Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

ДАСТГИРИИ ҶАВОНОНИ ҚОБИЛИЯТНОК ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

ДАСТГИРИИ ҶАВОНОНИ ҚОБИЛИЯТНОК ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
Имсол таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ барои аҳли коллективи меҳнатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон басо хотирмон ва таърихӣ сурат гирифт, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дарси сулҳро маҳз дар ин боргоҳи илму ҳунар гузарониданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯзи 30 август дар донишгоҳ бинои таълимию марказҳои ҳунаромӯзиро мавриди истифода қарор доданд ва аз шароитҳои муҳайёгардида барои толибилмон ва ҳунаромӯзон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Барҳақ, ин баҳои Сарвари давлат барои дастандаркорони ин иншоотҳо ва аҳли коллективи меҳнатии ДБССТ таъсирбахш буда, барои фаъолияти пурсамари минбаъда ҳавасманд мегардонад.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҳар куҷое Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадами мубораки хешро мегузоранд, аз баракоташон он макон обод ва гулзор мегардад. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ аз баракот ва файзи қадамҳои Пешвои муаззами миллат шукуфон ва обод гардид.
Дар ин ободкориҳо ҳамаи кормандони донишгоҳ саҳм гузоштанд, аз ҷумла ходимони Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ дар ободкориҳо бетараф набуданд.
Дар баробари ин, студияи таълимии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ифтитоҳ гардид, ки бо таҷҳизоти беҳтарини наворбардории телевизионӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Ин студияи таълимӣ барои омодакунии кадрҳои баландихтисоси рӯзноманигорӣ ва дар амалия татбиқ намудани назария, инчунин тарғибу ташвиқи зарфиятҳои сайёҳии кишвари азизи мо мусоидати бевосита дорад. Дар раванди ифтитоҳи студияи таълимӣ дар ҳамкорӣ бо шабакаи телевизионии “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” донишҷӯдухтарон – рӯзноманигорони оянда дар бораи ҷолибияти барху аз мавзеъҳои сайёҳии кишвар роликҳои ҷолиб бо 5 забон омода карданд.
Тавре дар суханрониашон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба таъкид доштанд, шароитҳои омоданамудаи донишгоҳ барои таълиму донишандӯзии толибилмон имкони ташаккули шахсият ва мутахассиси ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯзро медиҳад ва шароитҳои муассисаҳои таълимии хориҷӣ камӣ надоранд.
Ба таъкиди Пешвои миллат танҳо донишандӯзӣ ва забономӯзӣ вазифаи аввалиндараҷаи толибилмон бояд бошад.
Аз суҳбатҳои самимии Пешвои муаззами миллат бо донишҷӯён чунин хулоса кардан мумкин аст, ки дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат соҳаи маориф ва дастгирии ҷавонони қобилиятнок меистад. Бо ҳар кадом донишҷӯ чун фарзанди худ муносибат карда, аз мушкилоту дастовардҳояшон пурсон шудани Пешвои миллат аз дили бузург ва заминӣ будани ин абармард далолат медиҳад.
Аслан илму маърифат қуфлкушои ҳама дарҳост ва инсон дар натиҷаи омӯзиши пайваста ба камолоти ақлу хирад мерасад ва дари худшиносиро барояш боз менамояд. Ин андеша пас аз баромади Пешвои муаззами миллат боз ҳам тақвият ёфт, зеро касе муваффақ мегардад, ки аз пайраҳаи илму дониш гузаштааст.
Аз ин рӯ, ин ташрифоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ДБССТ мо, аҳли коллективи меҳнатии таълимгоҳро водор месозад, ки аз болои хеш кор кунем ва фаъолияти аз ин ҳам пурсамартар дошта бошем. Дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, дар ободии диёр ва омодасозии кадрҳои баландихтисос, омодасозии коркардҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногун саҳми хешро гузорем.
Иброҳимзода И.Р. - д.и.и., профессор, директори ИИТСС ДБССТ,
Абдуллоева М. - н.и.ф., котиби илмии ИИТСС ДБССТ

📅 Санаи нашр: 04.09.2025
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо