Студияи таълимӣ - қадами аввал барои бунёди Лабараторияи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ
30 августи соли ҷорӣ бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба рӯзи Дониш дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Студияи таълимӣ ифтитоҳ карда шуд.
Студияи таълимӣ дар баробари омода намудани кадрҳои баландихтисоси телевизионӣ, инчунин ҷиҳати ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани захираҳо ва имкониятҳои сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон саҳмгузор хоҳад буд.
Дар давраи омодагӣ ба ифтитоҳи Студияи таълимӣ аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо забонҳои англисӣ, русӣ, италявӣ, франсавӣ ва чинӣ паҳн гардидани наворҳо, аз ҷумла оид ба мавзеҳои сайёҳии пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе, осоишгоҳи Хоҷа обигарм, Қаълаи Ҳиссор ва ғайраҳо шаҳодати ин гуфтаҳо мебошанд.
Хамзамон бо забони давлатӣ паҳн гардидани наворҳои болозикр дар ҷалби сайёҳони дохилӣ кумак хоҳад намуд.
Студияи таълимӣ қадами аввал барои дар оянда ташкил намудани Лабараторияи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар назди донишгоҳ мебошад.
Ташаббускорони таъсиси Лабараторияи сайёҳӣ ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ва директори Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории донишгоҳ - профессор Иброҳимзода Илҳоммудин Раҷабалӣ буда, нигоҳи ҷадид барои дар кишвар ташкил намудани омӯзиши дуалӣ, яъне пайваст намудани омӯзиш бо истеҳслот, ки омили муҳими омода намудани кадрҳои баландихтисос баҳисоб меравад, арзёбӣ мегардад.
Дар оянда дар доираи Лабаратория дар баробари Студияи таълимӣ ташкил намудани бахшҳои нав, вобаста ба таҳлили иқлими сармоягузорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, таҳияи намудани стартапҳо, дасгирии ташаббусҳои тиҷоратӣ (бизнес инкубаторҳо), таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба дастрасӣ бо грантҳо, курсҳои омӯзишӣ барои соҳибкорон, семинарҳо дар самти рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, ташкили намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо, форумҳо ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди Студияи таълимӣ саҳми босазои хешро гузоштаанд миннатдорӣ баён намуда ба бунёдкорони Лабараторияи сайёҳӣ ҷиҳати амали гардидани ниятҳои неки минбаъдаашон бурдборӣ тамано менамоям.
Мудири шуъбаи таҳияи лоиҳаҳо ва кор бо грантҳои ИИТСС ДБССТ Абдулғаффор Раҳмонзода
|
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 29.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
|