Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

СУБОТИ КОМИЛ – ПОЯИ АСОСИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРӢ ДАР КИШВАР

СУБОТИ КОМИЛ – ПОЯИ АСОСИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРӢ ДАР КИШВАР

Санаи 30 – юми августи соли ҷорӣ дар таърихи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон саҳифае тозае боз гардид, ки то даҳсолаҳои оянда ҳамчун пайки тоза ва накҳатафзо дар хотираҳо боқи ход монд. Ин руйдоди фараҳбахш, ташрифти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон буд.
Лозим ба ёдоварист, ки чун анъана “Рӯзи дониш -Дарси сулҳ” дар яке аз биноҳои рамзӣ ё иншооти муҳими стратегӣ баргузор мегарда, ки барои мардуми кишвари маҳбубамон барои ҳамеша хотирае ба мерос мегузошт. Имсол ин руйдоди фараҳбахш дар боргоҳи илму ҳунар, бо иштироки ҳайати бисёрнафараи роҳбарону андешмандон, рушанфикрону соҳибназарон ва устодону донишҷуёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар як фазои саршор аз суботи комил бо баёни арзишмантарин пайёмҳо доир гардид.
Бояд тазаккур дод, ки субот ва оромӣ на танҳо пояи асосии зиндагии осоишта, балки заминаи рушди иқтисодӣ, устувор нигоҳ доштани илму маориф, фарҳангу маънавиёт ва дар умум тамоми бахшҳои ҳайёти мардум ва рушди иҷтимоии ҷомеа мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оромӣ ва суботро дар кишварамон таъмин намуда, имрӯз он ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ ва маҳаки асоси зиндагии осоишати мардум ва рушди давлатдорӣ пазируфта шудааст, ки заминаи асосии ҷалби сайёҳҳони хориҷӣ ва дохилӣ гардидааст.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки тамоми дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии мардум ба субот ва оромӣ вобаста аст. Аз ҷумла ташабуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилаӣ, яъне пешниҳод дар бораи эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ва субот ба хотири наслҳои оянда” гувоҳи сиёсати пайгирона ва сулҳпарваронаи роҳбарии олии кишвар мебошад.
Бояд зикр намуд, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соли 1991, дар лаҳзаи хеле ҳассос, яъне дар замони дарёфти истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар омода намудани як қатор мутахассисони баландихтисос, ки донишу малакаи онҳо ба нерӯи пешбарандаи иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст, хеле бориз арзёбӣ мегардад.
Донишгоҳ ҳамчун чароғи роҳи маърифат масири низоми таълими маорифи кишварро равшан намуда, натиҷаҳои сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҷассум менамояд.
Лозим ба таъкид аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022 ба мақоми байналмилалӣ сазовор гардидани донишгоҳ дар роҳи ҳамгироии он ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ қадами тақдирсоз гузошта, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун намуд.
Бояд таъкид намуд, ки раванди таълим дар донишгоҳ, тибқи низоми пешрафтаи кредитӣ ташкил карда шудааст, ба стандартҳои таҳсилоти олии ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, ба донишҷӯён интихоби чандирии азхудкунии барномаҳои таълимиро фароҳам меоварад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки дар баробари донишҳои назариявии бунёдӣ малакаҳои бебаҳои амалии барои фаъолияти бомуваффақияти касбӣ зарурро ба даст оранд.
Дониш ва тафаккури илмӣ дар се донишкадаи тобеи донишгоҳ: Донишкадаи сайёҳӣ, Донишкадаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, Донишкадаи технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ таъмин мегардад.
Донишгоҳ тавассути филиалҳои худ: Донишкадаҳои байналмилалии Данғара, Левакант ва Хуҷанд, ки дар тавсеаи ҷуғрофиёи маориф ва илм саҳм доранд, дар рушди мақоми ин ду ҷанбаи муҳим нақш мегузорад. Дар сохтори донишгоҳ ду коллеҷ ва ду литсейи касбӣ амал менамоянд, ки барои дарёфти зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ шароит фароҳам меоранд.
Ҳамчунин иқтидори илмии донишгоҳро ду институти илмӣ-таҳқиқотӣ: «Институти сайёҳӣ ва соҳибкорӣ» ва «Институти қтисодиёти сабз» тақвият мебахшанд, ки ғояҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои сармоягузориро тавлид мекунанд.
Дар ин баробар, донишгоҳ дар баррасии лоиҳаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок карда, бо муассисаҳои пешрафтаи илмӣ-таълимии хориҷ аз кишвар ҳамкории судманд дорад. Дар робита бо таҳким намудани муносибатҳои байналмилалӣ донишгоҳ бо зиёда аз 160 ташкилоту муассисаҳои илмӣ-таълимӣ созишномаҳои ҳамкорӣ бастааст.
Метавон иброз намуд, ки донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ сазовори эътирофи умум гардида, ба узвияти созмонҳои бонуфуз, ба монанди Созмони ҳамкории донишгоҳҳои Шанхай, Академияи байналмилалии илмҳои мактабҳои олӣ ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё пазируфта шудааст.
Иштироки фаъолонаи донишгоҳ дар барномаҳои Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ нақши пешбари онро дар омода кардани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ барои соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ тасдиқ мекунад.
Тавре, ки дар боло ишора гардид яке аз институтҳое, ки ба татқиқоти соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бе восита нақш дорад, ин Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории назди донишгоҳ бо кадрҳои соҳибтаҷриба, аз ҷумла, 2 академик, 6 профессор ва 9 номзади илм ва 7 нафар беунвони илмӣ, ки таҷрибаи бойи баргузор намудани таҳқиқотҳои илмиро доранд, фаъолият менамоянд. Бо кӯмаки техникии ташкилотҳои байналмилалӣ Институт имкон дорад дар баргузор намудани таҳқиқотҳои илман асосноккардашуда, дар самтҳои болозикр фаъолият намояд.
Месазад, ки бо такрор иброз намуд, ки ҳангоми ифтитоҳи сохтмони 2 бинои нави таълимӣ иборат аз 3 ва 8 ошёна, хобгоҳи замонавӣ барои донишҷӯён ва омузгорони хориҷӣ иборат аз 5 ошёна, ҳавзи шиноварӣ, намунаи меҳмонхонаи панҷ читорадор, маркази инноватсионии Тоҷикистону Чин, ин ва чандин лабораторияву марказҳои омузишӣ ба истифода дода шуданд, ки яке аз онҳо, ки бе восита бо қудуми мубораки Пешвои муаззами миллат дар фарши он нақш гузошт ин ифтитоҳи Студияи таълимии сайёҳӣ ва соҳибкории Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ мебошад, ки бо муосиртарин таҷҳизот ба истифода дода шуда, барои омӯзиши амалӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавон ва баландихтисос, барои талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи мамлакат, ҳамчунин ҷиҳати пешбурди соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Яке аз самтҳои муҳим ва стратегии фаъолияти Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ин таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаҳои грантӣ ва сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии татбиқи лоиҳаҳои мазкур муттаҳидсозии нерӯ ва имкониятҳои илмӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии бахшҳои гуногун маҳсуб ёфта, барои ҳалли мушкилоти масоили рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш дорад.
Самтҳои асосии лоиҳаҳо аз инҳо иборат мебошанд:
- омӯзиши имкониятҳои рушди инфрасохтори сайёҳӣ тавассути ташкили соҳибкории хурду миёна ва хидматрасониҳои нав;
-тавсеаи рушди самти сайёҳӣ ва агросаноатӣ бо ҳадафи рушди сайёҳии аграрӣ (агротуризм), таблиғи маҳсулоти ватанӣ, инчунин таъсиси хатсайрҳои сайёҳии деҳот;
- тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ бо бахшҳои фарҳангӣ ҷиҳати ташвиқ ва таблиғи мероси фарҳангӣ ва таърихии кишвар ҳамчун воситаи ҷалби сайёҳон ва рушди бахши сайёҳии маърифатӣ;
- анҷом додани лоиҳаҳои муштарак бо муассисаҳои маориф дар робита ба баланд бардоштани савияи тахассусии кадрҳо, омодасозии мутахассисони соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, ҳамчунин таҳияи барномаҳои таълимии замонавӣ ва омӯзиши фосилавӣ;
- татбиқи лоиҳаҳои марбут ба иқтисоди рақамӣ бо мақсади истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар мавриди идоракунии муассисаҳои сайёҳӣ ва рушди соҳибкории электронӣ;
- ба роҳ мондани ҳамкориҳои байнисоҳавӣ бо бахши ҳифзи муҳити зист барои рушди сайёҳии экологӣ, таҳияи тавсияҳои марбут ба ҳифзи манзараҳои табиӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ;
- мавриди омӯзиш қарор додани ҳамбастагии рушди сайёҳӣ бо равандҳои демографӣ ва иҷтимоӣ, бо назардошти вазъи муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таъсири рушди соҳа ба вазъи зисти аҳолӣ;
- таҳияи стратегияҳо ва механизмҳои дастгирии соҳибкорон, бахусус дар минтақаҳои дурдаст, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ.
Лозим ба зикр аст, ки ин лоиҳаҳо бо ҷалби мутахассисони соҳаҳои мухталиф, донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҳамчунин шарикони байналмилалӣ амалӣ мешаванд. Онҳо ба таъмини рушди устувори сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ, истифодаи самараноки захираҳо ва вусъат додани ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Рустамҷон УМАРОВ
Ходими илмии Шуъбаи таҳияи лоиҳаҳо
ва кор бо грантҳои Хориҷии ИИТСС

📅 Санаи нашр: 04.09.2025
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо