Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

ҶОИЗАИ СУЛҲ МУБОРАК БОД!

ҶОИЗАИ СУЛҲ МУБОРАК БОД!
Бо эҳсосоти гарму самимӣ ва бо дили пурифтихор хабари мушарраф гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар баробари Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президунти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Ҷапаров бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой пазируфтам. Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҳар як сокини мамлакат манбаи ифтихору шодмонист ва бори дигар нишон медиҳад, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мавқеи устувори ҷаҳонӣ пайдо намудааст.
Ҷоизаи мазкур арзиши ҷаҳонӣ дошта, танҳо ба онҳое дода мешавад, ки дар таҳкими сулҳ, ваҳдат ва арзишҳои башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳақ ба ҷониб аст, ки Пешвои миллатамон сазовори чунин қадрдонӣ гардиданд, маҳз бо сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва ҷасорати фарзонагии худ Тоҷикистонро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ бароварданд ва ба кишвари орому суботманд табдил доданд.
Ҳамзамон кушодани марзҳои баста бо ҷумҳуриҳои ҳамсояи Узбекистон ва Қирғизистон барои мардумони ҳамаи кишварҳо шодиву сурур, устуворӣ ва таскин овард, зеро ин кишварҳоро аз ҳам ҷудо кардан нашояд. Ин халқиятҳо таъриху фарҳанги ҳамсон ва бо ҳам қарину риштаҳои хешутаборӣ низ доранд.
Кушодани дарҳо ба ҳамдигар ин оини ҳамсоядории неки мост ва ин иқдомоти ҳар се кишвар бо ин ҷоизаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуд.
Дар шароити имрӯза, ки ҷаҳон бо буҳронҳои сиёсӣ, ихтилофоти қавмиву мазҳабӣ ва низоъҳои зиёде рӯ ба рӯ аст, Тоҷикистон бо раҳнамоии Пешвои миллат ҳамчун кишвари сулҳҷӯ, ваҳдатофар ва дӯстдори тамаддуну арзишҳои инсонӣ шинохта шудааст. Маҳз ҳамин сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат боис гардид, ки таҷрибаи сулҳоварии Тоҷикистонро ҳамчун намуна дар тамоми ҷаҳон мемӯзанд ва истифода мебаранд.
Дарвоқеъ, мушарраф гардидани Пешвои миллат ба Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой нишон медиҳад, ки сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон намунаи ибрат барои тамоми ҷаҳон аст.
Ин қадрдонӣ нишонаи равшани эътирофи ҷаҳонӣ аз хизматҳои мондагори Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкориҳои дӯстона миёни кишварҳо ва талошҳои пайвастаи ин шахсияти бузурги таърихӣ барои пойдории сулҳи абадӣ мебошад.
Зимнан бо сипосгузорӣ бояд гуфт, ки ба шарофати сиёсати созанда, заковату хиради азалӣ ва заҳмату талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоияти миллӣ тантана дошта, мардуми кишвар шоҳиди рўйдодҳои бузургу арзанда ва пешрафту дастовардҳои беназир дар Ватани маҳбубамон мебошанд, ки бисёри халқиятҳо онро орзу мекунанд.
Ин ҷоиза моро водор мекунад, ки дар устуворӣ ва сохтани муҳити сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар дохил ва бо ҳамсояҳои хеш саҳмгузор бошем ва корҳои созандаро баҳри зиндагии шоистаи хеш анҷом бидиҳем.
Иброхимзода Илхомуддин Рачабали - д.и.и., профессор, директори ИИТСС ДБССТ,
Абдуллоева Машҳура, н.и.ф., котиби илмии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ

📅 Санаи нашр: 15.09.2025
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо