САРВАРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН – ПОЯГУЗОРИ АМНИЯТИ МИНТАҚА
(Дар ҳошияи ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо гардидани Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой)
Ҷаҳони муосири хеле пурталотум бо як суръати хос дар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҷамъиятӣ таъсир гузошта, дар баробари ин равандҳои идоракуниро, ки дар онҳо элитаи сиёсӣ нақши асосиро мебозанд, ба таври пайваста тағйир медиҳад. Аз ин рӯ, мушкилоти ҷаҳони муосир дар ҳар як кишвари алоҳида, пеш аз ҳама, дар доираи фаъолияти элитаи дахлдори сиёсӣ қарор дорад. Танзими равандҳои шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ ва падидаҳои буҳронии тамоми соҳаҳои ҳаёт низ аз ҷумлаи омилҳои таъсиргузор ба фаъолияти элитаи сиёсӣ мебошанд. Дар чунин маврид баланд намудани сатҳи принсипҳои роҳбарӣ барои элитаи сиёсӣ, эҷодкорӣ ва таъмини тараққиёти устувори ҷомеа дар ташаккули тартиботи нави ҷаҳонӣ шарти зарурии рақобатпазирӣ ва ҳифзи бехатарии ҳар як ҷомеа ва давлат мебошад.
Дар замони охир тавассути роҳбарони сиёсии давлатҳо қабул намудани қарорҳо мутаносибан дар робита ба мураккаб шудани вазъи ҷаҳон, тағйир ёфтани моделҳои ҷахонӣ ва идеяҳои идеологӣ мураккабтар шуда истодааст. Ҳамчунин ин нуктаро қайд кардан зарур аст, ки мушкилоти нави геополитикӣ вокуниши муносиби фаъолони сиёсиро тақозо мекунад. Дар робита ба ин лозим аст нақши роҳбарони сиёсӣ дар мавриди рушд ва ҳифзи истиқлоли ҳар як давлат ба таври зарурӣ арзёбӣ карда шавад. Баҳогузории сифатҳои касбӣ ва шахсии элитаи сиёсӣ хеле муҳим мебошад, зеро маҳз роҳбари сиёсӣ давлатро дар мавқеъи муносиб идора мекунад. Малакаи идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ, қобилияти ба дӯш гирифтани масъулият, мутобиқ намудани вазъи ҷойдошта ба тағйирот, қобилияти истифода бурдани тағйирот ба манфиатҳои миллӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоию сиёсиву иқтисодӣ ва шароити зиндагии аҳолӣ барои роҳбари сиёсӣ зарур аст, ки хушбахтона Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода дар миёни элитаи сиёсии ҷаҳон пешгом мебошад.
Рӯйдоди охирине, ки дар арсаи сиёсии ҷаҳон ба вуқуъ пайваст, аз воқеият доштани суханони мо, ки дар боло оварда шуданд, шаҳодат медиҳад. Имрӯз бо итминони комил метавон ҳадс зад, ки Сарвари давлати тоҷикон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи ангуштшумор роҳбарони сиёсии ҷаҳон мебошад, ки ҳамеша дар масири таҳкими сулҳу субот, густариши дӯстӣ ва ҳамкориҳои миёни кишварҳои минтақа, инчунин ташаббусҳои созандаи хеш барои сулҳи пойдор нақши бориз дорад. Ба Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой мушарраф гардидани Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели он аст, ки ӯ натанҳо меъмори сулҳи тоҷикон аст, балки ташаббускор ва таъмингари сулҳ дар минтақа мебошад.
Дафтари матбуоти Бунёди Ҷоизаи Сулҳ қайд кардааст, ки ҷоизаи мазкур ба раҳбарони се кишвари Осиёи Миёна: Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ эҳдо шудааст. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар таърихи 31 марти соли 2025 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи пайванди сарҳадҳои давлатӣ ва Эъломияи дӯстии абадӣ дар Хуҷандро имзо карданд. Онҳо тавассути иқдоми мазкур ба таъмини амнияти умумӣ ва мустаҳкам намудани хамфикрию равобити қавии байни халқҳои минтақа ҳиссаи бузурги хешро гузоштанд.
Дар ин зимн қобили зикр аст, ки Бунёди Ҷоизаи Байналмилалии Сулҳ ба номи Лев Толстой дар таърихи 22 июни соли 2022 аз ҷониби Ҷамъияти таърихии Россия, Ҷамъияти таърихии низомии Россия ва Бунёди сулҳи ин кишвар таъсис ёфтааст. Дар асосномаи ҷоиза гуфта мешавад, ки он барои дастовардҳои барҷастае, ки алайҳи таҳдиди ҷанги сеюми ҷаҳонӣ равона гардидаанд, пешгирии фалокатҳои ҳастаӣ, саҳми арзанда дар таъмини амнияти умумибашарӣ, барҳам додани мусобиқаи мусаллаҳшавӣ, барои дастовардҳои қобили таваҷҷуҳ дар заминаи демилитаризатсия, демократикунонии муносибатҳои байналмилалӣ, иқдомҳои марбут ба таъмини сулҳ ва амсоли инҳо эҳдо мешаванд.
Дар ин зимн қобили зикр аст, ки Бунёди Ҷоизаи Байналмилалии Сулҳ ба номи Лев Толстой дар таърихи 22 июни соли 2022 аз ҷониби Ҷамъияти таърихии Россия, Ҷамъияти таърихии низомии Россия ва Бунёди сулҳи ин кишвар таъсис ёфтааст. Дар асосномаи ҷоиза гуфта мешавад, ки он барои дастовардҳои барҷастае, ки алайҳи таҳдиди ҷанги сеюми ҷаҳонӣ равона гардидаанд, пешгирии фалокатҳои ҳастаӣ, саҳми арзанда дар таъмини амнияти умумибашарӣ, барҳам додани мусобиқаи мусаллаҳшавӣ, барои дастовардҳои қобили таваҷҷуҳ дар заминаи демилитаризатсия, демократикунонии муносибатҳои байналмилалӣ, иқдомҳои марбут ба таъмини сулҳ ва амсоли инҳо эҳдо мешаванд.
Дар ин самт заҳмату талошҳо ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳалли масъалаҳои минтақа, густариши равобити иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию амниятӣ, инчунин, ҳамзистии осоиштаи халқҳои тоҷик, ӯзбек ва қирғиз ҷойгоҳи амиқ дорад. Тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки аз ҷумлаи шарикони муҳими стратегии кишвари мо маҳсуб меёбанд, дар густариши ҳамкориҳо бо ин кишварҳо мусоидат мекунанд.
Дар ниҳоят, ин нуктаро ҳам бояд қайд кард, ки барои мо тоҷикон ин рӯйдоди муҳим, яъне эҳдо гардидани Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихору сарфарозӣ аст, зеро кишвари биҳиштосои мо ба шарофати ин бузургмарди миллат рӯз то рӯз ба яке аз кишварҳои пешрафта ва амнтарини ҷаҳон мубаддал гардида истодааст. Вазъи бениҳоят ҳассос ва ноороми ҷаҳон, ки дар оғози сухан баён намудем, моро водор менамояд, то нисбат ба омилҳои манфии ҷаҳон бепарвоӣ зоҳир накарда, ба қадри неъмату дастовардҳои истиқлол, ба мисли озодӣ, сулҳ, оромӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем.
Ҷобир Мардонзода,
ходими илмии Институти илмию
таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ
|
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 29.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
|