Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

РӮЙДОДИ ТАЪРИХӢ: РӮЗИ ДОНИШ БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РӮЙДОДИ ТАЪРИХӢ: РӮЗИ ДОНИШ БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ
(Дар ҳошияи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон)
Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкориро, ки дар таърихи 30 августи соли 2025 ба вуқуъ пайваст, метавон ҳамчун як воқеаи хоссатан таърихӣ тавзеҳ намуд. Аслан тамоми тамоми ташрифот ва сафарҳои Пешвои муаззами миллат хусусияти таърихӣ доранд, вале моҳияти ин ташрифро ба унвони воқеаи хоссатан таърихӣ тавзеҳ намудани мо аз он иборат аст, ки ин воқеаи муҳим дар Рӯзи дониш ва баргузории дарси сулҳ иттифоқ афтод. Дар ин баробар дар арафаи Рӯзи дониш бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлат таҳия ва ба тасвиб пешниҳод гардидани лоиҳаи Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро метавон дар заминаи ташрифи Ҷаноби олӣ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон армуғоне ба ҳайати омӯзгорон ва кормандони ин даргоҳи маърифат арзёбӣ кард.
Дар ин маврид лозим ба зикр аст, ки дар ин рӯзҳои фараҳбахш дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» баррасӣ гардида, ҷонибдорӣ ёфт ва барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Ин иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯи муҳим будани мақоми омӯзгор дар сиёсати иҷтимоиву маънавии давлат мебошад. Қонуни мазкур асосан барои ҳифзи шаъну шараф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, рушди касбӣ ва таъмини имтиёзҳои иҷтимоиву иқтисодии омӯзгор равона шудааст. Дар ин баробар бо мақсади мутобиқсозии заминаи ҳуқуқии соҳа, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» низ пешниҳод гардид ва ин омил шаҳодат медиҳад, ки давлат ва ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи маориф ҳамеша бо назари ислоҳоти беҳсозии соҳа менигаранд. Ин имкон вуҷуд дорад, ки қонуни мазкур метавонад ба беҳтар гардидани шароити зиндагиву фаъолияти омӯзгорон, махсусан дар минтақаҳо, мусоидат намояд ва мақоми иҷтимоии зиёиёнро таҳким бахшад. Онро метавон дар таъмини сифат ва устувории низоми таълиму тарбия ҳамчун санади муҳими миллӣ арзёбӣ кард.
Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли зиёи кишвар, ки дар таърихи 30 августи соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор шуд, дар оғози суханронии худ чунин таъкид намуданд, ки чун анъанаи нек бо дарси сулҳ оғоз гардидани соли таҳсил дар тамоми зинаҳои таҳсилот барои хонандагону донишҷӯёни кишвар аҳаммияти басо муҳимми таълимиву тарбиявӣ дорад. Зеро танҳо дар сурати ба таври мудовим барқарор будани сулҳу суботи комил ва оромиву амният дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, хоссатан дар раванди таълиму тарбия пешрафти ҷомеа ва давлатро интизор будан имконпазир аст. Агар ин ҳарфҳои Сарвари давлатро ба гунаи аслии шинохти вазъи ҷаҳон тафсир кунем, таъкиди Пешвои миллат аз вазъи номуътадили имрӯзаи ҷаҳон маншаъ мегирад. Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар бисёр нуқоти даргири олам ҳазорон нафар аҳолии осоишта қурбони манфиатҳо ва бозиҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат шуда истодаанд. Ин омили хатарзо боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи башарӣ гардидааст, ки Тоҷикистони азизи мо аз ин ҳолати ташвишовар берун қарор дошта наметавонад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат аз шомил шудани хонандагон, донишҷӯён ва ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ дар ин ҷаласа изҳори нигаронӣ намуда, вобаста ба дар ин самт нақши созанда доштани омӯзгорон таъкид карданд.
Қабл аз мулоқоти зикршуда бо як гурӯҳ донишҷӯёни ятим вохӯрӣ анҷом додани Сарвари давлат гувоҳи он аст, ки Пешвои миллат дастгирии ҷавонон, хоса ятимонро, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат мешуморанд. Дар ин баробар мавриди истифода қарор гирифтани маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, хобгоҳ ва ошхонаи муосири донишгоҳ аз ҷумлаи ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат буда, ҳар яке аз моро водор менамояд баҳри шукуфоии миллату давлат ҷидду ҷаҳд намоем. Дар ин раванд бунёд ва истифодаи маркази нави таълимӣ, ки дорои 92 синфхона ва 24 ҳуҷраи корӣ мебошад, бинои панҷошёнаи хобгоҳ барои 368 нафар донишҷӯ, ошхонаи барҳаво барои 336 нафар ва толори варзишии дорои ҳавзи шиноварӣ, коргоҳи таълимию истеҳсолии дӯзандагӣ бояд масъулияти моро дучанд афзоянд. Ҳамчунин тавассути Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштани заминаи бунёди бинои дувоздаҳошёнаи таълимӣ дар ҳудуди донишгоҳ ва бинои ҳафтошёнаи таълимии Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд, ки дар тобеияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон қарор дорад, пешниҳоди таъсиси Академияи сайёҳӣ дар заминаи донишгоҳ аз ҷумлаи иқдомҳои нави Роҳбари давлат ва ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи сайёҳӣ мебошад. Зимни суханронӣ дар ҷамъомади Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳамаи дастовардҳои кишвар, пеш аз ҳама, бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ имконпазир гардидаанд. Дар робита ба ин тавассути Сарвари давлат пешниҳод гардидани ташаббуси байналмилалии “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаҳои муҳими байналмилалӣ, хоссатан соҳаи маориф ба сулҳу суботи тамоми манотиқи ҷаҳон марбут мебошанд.
Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, фароҳам овардани шароити хуби таҳсил, бештар ба таҳсил ҷалб намудани духтарони деҳот, тақвияти неруи зеҳнии донишандӯзон, рақамикунонии соҳаи маориф, пешгирии шомилшавии хонандагон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷилавгирӣ аз афзудани қонуншиканиҳо дар низоми маориф, омӯхтани илму ҳунар, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва донистани забонҳои хориҷӣ ҳамеша сархати суханронии Пешвои миллат мебошад. Чунончи маълум аст, наметавон бидуни маориф ва рушди ин соҳаи муҳим ривоҷу нумӯи ҳар кишварро таъмин намуд. Ҷиҳати тақвияти ин иддаои хеш дар робита ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ин паёмро барои хонанда муаррифӣ мекунем, ки дар пештоқи яке аз донишгоҳҳои Африқои Ҷанубӣ ҳаккокӣ шудааст: “Нобудии ҳар миллат ниёзе ба истифода аз бомбҳои ҳастаӣ ё истифода аз мушакҳои дурпарвоз надорад. Танҳо чизе, ки лозим ба ин амр аст, коҳиш додани сифати таҳсилот ва иҷозати тақаллуб ба донишҷӯён дар имтиҳонот аст. Минбаъд маризон аз дасти пизишкон наҷот намеёбанд, биноҳо аз дасти муҳандисон фано мешаванд, пул аз дасти иқтисоддонҳову ҳисобдорон барбод мешавад, башарият аз дасти уламои нодон мазлум мешавад, адолат бар асари аъмоли вакилону додрасон аз миён меравад, мудирият аз дасти қонунгузорон барбод меравад, яъне суқути маориф суқути миллат аст”.
Дар ин радиф зикри ин суханони гуҳарбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як насиҳати воло бароямон зарур аст: “Ман ба падару модарони азиз муроҷиат карда, як масъалаи муҳимро хотирнишон менамоям. Мо бояд хуб дарк намоем, ки фарзандон назди мо амонатанд, онҳо ояндаи мову шумо ва соҳибони фардои давлату миллат мебошанд. Мо набояд бо дастони худ ояндаи худамонро барбод диҳем, ба амонати хеш хиёнат кунем ва фарзандони худро дидаву дониста бадбахт созем. Дигар ин ки мову шумо дар ин дунё абадӣ нестем. Фарзандон ва набераву абераҳоямон ҳастанд, ки роҳи мову шуморо идома медиҳанд ва номи мову шуморо зинда нигоҳ медоранд”.
Ҳамин тариқ, таъкиди ҳадафмандонаи Сарвари давлат ба ин мазмун аст, ки маориф бояд чун чароғи роҳнамо дар ҷодаи рӯзгори ҳама равшанӣ бахшад, худшиносиву худогоҳии афроди ҷомеаро бияфзояд, баҳри дарёфти илму дониш ба наслҳои ҷомеа мусоидат кунад ва дар ниҳоят дар шинохти қадри сарзамини аҷдодӣ ва фарҳанги миллӣ кумак расонад.
Ҷобир Мардонзода,
ходими илмии Институти илмию
таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ

📅 Санаи нашр: 04.09.2025
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо