Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

ҶАВОНОН – НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ

Ҷавонон дар тамоми давраҳои таърих ҳамчун қувваи асосии таҳаввулоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ шинохта шудаанд. Дар шароити муосир нақши ҷавонон дар рушди устувори кишвар бештар аҳамият пайдо мекунад ва ҷавонон неруи бузурги бунёдгар ва муҳаррики асосии рушди ҷомеа ба шумор мераванд. Ҳар миллате, ки ба неруи ҷавонон эътимод ва сармоягузорӣ мекунад, дар ҳақиқат барои фардои худ заминаи мустаҳками пешрафтро мегузорад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд:
«Ҷавонон бояд неруи пешбарандаи ҷомеа ва давлат бошанд. Мо ба онҳо ҳамчун ояндасозони Ватан, ворисони арзишҳои миллӣ ва давлатдории миллӣ эътимоди комил дорем».
Бо дарназардошти аҳамияти ин қишри ҷомеа, сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории миллӣ ташаккул ёфтааст.
Ҷомеае, ки ҷавононро неруи асосӣ, дороии миллӣ ва кафили пешрафти ояндаи худ меҳисобад, бешубҳа, ба сӯи тараққиёт ва гулгулшукуфоӣ равона аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари ҷавон ва дорои аҳолии ҷавон, ҷавононро дар маркази сиёсати худ қарор додааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд таъкид намудаанд, ки:
«Ҷавонон на танҳо ояндаи давлат, балки ҳозираи онро низ месозанд. Аз ин рӯ, мо бояд барои ҳар як ҷавон шароити мусоиди таҳсил, кору зиндагии шоиста фароҳам оварем».
Имрӯз ҷавонон қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва беш аз 70% аҳолии кишвар аҳолии синни ҷавон мебошад. Ин омор шаҳодати он аст, ки мо миллати ҷавон ҳастем ва ҷавононро бояд ҳамчун сармояи арзишманд барои пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ истифода барем. Дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
«Ҷавонони Тоҷикистон бояд донишу маърифат, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури миллиро бо донишҳои муосир, аз ҷумла технологияи рақамӣ ва забономӯзӣ пайваст намуда, ба рушди кишвар саҳми арзанда гузоранд».
Ҷавонон нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа, такягоҳи устувори давлат ва кафили рушди устувор мебошанд. Бинобар ин, кишварҳое, ки ба рушди ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд, дар арсаи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ба дастовардҳои муҳим ноил мешаванд. Сиёсати давлатии ҷавонон маҷмӯи тадбирҳои мушаххас ва мақсадноки ҳукумат аст, ки барои таъмини рушду таълиму тарбия, таҳкими мавқеи ҷавонон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар нигаронида шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», ки соли 1992 қабул гардид, яке аз аввалин санадҳои ҳуқуқиест, ки мақоми ҷавононро дар ҷомеаи навини тоҷикон танзим намуда, заминаи мустаҳкам барои дигар барномаҳо ва стратегияҳои давлатии ҷавонон фароҳам овард.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар самти рушди ҷавонон барномаҳо ва санадҳои муҳимро қабул ва амалӣ менамоянд, аз ҷумла: Барномаи давлатии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027 – ҳадафаш баланд бардоштани сатҳи маърифат, дониш, худшиносӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон мебошад; Барномаи миллии рушди соҳибкории ҷавонон (2020–2024) – барои ташаккули табақаи соҳибкори ҷавон; Барномаи миллии рушди тарбияи ватандӯстии ҷавонон – барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва худшиносии насли нав; Стипендияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон – барои донишҷӯёни лаёқатманд; Барномаи рушди варзиш миёни ҷавонон, ки боиси болоравии иштироки ҷавонон дар мусобиқаҳои миллӣ ва байналмилалӣ гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҷавонон ҳамчун «ояндаи давлат» менигаранд, пайваста дар паёму суханрониҳо аҳамияти рушди маънавӣ, зеҳнӣ ва иқтисодии ҷавононро таъкид менамоянд:
«Ҷавонон бояд соҳиби илму дониш, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳӣ бошанд. Ояндаи Тоҷикистон маҳз ба ҷавонони боғайрат, соҳибмаърифат ва худшинос вобаста аст».
Бо ташаббуси Пешвои миллат ҳамасола Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон, озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Сайри гули лола» барои ташвиқи истеъдод ва тарбияи зебоипарастӣ баргузор мешаванд. Инчунин шумораи марказҳои ҷавонон, марказҳои омӯзишии касбу ҳунар, варзишгоҳҳо ва боғҳои фарҳангӣ дар саросари кишвар афзоиш меёбанд.
Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дар идораҳои давлатӣ, парлумон, ҳукумати маҳаллӣ, артиш, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурустӣ ва бахши хусусӣ фаъолона саҳм мегиранд. Ҳукумат барои ташкили Шӯрои машваратии ҷавонон, Маркази волонтёрӣ, Лигаи ҷавонони сиёсатмадор ва барномаҳои табодули донишҷӯён шароити зарурӣ фароҳам овардааст.
Ҷавонон ҳамчун ояндасозони давлат ва миллат бояд дар ҳама равандҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаъолона иштирок намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва иштироки фаъолонаи ҷавононро дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ яке аз ҳадафҳои стратегии худ қарор дода, барои он заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодӣ фароҳам овардааст.
Дар ин замина, чораҳои зерин аз қабили Ҷалби ҷавонон ба мақомотҳои давлатӣ, Фаъолияти Шӯрои миллии ҷавонон, Форуми ҷавонони Тоҷикистон, Шомил гардидани ҷавонон дар ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ андешида шуда, оршумораи ҷавонон дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ ва порлумон афзудааст.
Ҷавонон дар Тоҷикистон бо ташаббусҳои иҷтимоӣ, волонтёрӣ ва хайриявӣ саҳми назаррас мегузоранд, дар ин замина фаъояти Созмонҳои волонтёрии ҷавонон, аз қабили «Волонтёрони Пешвои миллат» дар тадбирҳои муҳими миллӣ, кӯмак ба муҳтоҷон ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ширкат меварзанд, дар гузаронидани аксияҳои миллӣ ва байналмилалӣ, аз қабили «Тозагии муҳити зист», «Хунбахшӣ», «Ҳамкорӣ бо пиронсолон», ки бо иштироки фаъолонаи ҷавонон амалӣ мешаванд, инчунин дар барномаҳои тарбияи ахлоқи шаҳрвандии ҷавонон, ки дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ (СММ, ЮНИСЕФ, OSCE) гузаронида мешаванд андешида шудаанд.
Ин ҳама ташаббусҳо барои он роҳандозӣ шудаанд, ки ҷавонон на танҳо маълумоти муосир гиранд, балки барои амалӣ кардани ормонҳои худ – дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ – замина пайдо кунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ зикр намудаанд, ки: «Ҷавонон бояд дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, идоракунии давлат ва таҳкими сохторҳои демократӣ саҳмгузор бошанд».
Бо ташаббуси бевоситаи пешвои миллат Лоиҳаи «Ҷавонон — ояндаи кишвар» роҳандозӣ шудааст, ки барои рушди малакаҳои роҳбарӣ ва сиёсии ҷавонон нигаронида шудааст. Дар ин замина Квотапрезиденти барои ҷавонон дар мақомотҳои давлатӣ муайян гардидааст ва тибқи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон, ки дар он ба дастгирии ширкатҳои ҷавон ва ташаббусҳои инноватсионӣ афзалият дода мешавад.
Ширкати ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ на танҳо далели эътимоди давлат ба ин қишри ҷомеа, балки иқдоми зарурии таъмини рушди устувори миллӣ мебошад. Бо чунин сиёсат ва дастгирии ҳамаҷонибаи давлат, ҷавонони Тоҷикистон ба ҳайси як нерӯи созанда, бофурсат ва масъулиятшинос дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа фаъолона ширкат меварзанд.
Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумат ва Пешвои миллат маҳсуб ёфта, ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошад. Имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамчун нерӯи созанда, ватандӯст, худогоҳ ва соҳибкасб, дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи сулҳу субот ва ободонии Ватан саҳми назаррас доранд. Дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин мефармоянд: «Ҷавонон бояд созанда бошанд, на вайронгар; бохирад бошанд, на беандеша; ватандӯст бошанд, на бегонапараст».
Ҷавонон ҳамчун қисми фаъоли ҷомеа дар таъмини амнияти миллӣ нақши муассир ва калидӣ мебозанд. Амнияти миллӣ на танҳо маънои ҳифзи сарҳад ва истиқлолияти давлатӣ, балки таъмини суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, амнияти иттилоотӣ ва муқовимат ба хатарҳои замони муосирро дар бар мегирад. Дар ин раванд, ҷавонон бояд дорои ҷаҳонбинии солим, худшиносии миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ бошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати давлатии ҷавонон ва тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои зиддитеррористӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, саҳми ин табақаро дар таъмини амният таҳким мебахшад. Ба ин васила, насли ҷавон ҳамчун сипари боэътимоди давлат дар муқобили таҳдидҳои муосир амал мекунад.
Дар ин маврид Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид медоранд, ки: «Ҳар як ҷавон бояд ҳушёру зирак бошад, барои ҳифзи Ватан, истиқлолият ва арзишҳои миллӣ омода бошад».
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон бояд дар сафи пеши ҳимояи арзишҳои давлатӣ, истиқлолият ва амният бошанд:
«Ҷавонон бояд муқаддасоти миллӣ, забон, фарҳанг, таърих ва тамаддуни худро гиромӣ доранд, ба ҳар гуна таблиғоти носолим дода нашаванд ва дар таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми арзанда гузоранд».
Бинобар ин, давлат бо воситаи муассисаҳои таълимӣ, ВАО, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷавонони фаъол сиёсати муқовимат ба таҳдидҳои идеологӣ ва шабакаҳои иҷтимоии хатарнокро ба роҳ мондааст ва дар сиёсати пойдори таъмини амнияти миллӣ, ҷавонон на танҳо ҳамчун ҳимоятгар, балки ҳамчун ташаббускори субот ва оромии ҷомеа фаъолона саҳм мегузоранд.
Ҷавонон дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ҳамчун неруи фаъоли истеҳсолӣ ва манбаи ташаббусҳои иқтисодиву технологӣ баромад мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса ба рушди иқтидори иқтисодии ҷавонон ва рушди соҳибкории инноватсионӣ равона гардидааст, зеро иштироки фаъолонаи ин қишри аҳолӣ метавонад ба рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намояд.
Давлат бо қабули Барномаи давлатии рушди соҳибкории ҷавонон ва Стратегияи миллии рушди илм ва технология, барои ҷавонон муҳити мусоиди ташкили тиҷорат, стартапҳо ва корхонаҳои инноватсионӣ фароҳам овардааст. Марказҳои инкубатсионӣ, технопаркҳо ва грантҳои президентӣ барои дастгирии лоиҳаҳои инноватсионии ҷавонон таъсис дода шудаанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид менамоянд, ки: «Мо бояд ҷавононро ба роҳи илму техника, соҳибкории муосир ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ ҳидоят намоем».
Дар ҳамин замина, ҷавонони боистеъдоди тоҷик дар бахшҳои технологияи рақамӣ, агросаноат, энергетика ва тиҷорати электронӣ иқдомоти муҳимро роҳандозӣ карда, ба рушди иқтисоди миллӣ ва тақвияти мустақилияти иқтисодӣ мусоидат мекунанд.
Бо мақсади дастгирии ҷавонон дар бахши соҳибкорӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки: «Давлату Ҳукумат барои дастгирии ҷавонони ташаббускор, соҳибистеъдод ва соҳибҳунар тамоми имкониятҳоро истифода мебарад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд бо дониши муосир ва ташаббусҳои нав ба рушди Ватан саҳм гузоранд».
Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои таҳкими худшиносиву ифтихори миллии ҷавонон шароити мусоиду заминаи мустаҳкам фароҳам овардаанд. Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки: «Ҷавонон бояд посдори асолати миллӣ, таърихи бою пурғановат ва фарҳанги волои халқ бошанд».
Имрӯз, тавассути муассисаҳои таълимӣ, чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ, маърифати миллӣ ва рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон тақвият меёбад. Баробари ин, нақши ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои таълимии ҳадафнок дар тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ миёни ҷавонон хеле муассир мебошад.
Пойдории ҳар як миллат ба худшиносӣ ва ифтихор аз фарҳанг, забон ва таърихи миллӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд нигаҳдоранда ва густаришдиҳандаи арзишҳои миллӣ бошанд. Бидуни иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳифз ва густариши арзишҳои миллӣ, рушди устувори ҷомеа ва пойдории давлат имконнопазир аст. Аз ин рӯ, масъулияти насли наврасу ҷавон - нигаҳбонии асолати миллӣ ва расонидани он ба наслҳои оянда мебошад.
Ҷавонон пояи устувори давлат, неруи созандаи миллат ва кафили пешрафти ҷомеа мебошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба таври хоса ташвиқ мекунанд, то ҳамчун шаҳрвандони фаъол, соҳибмаърифат ва ватанпарвар барои ободии Ватани маҳбуби худ – Тоҷикистон, содиқона хизмат намоянд ва дар ин маврид чунин гуфтаанд: «Мо на танҳо ба ояндаи ҷавонон, балки ба ҷавонон ҳамчун ояндаи давлат бовар дорем».
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҷавононро ҳамчун афзалияти стратегии рушди миллӣ арзёбӣ намудааст. Дар ин замина, як қатор қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ шуданд, аз ҷумла: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (1992), ки яке аз аввалинҳо дар байни кишварҳои пасошӯравӣ мебошад, Стратегияи миллии рушди ҷавонон то соли 2030 ва Барномаи миллии тарбияи ватандӯстии ҷавонон барои солҳои 2023–2027. Ин санадҳо кафолати ҳуқуқӣ ва заминаи сиёсиву ташкилӣ барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавононро фароҳам меоранд.
Барои иҷрои сиёсати давлатии ҷавонон, дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои зерин таъсис дода шудаанд ва фаъолият доранд, аз ҷумла: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Маркази ҷумҳуриявии «Ҷавонон»; Маркази волонтёрии ҷумҳуриявӣ; Шӯрои ҷумҳуриявии ҷавонон; Раёсатҳои кор бо ҷавонон дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо.
Ин сохторҳо дар самти тарбия, маориф, варзиш, омӯзиш, маърифат ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ фаъолият мекунанд.
Ҳамчунин дар давраҳои муайян дар рӯҳои 23 май мулоқоти бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон гузаронида шудааст ва дар яке аз мулоқотҳояшон таъкид намудаанд, ки: «Ҷавонони мо бояд таърихи миллат, фарҳанги миллӣ ва забони давлатиро амиқ омӯзанд ва онро сармашқи зиндагии худ қарор диҳанд. Танҳо ҷавонони соҳибмаърифат метавонанд давлатро обод намоянд».
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон 23 май ҷашн гирифта мешавад ва он ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба нақши созандаи ҷавонон дар ҷомеа, сиёсат, фарҳанг ва иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад. Ин сана бо иқдоми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дарназардошти аҳамияти бузурги ҷавонон дар рушди давлатдорӣ ва таҳкими истиқлолияти миллӣ ба тасвиб расидааст.
Баргузории Рӯзи ҷавонон на танҳо як ҷашни рамзист, балки платформаи муҳимест барои ироаи ташаббусҳо, қадршиносии ҷавонони фаъол, муаррифии дастовардҳо ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии онҳо дониста мешавад. Дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва илмӣ баргузор мегарданд, ки иштироки фаъолонаи ҷавононро таъмин менамоянд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина чунин иброз доштаанд: «Мо ба ҷавонон ҳамчун қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа, созандагони фардои Ватан ва такягоҳи давлату миллат умед мебандем. Аз ин рӯ, бояд ҷавононро ҳамаҷониба дастгирӣ кард ва ба онҳо имконият дод, ки истеъдоду маҳорати худро дар амал татбиқ намоянд».
Бо назардошти ин сиёсат, ҳамасола дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонон озмунҳои ҷумҳуриявӣ, муаррифии тарҳи инноватсионӣ, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, намоишгоҳҳои ҳунармандӣ ва барномаҳои тарбиявӣ баргузор мегарданд. Ин чорабиниҳо на танҳо заминаи рушди касбӣ ва маърифатии ҷавононро фароҳам меоранд, балки нақши онҳоро дар пешбурди ҷомеаи демократӣ ва пойдории истиқлолияти давлатӣ таҳким мебахшанд.
Рӯзи ҷавонон инчунин як зинаи муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ ва тафаккури созанда дар миёни насли наврас маҳсуб меёбад. Таҷлили он ба ҷавонон имконият медиҳад, ки масъулияти иҷтимоии худро эҳсос намоянд ва нақши худро дар рушди устувори кишвар бо чашми возеҳ бинанд.
Ҳадафи асосии таҷлили Рӯзи ҷавонон — таҳкими худшиносӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат, иктишоф ва таъмини иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳама бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Он бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ва ҳукумат ба тарбияи кадрҳои ҷавон ва эҷоди шароити мусоид барои ташаккули онҳо ҳамчун шахсиятҳои соҳибмаърифат ва ватандӯст аст.
Ҷавонон нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа ва кафили рушди устувори кишвар ҳастанд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди маънавӣ, зеҳнӣ ва иқтисодии ҷавонон аҳамияти калон медиҳанд ва барои ин барномаҳои гуногунро роҳандозӣ кардаанд. Барои расидан ба ҳадафҳои муҳим, бояд ин сиёсати ҷавонон ҳамеша такмил ёбад ва бо тағйироти ҷаҳонӣ мутобиқ шавад.
Бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар чораҳои зарурӣ барои дастгирии ҷавонон андешида шудаанд. Сиёсати давлатӣ ба пойдории арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани донишу малакаи ҷавонон, рушди иқтисодии онҳо ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ равона шудааст.
Давлат ва Ҳукумат ба ҷавонон бовар доранд ва онҳоро сутуни асосии ояндаи кишвар мешуморанд. Аз ин рӯ, сиёсати давлатии ҷавонон бояд боз ҳам беҳтар карда шавад, имкониятҳои бештар барои рушди онҳо фароҳам оварда шавад ва ташаббусҳои ҷавонон созандаи дастгирӣ ва амалӣ гардонида шаванд. Ин роҳ кафили субот ва пешрафти Тоҷикистон мебошад.
Дар навбати худ ҷавонон бояд созандагони ҷомеа, нигаҳдорандагони фарҳанг ва кафили амнияти давлат бошанд. Сармоягузорӣ ба ҷавонон – сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони кишвар аст. Тоҷикистон ба ҷавононаш бовар дорад ва онҳо бояд посухи ин эътимодро бо дониш, масъулият, меҳнатдӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан бидиҳанд.
Қудратов Комрон Абдунабиевич – н.и.т., дотсент, мудири шуъбаи татбиқи натиҷаҳои илмии Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

📅 Санаи нашр: 23.05.2025
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо