АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ ВА НАҚШИ Ӯ ДАР ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГИИ ҲАВЗАИ ТАМАДДУНИ ФОРСУ ТОҶИК
(дар ҳошияи “Рӯзи Рӯдакӣ”- 22 сентябр бахшида шуданааст)
«Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки нахуст қадамҳои шоирии адабиёти форсиву тоҷикро бо навои дилошӯби худ мунаввар сохт, ба ҳақиқат падари шеър ва адабиёти классикии мо маҳсуб меёбад».
Эмомалӣ Раҳмон
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858–941), фарзанди фарзонаи миллати тамаддунсоз, ки бо номи «устоди шоирон» ва «падари шеъри форсу тоҷик» маъруф аст, шахсияти барҷастаест, ки бо фаъолияти эҷодӣ ва ҳунарии худ на танҳо адабиёти форсу тоҷикиро поягузорӣ намуда, балки ҳамчун як шахси фарҳангӣ дар равобити байнидавлатӣ ва иртиботсозии (дипломатия) -и фарҳангии замони худ низ нақши калиди доштанд. Давраи зиндагии ӯ ба аҳди Сомониён рост меояд, ки Хуросон ва Мовароуннаҳр ҳамчун маркази бузурги илму фарҳанг ва сиёсату давлатдорӣ дар он замон шинохта мешуд.
Дар замони Сомониён, илова бар сиёсати низомӣ ва иқтисодӣ доштанаш, фарҳанг ва адабиёт низ ҳамчун абзори нарми муносибатҳо (дипломатияи нарм) хизмат мекард. Сулолаҳои ҳамсоя, аз ҷумла Чину Ҳиндустон ва кишварҳои арабзабон, тавассути шеъру ҳунар ва мубодилаи фарҳангӣ бо ин сарзамин ё ҷуғрофиё ва ё ҳамон хитаи Хуросони Бузург иртиботи қавӣ барқарор мекарданд. Дар ҳамин замина, нақши Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун чеҳраи асосии фарҳангӣ ва суханвар дар густариши фарҳангу тамаддуни замон бо ибораи имрӯзии «дипломатияи фарҳангӣ» рост меояд, хеле муҳим буд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳарчанд дар он давра мафҳуми «дипломатияи фарҳангӣ» ба таври расмӣ вуҷуд надошт, аммо фаъолияти эҷодии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва нақши ӯ дар густариши забону адабиёт ва фарҳангу санъат, ин мафҳумро таҷассум менамояд.
Бо такя ба мероси пуразиши ӯ метавон гуфт, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нахустин шахсияти таърихии тоҷикон аст, ки санъати суханро ҳамчун воситаи иртибототи байнифарҳангӣ ба таъбири имрӯза (робитаҳои дипломатӣ) истифода бурдааст.
Бояд зикр намуд, ки “Мафҳуми дипломатияи фарҳангӣ (cultural diplomacy) имрӯз ба таври расмӣ-илмӣ мавриди истифода аст, аммо дар асрҳои миёна низ ба навъе амал мекард. Давлати Сомониён, ки дар Хуросон марказ дошт, бо Чин, Турону Ҳинд ва Хилофати Аббосӣ робитаҳои гуногун самт дошт. Ин робитаҳо на танҳо тавассути тиҷорат, балки аз тариқи мубодилаи фарҳангӣ низ сурат мегирифтанд. Дар ин миён, шеъри Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо сабаби шириноҳангӣ ва сабки мусиқӣ доштанаш аз ҷониби мусиқишиносон ва суханварону муннақидони кишварҳои гуногун хонда мешуд, ки ин худ як василаи муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи робитасозии густардаи кишвардорони он замон буд.
Таърих гувоҳ аст, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нахустин шахсияте буд, ки шеърро бо забони форсӣ-тоҷикӣ ба сатҳи адабиёти классикӣ расонд. Ӯ тавонист бо сабки сода ва оммафаҳм, мусиқии шево ва оҳангинии шеъраш на танҳо аҳли дарбор ва ҷомеаи Хуросонро мафтун созад, балки барои миллатҳои ҳамсоя ҳам оинаи равшане аз фарҳангистони шеъру адаб буд. Ин хусусият ӯро ба як истилоҳи «пайванди дипломатияи нарм» шуҳрат дода, дар он айём шеър ва санъат худ як имкони муаррифии тамаддуни фаромарзии Давлати Сомониёнро рақам мезад.
Як нуктаро бояд ба инобат гирифт, ки ҳарчанд мафҳуми «дипломатияи фарҳангӣ» дар асри X мавриди истифода набуд, вале заҳматҳои Устод Рӯдакӣ ва ҷойгоҳи ӯ нишон медиҳад, ки санъат ва сухан аз ибтидо воситаи самарабахши дипломатия ва робитаҳои байнимарзӣ будааст. Аз ин ҷост, ки шахсияти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ танҳо ба як шоири классикӣ хотима намеёбад, балки шахсияти Ӯ фаротар аз як дипломати касбӣ дар фарҳангистони асри худаш низ ба шумор меравад.
Бояд иброз намуд, ки ягона аҳамияти чеҳраи миллатсозии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар он аст, ки ӯ забони форсӣ-тоҷикиро ҳамчун абзори ягонагии сиёсиву фарҳангӣ муаррифӣ намуд. Давлати Сомониён бо ин восита худшиносии миллӣ ва фарҳангии мардумони ҳавзаи тамаддуни Хуросонро тақвият дода, дар арсаи кишваркушоӣ бо ҳувияти фарҳангӣ баромад мекарданд. Аз ин ҷост, ки Устод Рӯдакӣ дар баробари шоир буданаш, ба ҳайси дипломати дорои афкори волои фарҳангӣ –ҳамчун шахси фарҳагии тамоммаъно низ шинохта мешуд.
Дар таърихи тамаддуни тоҷикон ва мардуми форсизабон номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Ӯро на танҳо падари адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, балки як шахсияти таърихӣ медонанд, ки бо осори эҷодӣ ва нуфузи фарҳангии худ дар ташаккули дипломатияи фарҳангии давраи Сомониён саҳми назаррас гузоштааст.
Асри X замони авҷи давлатдории Сомониён, даврае буд, ки Хуросон ва Мовароуннаҳр ба маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии минтақа табдил ёфта буданд. Ҳукумати Сомонён фарҳангро на танҳо ҳамчун арзиши маънавӣ, балки ҳамчун абзори сиёсӣ ва дипломатӣ васеъ истифода мебурд. Шоирон, олимон ва мутафаккирон дар баробари эҷоди асарҳои адабӣ, ба сифати «василаи нарм» дар муаррифии қудрати сиёсӣ ва фарҳангии давлати Сомонён низ хизмат мекарданд. Дар ин замина, шахсияти Устод Рӯдакӣ мавқеи вижа дорад.
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нахустин шоире аст, ки шеъри форсиро ба дараҷаи комили бадеӣ расонд. Забони шеърии ӯ равон, содаву мусиқӣ буда, ба осонӣ аз ҷониби омма дарк мегардид. Ӯ бо ҳунари суханвариаш шеъру мусиқиро ба ҳам пайваста, онро воситаи таъсиррасонӣ ба ҷомеа гардонд.
Маъруфтарин порча аз ашъори ӯ, ки имрӯз низ ҳамчун нишонаи иртиботи фарҳангӣ ва сиёсӣ маънидод мешавад, қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» мебошад:
Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубо ояд ҳаме.
Муаррихон ин қасидаи машҳурро бо таъбирҳои рангине байён намуда, онро боиси бозгашти Амир Насри II Сомонӣ аз Ҳирот ба Бухоро маънидод кардаанд. Ин воқеа нишон медиҳад, ки сухани шоир то чӣ андоза дар сиёсати давлат нақш доштааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки иқтидори қалами шоир фаротар аз сарҳади адабиётро инъикос намуда, шоир тавонистааст, ки бо абзори адабӣ бар тасмимҳои сиёсии амир таъсир расонад.
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун шоири дарбор, бо қасидаҳои мадҳия ва ғазалиёти пурмазмуни худ на танҳо обрӯи амиронро баланд мебардошт, балки фарҳанги тоҷиконро дар миёни ҷаҳониён муаррифӣ мекард.
Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки дарбори Сомониён на танҳо маркази сиёсат, балки пойгоҳи илму фарҳанг будааст. Шоирон, олимон ва мутафаккирон, аз ҷумла А. Рӯдакӣ, А.Фирдавсӣ ва даҳҳо дигар мутафаккирон, бо ҳимояти ҳокимон фаъолият мекарданд. Ин сиёсати фарҳангпарваронаи Сомониён як навъ «дипломатияи нарм» буд, ки тавассути он давлат қудрати маънавии худро ба кишварҳои ҳамсоя, хосатан кишварҳои Роҳи Абрешим нишон медод.
Роҳҳои Абрешим дар он шабу рӯз, на танҳо барои мубодилаи молу коло, балки барои интиқоли фарҳанг низ хизмат мекарданд. Ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки ҳамроҳ бо мусиқӣ иҷро мешуд, тавассути ин роҳҳо ба кишварҳои шарқӣ роҳ меёфт.
Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи Устод Рӯдакӣ он аст, ки ӯ шоири мусиқидон буд. Ашъораш бо навоҳои мусиқӣ иҷро мешуданд ва аз ин сабаб қудрати таъсиррасонии онҳо бештар буд. Ин ҳамгироии шеър ва мусиқӣ ба рушди равобити ҳасана ё ҳамон «дипломатияи нарм» дар замони ҳозира мусоидат кард, зеро мусиқӣ ва шеър аз ҳудуди сиёсати расмӣ гузашта, ба қалбҳои мардумони гуногун роҳ меёфтанд. Аз ин ҷост, ки метавон шеъру мусиқиро ҳамчун абзори дипломатияи нарм дар ҳар замону макон унвон дод.
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо эҷодиёти худ забони форсӣ - тоҷикиро ҳамчун омили ягонагии фарҳангӣ ва сиёсӣ муаррифӣ карда буд. Давлати Сомонӣ бо такя ба ҳамин забон тавонист ҳувияти сиёсиву фарҳангии худро ба ҷаҳониён нишон диҳад. Аз ин ҷост, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо шоир, балки шахсияти миллатсоз низ маҳсуб мешавад.
Мероси Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки аз байёни ашъори гуҳарбораш бо зеботарин ваҷҳ омори онро байён намудааст, (сездаҳ раҳ садҳазор) хеле фарогир аст. Гарчанде аксари осори ӯ то замони мо нарасидааст, вале намунаҳои боқимонда қудрати эҷодии ӯро нишон медиҳанд. Дарбори Сомониён ҳамчун маркази илмӣ ва фарҳангӣ на танҳо ба пешрафти адабиёт ва фалсафа, балки ба робитаҳои густардаи байнимарзӣ низ мусоидат намуд. Олимон ва шоирон ба ҳайси «пайравони дипломатияи нарм» бо кишварҳои ҳамсоя иртиботи фарҳангиро густариш медоданд.
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки расман шоири дарбори Сомониён буд, ашъору мадҳияи ӯ қудрату шукӯҳи амиронро таҷассум намуда, ба густариши нуфузи сиёсӣ ва фарҳангии давлати Сомониён хидмат мекарданд. Амирони Сомонӣ ба фарҳанг таваҷҷӯҳи хос доштанд ва шоиронро ҳамчун «сухангӯёни сиёсати фарҳангӣ» истифода мебурданд.
Агар он давронро ба имрӯз муқоиса намоем, ба ин натиҷа мерасем, ки дипломатияи фарҳангӣ имрӯз ҳамчун истифодаи забон, санъат ва фарҳангу тамаддун барои муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ маъруф аст. Аммо он дар асрҳои миёна ба гунае, ки дар боло ишора намудем амал мекард.
Давлати Сомониён бо Чин, Ҳинд, Турон ва Хилофати Аббосӣ робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ дошт ва ин робитаҳо тавассути мубодилаи фарҳангӣ низ таҳким меёфтанд. Дар ин росто шеъри Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мусиқӣ ва оҳанг ҳамроҳ иҷро мешуд ва ин боиси он мегардид, ки осори ӯ аз марзҳои Хуросон гузашта, дар кишварҳои шарқиву ғарбӣ паҳн гардад. Мусиқӣ ва шеър бо ҳам омехта як навъ «қудрати нарм» месохтанд, ки қалбҳоро тасхир мекарданд
Давлати Чин дар, аҳди худ яке аз шарикони тиҷоратии Сомониён дар асри X буд. Тавассути роҳҳои Абрешим молу маҳсулот, инчунин анъанаҳои фарҳангӣ мубодила мешуданд. Гарчанде дар сарчашмаҳо маълумоти мустақим дар бораи сафар ё иртиботи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Чин зикр нашудааст, вале имкони он вуҷуд дорад, ки ашъори ӯ тавассути тоҷирон ва мусиқидонон ба муҳити фарҳангии Чин роҳ ёфта бошад.
Ин падида як навъ дипломатияи фарҳангиро таҷассум мекард, ки тавассути он мероси тоҷикон ба дигар миллатҳо муаррифӣ мешуд. Маҳз ҳамин раванд дар ташаккули тафоҳуми байнифарҳангӣ миёни мардумони Шарқ ва Хуросон саҳм дошт.
Дар интиҳои каломи хеш ба ин дидгоҳ расидам, ки агар дар асри X осори оламшумули Одамушуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ воситаи робитаҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ буд, имрӯз низ мероси Ӯ метавонад ҳамчун сарчашмаи илҳом барои густариши робитаҳои фарҳангӣ ва дипломатии Тоҷикистони муосир низ хизмат хоҳад кард.
Як нуқтаро на бояд фаромӯш намуд, ки шуруъ аз соли 2002 бад ин сӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши ин гавҳари ноёби олами шеъру адаб, фарҳангу маънавиёт хосса ин дурдонаи гуҳарбори миллатро хуб шинохта, ҳамасола 22 сентябр бо номи “Рӯзи Рӯдакӣ” дар сартосари кишвар, махсусан дар муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ гиромӣ дошта мешавад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз сиёсатмадорони варзидаи ибтидои асри нав мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифтани 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 2008 тамоми аҳли адаб ва илми Тоҷикистонро ба ҷунбиш ва ҷӯшу хурӯш овард, зеро бузургдошти фарзанди миллати тоҷик, ки дар осмони назми ҷаҳон аз дурахшонтарин ситора маҳсуб мешавад, дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллии насли наврас ва ҷавон саҳми беандоза калон дорад.
Дар воқеъ, ёдовари аз шахсияти безаволи чун устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун қофиласолори адабиёти форсу тоҷик дар фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ, хосса дар дипломатияи фарҳангии хитаи Хуросон ҷойгоҳи махсус дорад. Ҳар сол таҷлили ин рӯз, на танҳо арҷгузорӣ ба шахсияти бузурги таърихиву фарҳанг, балки таъкиди пайванди амиқи миллат бо решаҳои худ ва ҳувияти миллии худро ёдоварӣ менамояд.
Дар фароварди калом бо ин абёти Мавлави Ҷалолиддини Балхӣ иктифо менамоям, ки мегӯя...
Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Дар интиҳо бо ифтихори комил “Рӯзи Рудакӣ”-ро ба ҳама тамоми мардуми тоҷик муборакбод мегуем.
РУСТАМҶОН Умаров - ходими илмии шуъбаи таҳияи лоиҳаҳо ва кор бо грантҳои Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ
|
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 29.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
|