Рӯзи Ғалаба ҳамчун - иди Ғалабаи бузурги халқи собиқ ИҶШС бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 санаи 9-уми май муқаррар гаштааст. Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои аъзои ИДМ ва баъзе мамлакатҳои Аврупо ботантана ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманди мо ба ҳисоб меравад. Дар таърихи башарият санаҳои таърихие ҳастанд, ки бо гузашти вақти тулонӣ аҳамият ва муҳимияти онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дошта, барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ мақоми арзишнок аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро ҳамеша пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирии бевосита қарор додааст.
Имсол ба ин Ғалабаи бузург 80-сол пур мегардад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда, барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм саҳми бузурги хешро гузоштаанд. Аз ҷумла, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷанговарони Тоҷикистон 296 ҳазор нафар иштирок намуда, аз онҳо 92 ҳазор ҳалок шуда, боқимонда 204 нафар зинда монда аз байни ин 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардида, 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди давраи Иттиҳоди Шӯравӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд.
Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад, беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 26 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттифоқи Шӯравӣ несту нобуд карда шуданд.
Зиёда аз 5 миллион одамон бе сарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гардида, 63 миллион сар ҳайвоноти калону хурди шохдор аз ҷониби фашистон таллаву тороҷ карда шуд. Танҳо барои фиристодани маҳсулоти хоҷагии халқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фашистон 1,4 миллион қатораро истифода бурданд. Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд.
Маврид ба зикр аст, ки ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кӯча, майдон ва боғи Ғалаба дар Душанбе номгузорӣ шудааст. Дар остонаи ҷашн ҳафтаи «Поси хотир» дидорҳо бо куҳансарбозони ҷанг баргузор мешуданд, ки барои тарбияи насли наврас нигаронида шуда буданд.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.
Ёди неки ин мардони шуҷоъ дар хотираҳои ҳар як хурду калони Тоҷикистон абадӣ аст. Ҷоннисориҳои ин далерон намунаи ватандӯстӣ ва қудрати мардонагӣ барои ҷавонмардон аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.
Бо ҳамин таманниётҳои нек ба фардои дурахшони Тољикистони азизу маҳбубамон Иди Ғалабаро ба кулли ҳамватанон табрику таҳният гуфта, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пеш аз ҳама саломатӣ, иқболи нек, умри бардавом ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон хонаи обод ва фазои орому осуда таманно дорем.
Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, Директори Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон,
Хоҷаев Парвиз Давронович - доктори илмҳои иқтисодӣ,профессор, мудири шуъбаи таҳқиқотҳои соҳибкории Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
|
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 29.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
|