Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

РУШДИ УСТУВОРИ САЙЁҲӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ТО ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНӢ

РУШДИ УСТУВОРИ САЙЁҲӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ТО ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНӢ
Оғоз аз соли 1979, ҳамасола 27 сентябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ таҷлил карда мешавад. Ҳадаф аз таҷлили ин санаи таърихӣ рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва иқтисодӣ буда, равобити кишварҳо ва халқияту миллатҳо дар арсаи ҷаҳон тавсеа мебахшад.
Ин нуктаро бояд қайд кард, ки соҳаи сайёҳӣ дар муаррифӣ намудани таърих, тамаддун, фарҳанг ва урфу одати халқу миллатҳои гуногун дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ дорад. Дар замони муосир сайёҳӣ ба яке аз соҳаҳои пешрафтаи иҷтимоию иқтисодӣ табдил ёфта, дар кишварҳое рушд кардааст, ки мероси бойю пурғановати фарҳангиву таърихӣ ва табииву маданӣ, инфрасохтори рушдкарда ва роҳу василаи нақлиётии мусоид доранд. Дар ин баробар қобили зикр аст, ки ҳифз ва эҳёи мероси таърихиву фарҳангӣ, табииву маданӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва роҳҳо, тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа метавонанд ҷиҳати тавсеаи сайёҳӣ ба ҳайси яке аз манбаъҳои боэътимоди даромади иқтисоди миллӣ кумак расонанд. Сайёҳӣ ин пеш аз ҳама василаи тафреҳи одамон ва қонеъ сохтани майлу рағбати сайёҳон ҷиҳати шинохти мероси таърихиву фарҳангӣ, захираҳои табиию маданӣ ва баҳрабардорӣ аз намудҳои мухталифи хизматрасонӣ мебошад, ки дар робита ба ин имрӯз дар соҳаи сайёҳӣ сарватҳои рекреатсионӣ торафт аҳамияти хосса пайдо карда истодаанд.
Масъалаи мубрами замони муосир ин аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва зуҳури дигаргуниҳои куллӣ дар вазъи сиёсиву иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳон таъмини амният барои рушди сайёҳӣ ҳамчун омили муҳим пазируфта шудааст. Дар шароити имрӯза миқдори андаки кишварҳое вуҷуд доранд, ки дар заминаи сайёҳӣ амнияти комилро таъмин мекунанд ва хушбахтона Тоҷикистони азизи мо дар ин самт муваффақ мебошад.
Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ дорои шароит ва имкониятҳои мусоид буда, осори таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиию мадании он хело ғанӣ мебошад. Тоҷикистон кишвари рӯ ба рушд буда, рушди соҳаи сайёҳӣ метавонад аз ҷумлаи сарчашмаҳои асосии даромади буҷети мамлакат бошад.
Аз оғози дастёбӣ ба истиқлоли давлатӣ масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, дар масири рушди соҳаи сайёҳии мамлакат чораҳои зарурӣ татбиқ шудааст. Дар давоми 34 соли соҳибистиқлолии кишвар соҳаи сайёҳӣ ба таври лозим рушд ёфта, ҳамасола ҳузури сайёҳони хориҷӣ ба манотиқи сайёҳии Тоҷикистон сад дар сад афзудааст.
Дар муддати ду даҳсолаи охир, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ пазируфта шудааст, имконияти ворид намудани шаҳрҳои қадима, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва амсоли инҳо ба атласи сайёҳии ҷаҳон бештар гардида, барои муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои минтақаҳои сайёҳӣ ва мардуми меҳмоннавоз шароит фароҳам омадааст.
Дар ин замина соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат тадриҷан рушд ёфта, натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд, ки шаҳодати самти афзалиятнок будани ин соҳаро тасдиқ мекунанд. Дар ин баробар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ имтиёзҳои муҳими андозию гумрукӣ фароҳам овардааст, аз ҷумла, ширкатҳои сайёҳӣ дар давоми панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида озод карда шуда, барои воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ ҷиҳати бунёди иншооти сайёҳӣ имтиёзҳои дигар пешбинӣ карда шудаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти соҳаи сайёҳӣ якчанд стратегияву консепсияҳо ва қонуну барномаҳо қабул гардидаанд, хоссатан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», «Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2004-2009», «Консепсияи миллии рушди туризм барои солҳои 2009-2019», «Барномаи давлатии рушди туризм барои солҳои 2010-2014», «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017», «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020», «Барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурии тоҷикистон барои солҳои 2021–2025», «Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» заминаи қонунгузории кишварро барои рушди соҳаи сайёҳӣ мукаммал мекунанд.
Саъю талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи сайёҳии кишвар аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дастгирӣ ёфта, баъд аз он, ки дар соли 2007 Тоҷикистон ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ пазируфта шуд, як қатор чораҳои сатҳи байналмилалӣ дар кишвар роҳандозӣ гардиданд.
Тоҷикистон аз нигоҳи иқлим, обу ҳаво, манзараҳои табиӣ, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ беназир буда, макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад ва аз ин рӯ, боз ҳам сайқал додани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва ҷалби бештари сармояро талаб мекунад.
Ҳоло ҳукумати ҷумҳурӣ якҷоя бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқат тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаанд.
Барои рақобатпазир шудани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, мутахассисони забондон ва донандаи фарҳангу таърих, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳа бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки аз ҷумлаи тадбирҳои аввалиндараҷа мебошад.
Инчунин бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2018 бо мақсади пешбурд ва оммавигардонии соҳаи сайёҳӣ «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул карда шуда, татбиқи он марҳала ба марҳала роҳандозӣ шуда истодааст.
Ин нуктаро қайд кардан зарур аст, ки Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 самтҳои асосии рушди сайёҳиро дар мамлакат барои 10 соли оянда муайян мекунад. Стратегияи мазкур ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар хориҷи давлат ва вуруди Тоҷикистон ба бозорҳои байналмилалии сайёҳӣ асноди муҳим маҳсуб меёбад. Қабул гардидани Стратегияи рушди сайёҳӣ, барномаҳои давлатии рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ, ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ ва таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ барои афзоиши шумораи сайёҳон замина фароҳам овардааст, ки дар натиҷаи ин ҳама тадбирҳо шумораи сайёҳон дар соли 2024 нисбат ба солҳои пешин афзуда, миқдори умумии он қариб ба 1,5 млн. нафар расидааст.
Бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имконоти мавҷуда дар ин самт ва омода кардани кадрҳо дар назди Донишгоҳи байналмилали сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ таъсис дода шудааст, ки мақсади асосии таъсиси ин ниҳод тақвияти истифодаи захираҳои илмӣ ва ҷалби олимони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати мусоидат намудан ба рушди устувори сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мебошад. Институти мазкур ҳалли масъалаҳои калидии рушди устувори сайёҳӣ ва соҳибкориро тавассути татбиқи лоиҳаҳои илмӣ ба амал мебарорад.
Ҳамин тариқ, таъсиси Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон заминаи муносиби илмию таҳқиқотӣ ба ҳисоб меравад. Дар доираи фаъолияти Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар соли 2025 Барномаи рушди сайёҳии дохилӣ барои солҳои 2026-2030 таҳия гардид, ки ин санад бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Санади мазкур ҳамчун заминаи муҳими ташаккули нақшаҳо ва ташаббусҳои созанда пазируфта шуда, барои рушди сайёҳии дохилӣ шароити мусоидро фароҳам меорад.
Татбиқи амалии лоиҳаҳо дар Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ шароит фароҳам меоранд, ки соҳаи сайёҳӣ ва рекреатсия, инчунин соҳаи соҳибкорӣ сатҳи сифатан навро касб кунанд. Дар баробари ин, бо зоҳир намудани таваҷҷуҳи хос ба рушди сайёҳии кӯҳӣ ва соҳибкории саноатӣ дар татбиқи лоиҳаҳои илмии Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ роҳу усулҳое таҳия шудаанд, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар афзоиши даромади буҷетӣ, аз ҳисоби азхудкунии минтақаҳои нави сайёҳӣ ва фароғатӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар мусоидат менамоянд ва дар коҳишёбии сатҳи бекорӣ, зиёд шудани ҷойҳои нави корӣ кумак мерасонанд.
Лозим ба зикр аст, ки барои таҳлили иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили вазъи соҳа зарур мебошад, зеро он барои таҳияи стратегияи рушди саноати сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ истифода мегардад. Дар ин радиф дар асоси таҳлилҳои Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ омилҳои асосии ба рушди сайёҳӣ ва соҳибкории кишвар таъсиррасон муайян карда шуда, дар робита ба афзалият, имконият, хавф ва иқтидори сайёҳии ҷумҳурӣ ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи амиқ пешниҳод карда мешавад.
Чи тавре, ки дар боло зикр кардем, Тоҷикистон аз лиҳози ҷалби сайёҳон мавқеи хосро дар минтақа ишғол мекунад ва дар баробари ин Тоҷикистон барои сайёҳои кишвари амниятарин низ дониста мешавад ва низоми содакардашудаи раводид барои сайёҳон далели дигарест, ки хизматрасониҳои соҳаи сайёҳии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ мавриди эътирофи умум қарор гирифтааст.
Дар робита ба ин қайд кардан зарур аст, ки бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон пешниҳоди тартиби содаи раводид, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата роҳандозӣ шудааст, ки муҳлати он то 60 рӯз тамдид мегардад ва барои рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон ҳастанд, низоми содагардонишудаи раводиди бисёркарата – 3 сола ҷорӣ карда шудааст. Ҳукумати мамлакат чунин ташаббусҳои созандаро идома дода, барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, инчунин бунёди инфрасохтори он ба таври пайваста тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд.
Тайи чанд соли охир Тоҷикистон дар раддабандии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавқеи намоёнро касб намуда истодааст ва тибқи маълумоти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ кишвари мо дар ҷойи намоён қарор дорад. Аз ҷумла, маҷаллаи сайёҳии бритонии «Wanderlust» Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эътироф кардааст. Шабакаи иҷтимоии «Globe Spots» Тоҷикистонро дар сархати даҳгонаи давлатҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷой додааст. Нашри русии маҷаллаи маъруфи «National Geographic» шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил намудааст. Нашрияи «The Independent» пойтахти мамлакат-шаҳри Душанберо ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рўи таъмини амнияти шабона эътироф намудааст. Ҳамзамон Тоҷикистон дар раддабандии ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи давлатҳои беҳтарини ҷаҳон шомил намудааст.
Маҷаллаи маъруфи сайёҳии «Lonely Planet» Тоҷикистонро ҳамчун як макони аҷиб барои саёҳат муаррифӣ карда, кишвари моро ҳамчун як макони дорои манзараҳои кӯҳӣ, кӯҳҳои барфпӯш ва кӯлҳои яхбаста тавсиф кардааст. Дар мақола омадааст, ки Тоҷикистон барои кӯҳнавардӣ, пиёдагардӣ ва тамошои манзараҳои зебо хеле ҷаззоб аст. Дар мақолаи «The Guardian» Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамчун маконҳои аҷиб барои саёҳат тавсиф шудаанд. Дар мақола ба манзараҳои кӯҳӣ, таърихи бой ва фарҳанги гуногуни ин ду кишвар ишора шудааст.
Дар муҳокимаи корбарони «Reddit» кишварҳои барои саёҳат ҷаззоб мавриди баррасӣ қарор гирифта, Тоҷикистон низ ба шумули ин кишварҳо пазируфта шудааст, ки тибқи натиҷаи онҳо манзараҳои кӯҳӣ ва фарҳанги шоистаи мардуми тоҷик шоистаи таҳсин мебошад.
Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» дар соли 2023 Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни 142 давлати ҷаҳон тибқи раддабандии ҳарсолаи низоми ҳуқуқ ва тартибот дар ҷойи якум қарор додааст. Муҳимтар аз ин дар раддабандии «Global Peace Index» (Раддабандии амниятии ҷаҳонӣ), Тоҷикистон дар қатори кишварҳои амн ва ором қарор дорад. Ин нишон медиҳад, ки Тоҷикистон барои сайёҳон муҳити ором ва амн аст. Амнияти сайёҳон яке аз омилҳои муҳими ҷалби онҳост, ки Тоҷикистон бо захираҳои табиӣ, фарҳангӣ ва таърихии худ барои сайёҳон макони бехатар ва амн ба шумор меравад.
Имрӯзҳо Тоҷикистон на фақат барои сайёҳон, балки барои сармоягузорон низ макони амн мебошад. Созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва ташкилотҳои гуногуни сармоягузории соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба ин соҳа мароқ зоҳир намуда, айни ҳол татбиқи якчанд лоиҳаҳои хурду бузургро ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд татбиқи лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ» ва тавассути Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» мавриди амал қарор гирифтаанд, ки барои рушди самтҳои гуногуни соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамоянд.
Ин ҳама пешрафт ба туфайли амнияти доимӣ, истиқлол ва сулҳу ваҳдати кишвар воқеъ гардидааст ва бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати озоду обод ва макони мусоид барои рушди сайёҳӣ боз ҳам ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам менамояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон хеле рушд карда, дар ин самт чораҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд. Онҳо ба рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла бунёди инфрасохтори зарурӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ, рушди сайёҳии истироҳатию табобатӣ, ҷалби сармоягузориҳо, грантҳо ва татбиқи барномаҳои сармоягузории давлатӣ, муаррифии бештари ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, пайдо намудани мавқеи устувор дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ, таъсиси шароити мутобиқ ба талаботи сайёҳони хориҷӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ, зиёд намудани теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ ва аз ин ҳисоб зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ нигаронида шудаанд.
Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, бо шуғл фаро гирифтани аҳолии мамлакат бо роҳи ташкили касбомӯзӣ ва ҷалби онҳо ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, ба роҳ мондани корҳои хонагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Албатта, ба чунин ҳадафҳои созанда бо меҳнати софдилона, азми қавӣ ва муттаҳидии мардум шарафёб гардидан мумкин аст, ки хушбахтона мардуми Тоҷикистон аз чунин имконот бархурдоранд.
Бо назардошти аҳамияти афзояндаи соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ тадбирҳои ҳамаҷонибаи идоракунии самараноки ин соҳа амалӣ гардида, барои ин як қатор самтҳои муҳим пешниҳод шудаанд. Ин ҷанба иборат аз самтҳои асосии мукаммалгардонии идоракунии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон буда, аз инҳо таркиб ёфтаанд:
- татбиқи усулҳои барномавии мақсаднок барои рушди сайёҳӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал;
- тарҳрезӣ ва татбиқи барномаҳои инфрасохторӣ, бо мақсади беҳтарсозии зерсохторҳои сайёҳӣ;
- беҳтарсозии механизмҳои ташкилӣ ва иқтисодӣ дар самти ташкили хизматрасонии сайёҳӣ;
- таҳияи консепсияи рушди сайёҳӣ дар минтақаҳо ва дастгирии давлатӣ дар ин раванд;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи самараноки инфрасохтори мавҷуда;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти бахши давлатӣ ва хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- рафъи хатар ба гуногунрангии табиӣ ва ҳифзи минтақаҳои дорои захираҳои сайёҳӣ;
- татбиқи барномаҳои комплексии сайёҳӣ дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ;
- маблағгузорӣ ба бунёди комплексҳои сайёҳӣ дар гӯшаву канори мамлакат;
- таҳияи модели консептуалии рушди сайёҳӣ ва созмони бренди миллии сайёҳӣ;
- татбиқи барномаҳои тайёр намудани кадрҳои касбӣ барои соҳаи сайёҳӣ.
Пеш аз ҳама, зарур аст барномаҳои мақсадноки миёнамуҳлати рушди сайёҳӣ ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам дар сатҳи маҳалҳо таҳия ва татбиқ шаванд. Барои ҷалби бештари сайёҳон ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ бояд инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла роҳҳо, меҳмонхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар иншоотҳои марбут ба соҳа такмил дода шавад.
Дар маҷмӯъ, маркетинги муосири сайёҳӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ, таҳлили нишондиҳандаҳои омории рушди соҳа ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта метавонанд заминаи устуворро барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон фароҳам оранд.
Интизор аст, ки Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ин самт ба натиҷаҳои беҳтарин ноил шуда, дар ҳалли масъалаҳои рушди устувори сайёҳӣ ва соҳибкорӣ гомҳои назаррас боқӣ мегузорад. Ҳамзамон ниҳоди мазкурро зарур аст бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии хориҷӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монда, барои истифодаи таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ дар самти рушди устувор тадбирҳои судманд андешад. Дар ин ҷода ба роҳ мондани татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва сармоягузорӣ натиҷаҳои чашмрас хоҳад дод. Инчунин, лозим аст дар омодасозии кадрҳои илмӣ ва дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои илмии барои рушди устувори сайёҳӣ ва соҳибкорӣ нигаронидашуда рисолати хешро иҷро намояд.
Қудратов К.А. – н.и.т., дотсент, мудири шуъбаи омодасозии кадрҳои илмии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ

📅 Санаи нашр: 30.09.2025
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо