миллию фарҳангӣ асос меёбад. Ҳамин аст, ки чун анъана бо таври замонавӣ нуқтаи баланди якдигарфаҳмии сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатрам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров имконияти таърихиеро ба амал оварданд, ки ҳудуди хатти марзӣ мушаххас карда шавад. Аҳамияти таърихии ин якдигарфаҳмии сатҳи баланд обрую нуфузи на ин ки ҳар як кишварро дар алоҳидагӣ, балки дар маҷмуъ мақоми Тоҷикистон ва Қирғизистонро ҳамчун давлатҳои бофарҳанг ва намуна дар шароити пуртазоди умумҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи таъмини рушди устувор ифода менамояд. Ҳамаи ин дар ниҳояти кор сокинони марзии ҳарду кишварро орому осуда ба самти созандагию ободии кишвар ва устувории ҳамкориҳои минбаъда равона месозад. Масалан дар робита ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба эътидол овардани ҳолати марзи давлатӣ шарти муҳимми ҳалли муаммоҳои замони муосир баромад мекунад. Дар заминаи чунин иқдоми таҳаммулгароёна ва сулҳҷӯёна сокинон мушкили дастрасии худашонро ба захираҳои табиӣ, истифодаи обу замин аз ҳисоби ҳудудҳои баҳсбарангез ба куллӣ аз байн бурда, барои ҳалли муаммоҳои дохилӣ ва берунии вобаста ба иқтидорҳои моддию маънавии ҷойдошта барои таъмини бехатарии рушди минбаъда якҷоя ва дар фазои дӯстӣ сафарбарӣ менамоянд.
Ходими калони илмии
Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ
ва соҳибкории ДБССТ н.и.и.,дотсент Маъдиев С.
|
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 29.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
|