РОҲИ НАВИ АБРЕШИМ: ИСТИФОДА АЗ ИМКОНОТИ
МАВҶУДА ДАР ТОҶИКИСТОН
(Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ ва ҷараёни конфронси илмию амалӣ, ки дар таърихи 25 сентябри соли 2025 таҳти унвони «Масоили таъмини рушди устувори сайёҳӣ» баргузор гардид)
Аз замонҳои қадим то ба имрӯз роҳҳо барои инсоният ҳамчун василаи пайвандгару ҳамгиро ва иттиҳоду ҳамбастагии халқу миллатҳои гуногун хидмат карда, рушду тавсеаи равандҳои иқтисодӣ ва шароити иҷтимоии ҷомеа ва давлатро таъмин менамоянд. Дар ҳеҷ замону макон бидуни мавҷудияти роҳҳо наметавон болоравии иқтисодиёт ва шукуфоии як минтақаро тасаввур кард. Низоми рушдёфтаи роҳҳо ин пояи асосии рушди ҳар кишвар мебошад. Ин назари моро таърихи инсоният тасдиқ мекунад, ки назири он дар «Роҳи бузурги абрешим» таҷассум ёфтааст. Тибқи асноди таърихӣ барои башарият маълум аст, ки аҷдодони мо 2000 сол муқаддам аз ин роҳ истифода мебурданд ва он бузургтарин шоҳроҳи бозаргонии он замон маҳсуб меёфт. Дар ин баробар ин шоҳроҳ ба ҳайси пайвандгари миллатҳо ва тамаддунҳои мухталиф хидмат менамуд.
«Роҳи бузурги абрешим», ки ки ҳамчун як масири афсонавӣ дар саҳифоти таърих боқӣ мондааст, аз миёни қитъаи Осиё, шимоли Африқо ва қитъаи Аврупо гузар карда, бозаргонону сайёҳони зиёдеро ба ҳам меовард. Сарчашмаи бунёди ин шоҳроҳ ҳарчанд кашф ва тиҷорати абрешим, ки солиёни зиёд сармояи чиниҳо маҳсуб меёфт, бошад ҳам, тавассути он фарҳангу иттилооти гуногун, ба мисли аҳкоми мазҳабию динӣ, усулҳои истеҳсол ва коркарди нахи абрешим, шишасозӣ, истеҳсоли коғазу нашри китоб ва амсоли инҳо аз як нуқта ба нуқтаи дигар интиқол меёфтанд. Дар ин баробар шаҳомати «Роҳи бузурги абрешим» сайёҳонро низ бетараф намегузошт. Ҳазорон сайёҳон дар тамоми давраи мавҷудияти «Роҳи бузурги абрешим» барои дидани амокини зебои Чин ва манотиқи дигари дар ин шоҳроҳ қарордошта тавассути корвонҳо ин роҳро тай мекарданд ва машҳуртарини онҳо дар таърих бо исми Марко Поло-сайёҳи венетсианӣ маълум буда, хотироти ӯ, ки то имрӯз боқӣ мондааст, шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад.
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ дар замони мавҷудияти «Роҳи бузурги абрешим» сайёҳии фарҳангӣ низ рушд кардааст, ки ин нуқтаи назар бештар ба намояндагони олами мусиқӣ рост меояд. Машшоқону мутрибон ҳунари худро то мулки Чин муаррифӣ мекарданд, ки таъсири мусиқии шарқӣ то ҳол дар назми мусиқии чинӣ эҳсос мешавад. Дар баъзе манотиқи «Роҳи бузурги абрешим» тавассути ковишҳои бостоншиносон як қатор маводи марбут ба мусиқиву мутрибӣ пайдо гардидааст, ки шаҳодат аз баёнияи мост. Бозёфтҳои таърихӣ, ба мисли ҳайкали раққосону ҳунармандони саҳна, машшоқону мутрибон, ки имрӯз дар осорхонаҳои бузург нигоҳдорӣ мешаванд, ривоҷ ёфтани сайёҳии фарҳангии он замонро тасдиқ мекунанд.
Дар ин замина лозим ба зикр аст, ки «Роҳи бузурги абрешим» дар тамоми замони мавҷудияти хеш қотеан исбот намудааст, ки роҳ ҳамеша василаи рушд, хоссатан омили тавсеаи ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоии ҳар кишвар аст.
Дар робита ба равандҳои таърихию сиёсӣ минтақаи Осиёи Миёна, ки бошгоҳи асосии аҷдодони мо, тоҷикон ба ҳисоб меравад, тӯли қарнҳои зиёд аз равобити байниҳамдигарӣ бо Чин маҳрум гардида буд. Ҳоло, баъд аз дастёбӣ ба истиқлоли давлатӣ муносибатҳои байни Тоҷикистону Чин ривоҷ ёфтаааст, ки ин рӯйдодро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳибаи хеш бо Оҷонсии чинии Синхуа чунин шарҳ додааст: «Таърихи робитаҳои дуҷонибаи байни мардуми тоҷик ва чинӣ, ки дорои решаҳои бисёрқарнаи амиқ аст, аз давраҳои оғози «Роҳи бузурги абрешим» сарчашма гирифта, намунаи беҳтарини равобити муваффақона маҳсуб меёбад».
Ҳоло барои кишварҳои минтақа ва фароминтақавӣ имконияти мусоиде фароҳам омадааст, ки ба стратегияи рушди иқтисодии «Як камарбанд – як масир» васл шудани онҳо манфиатҳои зиёди иқтисодиро ба бор меоварад. Лозим ба зикр аст, ки ин стратегия моҳиятан идомаи мантиқии ҳамон “Роҳи бузурги абрешим» буда, нахустин маротиба дар соли 2013 тавассути Чин, ки ташаббускори ин иқдом мебошад, эълом гардидааст.
Стратегия ду самти асосии рушдро фаро мегирад, ки он иборат аст аз камарбанди иқтисодии «Роҳи бузурги абрешим» ва «Роҳи баҳрии абрешим». Дар муддати зиёда аз 10 соли таъсис садҳо мамолики дунё ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба ин стратегия ҳамроҳ шуда, дар тасмимоти ҳалли масоили лоиҳаҳои он ширкат меварзанд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба «Роҳи нави абрешим» ҳоло дар як қатор лоиҳаҳои ҷудогона иштирок варзида, аз манфиатҳои лозима баҳра бурда истодаанд. Намунаи нахустини тасмими роҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна ин вусул ба халиҷи Форс ва минбаъд ба уқёнуси ҷаҳонӣ аст, ки дар низоми пайвастсозии роҳи оҳани минтақа бо роҳи оҳани Ирон тавассути нуқтаи марзии Сарахс ифода гардидааст.
Кишвари Чин, ки ҳоло дар минтақа ва умуман дар миқёси байналмилалӣ аз ҷумлаи кишварҳои пешсаф аст, аз оғози равобити дипломатӣ дар рушди инфрасохтори Тоҷикистон нақши муҳим бозида, соли 2016 дар бунёди нақби мошингузари «Шаҳристон», ки қисматҳои шимолу ҷануби кишварро ба ҳам мепайвандад, саҳм гузоштааст. Дар соли 2020 таҷдиди роҳи Душанбе-Кулоб анҷом пазируфт, ки онро низ метавон аз ҷумлаи ташаббусҳои марбут ба «Роҳи нави абрешим» ҳисобид.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба таҷдид ва бунёди роҳҳои нав лоиҳаҳои бузурге татбиқ гардиданд, ки дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошанд. Ҳоло дар тамоми манотиқи Тоҷикистон амалан ҳам шоҳроҳҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҳам сатҳи ҷумҳуриявӣ мавриди таҷдид қарор гирифта, барои сайёҳон ва мусофирони дохилию хориҷӣ шароити бехатари сафар ва мусоидро ҷиҳати зиёрати маконҳои таърихӣ ва мероси таърихию фарҳангии марбут ба «Роҳи бузурги абрешим» фароҳам овардаанд.
Дар соли 2004-ум ифтитоҳ гардидани нуқтаи марзбонии Қулма-Қаросу дар марзи Тоҷикистону Чин на танҳо Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кард, балки ба яке аз шоҳроҳҳои асосии «Роҳи бузурги абрешим» табдил ёфт. Он Тоҷикистонро ба як маркази бузурги транзитии тиҷорат ва сайёҳии байналмилалӣ табдил дода, барои ширкатҳои Тоҷикистону Чин ва соири давлатҳои ҳамсоя роҳи кӯтоҳтаринро фароҳам овард. Дар ин бора дипломати тоҷик Олимов Р.Қ. қайд мекунад, ки нишондиҳандаҳои оморӣ ба он ишора мекунанд, ки нуқтаи марзбонии Қулма-Қаросу аз нигоҳи аҳамият баъд аз масири ҳавоӣ дувумин масири нақлиётӣ буда, тавассути равуои шаҳрвандони ҳарду кишвари ҳамсоя ва дигар сайёҳони хориҷӣ ба таври фаъол мавриди истифода қарор гирифтааст.
Чӣ тавре, ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар соли 2024 дар заминаи ташрифи худ ба Тоҷикистон баён намуда буд, Чин ва Тоҷикистон қарнҳост, ки ба унвони ҳамсоя зиндагӣ мекунанд ва сарнавишти муштарак доранд, зеро «Роҳи бузурги абрешим» дар тӯли беш аз 2000 сол хотироти гарми бешумореро ҳифз кардааст. Бозаргонони суғдӣ аз паҳнои беканори қитъаи Авруосиё гузашта, пули тиҷорие бунёд карданд, ки Чин, Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Аврупоро ба ҳам мепайваст ва бо ин иқдоми худ дар раванди табодули байни тамаддунҳо ва ғанисозии мутақобилаи фарҳанги мардумони «Роҳи бузурги абрешим» саҳми бебаҳо гузоштанд.
Дар заминаи ташрифоти ҳукуматии Чин дар соли 2024 як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ ба тасвиб расиданд, ки бозгӯи рушд ёфтани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаи сайёҳӣ, хоссатан, сайёҳии кишоварзӣ, сайёҳии тиббӣ, сайёҳии таърихию фарҳангӣ, сайёҳии кӯҳнавардӣ мебошад. Масоили соҳаи сайёҳӣ дар мулоқоти чандинкаратаи роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Чин дар Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии кишвари ҳамсоя нисбат ба рушди ин соҳа дар кишвари мо ҳамеша назари нек дошта, дар робита ба пайвастани Тоҷикистон ба лоиҳаҳои «Роҳи нави абрешим» таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад.
«Бар асоси тақвияти ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар ҳавзаҳои маъмулӣ, ба мисли соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва истихроҷи маъдан мо минбаъд низ имкониятҳои ҳамкориро дар соҳаҳои технологияҳои нав, зеҳни сунъӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва сайёҳӣ барои саҳми боз ҳам бештари рушди муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод», - омадааст дар суханронии Тсзи Шумин сафири Ҷумҳурии мардумии Чин дар Душанбе, ки ӯ дар ин маврид аз натиҷаи мусоҳиба бо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 15 августи соли 2025 иттилоъ додааст.
Албатта, барои кишвари мо зарур аст дар амалӣ намудани нақшаҳои стратегияи рушди иқтисодии «Як камарбанд – як масир» ва тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаи бузурги «Роҳи нави абрешим» бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунад. Зеро дар сурати дунболагирӣ накардан аз нақшаҳои доираи байналмилалӣ имкони коҳишёбии даромади миллӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, коршиносон дар робита ба тавсеаи соҳаҳои иқтисодӣ, минҷумла соҳаи сайёҳӣ назарияҳои худро пешниҳод карда, бар ин ақидаанд, ки дар сурати дур мондан аз ин мегалоиҳа нахуст фишангҳои нави иқтисодиро аз даст медиҳем ва сониян, дар рушди сармоягузорӣ, хоссатан дар соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ низоми ғайриқобили қабул ба миён меояд. Чуноне ки муҳаққиқи соҳа К.А. Қудратов зикр менамояд, Тоҷикистону Чин дар маҷмуъ барои ташаккули низоми ягона ва рушди соҳаҳои марбута дар робита ба ин масоил зарур аст ба таври фаъол гом бигузоранд. Тоҷикистон ва Чин бояд ҷиҳати тавсеаи муштараки ташаббуси «Як камарбанд - як масир» ва имкони ҳамкорӣ дар бахшҳои суннатӣ, аз қабили амнияту сиёсат, иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг ва рушди соҳаҳои сайёҳию соҳибкорӣ аз имконоти мавҷуда истифода баранд.
Ҷобир Мардонзода,
ходими илмии ИИТСС ДБССТ
|
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 29.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
|