Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

ДУШАНБЕ - МАРКАЗИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН

ДУШАНБЕ - МАРКАЗИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН
Имрӯз пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии Тоҷикистон ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикон бо дастгириву ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомоту ташаббусҳои Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Рустами Эмомалї ва заҳматҳои созандаву иқдомоти ватандӯстонаи сокинони он хеле зебову замонавӣ шуда истодааст.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Душанбе пойтахти Тоҷикистон буда, оинаи фарҳанг ва тамаддуни ҳар шаҳрванди ин сарзамин ба ҳисоб меравад. Аҳамияти таърихӣ ва бостонии шаҳр зимни Конфронси ҷумҳуриявӣ зери унвони "Душанбе – шаҳри бостонии ориёӣ дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим" баррасӣ гардид. Душанбе баъди истиқлолият дарвозаҳои фарҳанг, сиёсат ва иқтисодиашро бо донишмандон ва фарҳангшиносон ба рӯи ҷаҳон боз кард. Имрӯзҳо ин шаҳр дар радифи даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона дар ҷаҳон эътироф гардид.
Мавриди зикр аст, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик бо оинҳои ќадимаи шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва бунёди марказҳои бузурги илмиву фарҳангӣ шуҳрати оламгир ёфтааст. Аз ин лињоз ҳоло шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва маркази илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик боиси ифтихори хурду бузурги мамлакат гардидааст.
Хонаҳои серошёна, қасру толорҳои барҳаво, театр, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ҳамон солҳо сохта шудаанд. Илова бар ин, шаҳри Душанбе маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад. Дар канори ин шаҳри зебоманзар намояндагони миллатҳои мухталиф дӯстона зиндагӣ доранд. Онҳо аллакай ба расму русуми тоҷикон мутобиқ гашта, дар чорабиниҳои миллӣ, мисли Наврӯз, Сада, Ҷуфтбаророн, Иди Қурбон фаъолона иштирок менамоянд. Душанбе маҳз бо заҳмату талош ва ҷонбозиҳои тоҷикон ва дигар миллатҳои бародар мақоми шоиста касб карда, ба ҷаҳониён чун шаҳри дилоро муаррифӣ гаштааст.
Шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер – Душанбе бародаршаҳрҳо , Ташкилоти ҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ, узви Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ мебошад. Ҳамчунин, Душанбе бо якчанд шаҳрҳои дунё бародаршаҳр аст, ки тавассути он Осиёи Миёнаро бо Осиёи Ҷанубӣ дар чаҳорчӯбаи ҷодаи бузурги Шоҳроҳи бузурги "Абрешим" пайванд намуда, дӯстиву ҳамдилӣ, тиҷорату саёҳат ва сулҳу суботро таҳким мебахшад.
Ҳамзамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадњои худ таъкид мекунанд, агар мо ватани худро дӯст дорем, дар навбати аввал бояд пойтахти онро ободу зебо гардонем, барои рушди он аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода барем. Ҷолиби қайд аст, имрӯзҳо барои дар сатҳи баланди ташкиливу омодагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузургу мубораки умумимиллиамон 35 - солагии истиқлолияти давлатӣ дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Душанбе корҳои ободониву созандагӣ вусъати бештар пайдо карда, ҷараёни корҳо дар иншооти ҷашнӣ бомаром идома доранд.
Шаҳри Душанбе бо 21 шаҳри давлатҳои қитъаҳои Осиё, Аврупо, Америка ва Африқо дар асоси созишнома ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ робитаҳои бародаршаҳрӣ истиқрор намуда, дорои макону ёдгориҳои зиёдест, ки пайваста сайёҳон аз ин ҷо дидан менамоянд
Боиси ифтихор аст, ки оинаи миллатнамои тоҷик шаҳри Душанбе 101 - умин сол аст, ки пойтахти давлатдории навини тоҷикон мебошаду таҳти сарварии сардафтари даврони нав Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми пешравию дастовардҳои давлату миллати тоҷикон аз ин гаҳвораи тамаддун сарчашма мегирад.
Хулоса, Душанбе маркази тоҷикони ҷаҳон ба ҳисоб рафта, мизбони чандин конфронсҳои дохиливу байналмилалӣ аст, ки пайваста ҷаҳониёнро бо шиорҳои «Душанбе шаҳри сулҳу ваҳдат», «Душанбе маркази тамаддуни фарҳангӣ» ба дӯстиву бародарӣ ва дипломатияи фарҳангӣ даъват менамояд.
Хоҷаев Парвиз Давронович - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири шуъбаи Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ

📅 Санаи нашр: 28.04.2025
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо