Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

МАОРИФ ВА ИЛМ - ЗАМИНАИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОИИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

МАОРИФ ВА ИЛМ - ЗАМИНАИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОИИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Ба истиқболи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ.

Дар таърихи 30.08.2025 дар Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи накӯ дар арафаи соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо аҳли кормандони соҳаи маориф, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагони кишвар суханронӣ ва мулоқоти судманд анҷом доданд.

Дар оғози суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “мулоқоти ҳарсола бо донишҷӯёну хонандагон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар дар Рӯзи дониш фурсати хубе фароҳам меоварад, ки мо вазъи ин соҳаи ҳаётан муҳимро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем”.

Дар ҳақиқатан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон маориф ва илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимону омӯзгоронро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудаанд, зеро маҳз илм ва дониш омили асосии рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҳар як давлат, инчунин, сарчашмаи муваффақият ва зиндагии осоиштаи ҳар як инсон ва ҷомеа буда метавонад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид доштанд, ки “дар замони мо, ки рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технологияҳо ва бахусус, зеҳни сунъӣ хусусияти барҷастаи он мебошад, донишомӯзӣ аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ пайдо кардааст”. Яъне замоне, ки мо дар он кору зиндагӣ дорем, замони илму дониш, кашфиёту ихтироот, пешрафти техника ва технологияи навин мебошад ва давраест, ки сарнавишти миллатҳоро сатҳи донишмандӣ, навоварӣ ва ихтироъкорӣ муайян месозад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ қайд намуданд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи маориф ва илм маблағгузорӣ сол ба сол афзоиш дода шуд, ки ин, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани шароити таҳсил, инфрасохтори соҳа ва вазъи иқтисодии омӯзгорон мусоидат кардааст.

Аз нишондодҳои омории суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян гардид, ки дар 34 соли соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағ сарфа гардидааст ва айни ҳол дар мамлакат дар соҳаи маориф 11 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои соҳаи маориф ва илм яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва онро бо назардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст ва тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва илм давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шудааст.

Боз ҳам, ҷиҳати беҳтар гардидани соҳаи маориф ва илм соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар ҳамкори бо Ҳукумати мамлакат саҳми худро гузоштаанд. Дар ин самт маълум гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва шахсони саховатпеша ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ 1435 муассисаи соҳаи маориф бо 231 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд дар соли 2025 дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 309 муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои беш аз 94 ҳазор ҷойи нишаст идома дошта, то охири сол зиёда аз 200 бинои навбунёд бо тамоми шароити зарурӣ ба истифода дода мешавад.

Сарвари давлат дар самти беҳтар намудани сифати таълим ва рушди илм, махсусан илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, дар кишвар як қатор тадбиру чорабиниҳоро роҳандозӣ намуда, дар суханронии навбатии худ бо донишҷӯёну хонандагон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар ба таври равшану возеҳ ва бо таҳлилҳои дақиқ оид ба мавқеи маориф ва илм, талабот нисбат ба тарбия ва таълим, аз худ кардани илмҳои бунёдӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи миллат сухан гуфта, иброз доштанд, ки “дар ҷаҳони муосир, ки босуръат тағйир ёфта, талаботи бозори меҳнат пайваста нав мегардад, зарурат ба таҳсилоти олӣ ҳамчун муҳити тавлиди дониш, технология ва инноватсия беш аз пеш эҳсос мегардад. Маҳз тавассути таҳсилоти олии босифат ҷомеа метавонад ба кадрҳое такя намояд, ки бо дониш, масъулиятшиносӣ ва диди васеъ муҷаҳҳаз буда, дар ҳама соҳаҳои ҳаёт нақши фаъол бозида метавонанд”.

Дар кишвар 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амал мекунад, ки дар онҳо беш аз 213 ҳазор нафар донишҷӯ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст ва яке аз бонуфузтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад, ки имрӯз ба маркази муҳими тайёр кардани кадрҳои миллӣ ва байналмиллалӣ табдил ёфтааст ва дар арафаи соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои нави он ба истифода дода шуда, барои бунёди биноҳои нави дигар санги асос гузошта шуд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи низоми бисёрзинагии таҳсилот Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар кишвар, бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат дар зарфи солҳои охир ба маркази пешбари омодасозии мутахассисони рақобатпазир табдил ёфтааст.

Дар робита ба ин, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки бо мақсади татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ барои давраи то соли 2040, ки дар заминаи донишкадаи сайёҳии донишгоҳ Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Дар ин раванд, дар назар бояд дошт, ки истифодаи пурраи имкониятҳои васеи кишвари мо дар самти ҷалби сайёҳон, рушди соҳаи сайёҳӣ ва барои фаъолият дар ин бахши муҳим ҳарчи бештар фаро гирифтани ҷавонон аз ҷумлаи заруратҳои рӯз ва тақозои замона мебошад. Бо назардошти ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: “Бовар дорам, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд”.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон бояд заррае ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем, серталаб бошем ва нисбат ба тақдири ояндаи онҳо бо камоли масъулият муносибат намоем, барои омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар шароити беҳтар муҳайё созем ва ҳамеша дар фикри он бошем, ки насли наврас ва ҷавонон дар роҳи ояндаи зиндагии хеш муваффақ ва комёб бошанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такроран таъкид намуданд, ки тарбияи наврасону ҷавонон вазифаи инсонӣ ва қарзи имонии на танҳо аҳли маориф ва падару модарон, балки тамоми ҷомеа мебошад ва тамоми пешрафту дастовардҳои мо, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ҳаёти шоиставу осоиштаи мардум, пеш аз ҳама, ба пойдории сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вобаста мебошад.

Дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии навбатии худ дар арафаи соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо донишҷӯёну хонандагон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар заминаи бузурги ақлониву маънавӣ, пояи иттиҳоду иттифоқ ва масъулиятшиносӣ мебошад. Чуноне, ки дар интиҳои суханронӣ Пешвои миллат ба мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ҷавонону наврасони ватандӯсти Тоҷикистон муроҷиат карданд: “ ... мо бояд ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва тамоми тавону неруи худро барои ободии Ватанамон ва пешрафти давлати соҳибихтиёрамон равона созем”.

Дар партави гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар бояд, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан маориф ва илм саҳмгузор бошем, ба имконоту неруи худ такя кунем, барои ободии Ватанамон заҳмат кашем, Тоҷикистонро бо нерӯи зеҳнии худ дар арсаи минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ намоем ва бо ин, ояндаи дурахшони онро таъмин намоем.

Қудратов К.А. – н.и.т., дотсент, мудири шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмии МД “Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”-и ДБССТ

📅 Санаи нашр: 04.09.2025
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо