Нақши ВАО дар тарғиби зарфиятҳои сайёҳӣ
(бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ)
Сайёҳӣ ҳамчун василаи шинохти халқҳо аз замонҳои қадим дар ташаккул ва рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши назаррас доштааст. Инсоният дар тўли мавҷудияташ маҳз тавассути сайёҳӣ олами атрофро дарк намуда, сарзамину кишварҳои навро кашф кард, ба табодули савдо рағбат намуда, онро рушд дод, бо мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳанги халқиятҳои гуногун ошно гардид ва ба ин васила ҳаёти иҷтимоиашро дигаргун сохт.
Сайёҳӣ аз рўзгори пешин барои пешрафти ҷомеа ва ҷаҳонбинии мардум аҳаммияти калон дошт. Онро метавон чун намуди фаъолияти тафреҳӣ-меҳнатии инсон аз замоне, ки таърих бо пайдоиш ва тараққиёти тамаддунҳо оғоз меёбад, мансуб донист. Сайёҳӣ яке аз қисмҳои таркибии таърихи халқи тоҷик маҳсуб ёфта, бо таърихи умумии халқ алоқамандӣ дорад. Сайёҳӣ ба он шакли фаъолият мансуб аст, ки оғози он то ба ташаккули ҷамъияти мутамаддин рафта мерасад.
Сайёҳӣ дар ташаккул ва тараққиёти тамаддуни ҷаҳонӣ, ба монанди тамаддунҳои маҳаллӣ, аз қадим нақши бузурге доштааст. Инсон дар тўли таҳаввулоти иҷтимоиаш ба дарки олами атроф ва кашфи сарзаминҳои нав, рушди тиҷорат, фатҳ ва аз худ кардани заминҳои бекорхобида ва дастрасӣ ба роҳҳои нави нақлиёт шавқу рағбат дошт. Дар аксари одамон майли дидани мавзеъҳо, кишварҳо, шиносоӣ бо ҳаёт ва расму оини халқҳои дигар вуҷуд дорад. Ҳамаи ин омили зуҳури шаклҳои гуногуни саёҳат гардид.
Ҳамин тавр, гузаштагони мо бо мақсадҳои гуногун аз як минтақа ба минтақаи дигар мерафтанд. Сафари онҳо савора ба воситаи корвонҳо ва пиёда сурат мегирифт. Мақсади сафар асосан тиҷорат, дидорбинии хешовандон, зиёрати ҷойҳои муқаддас, бо шуғл фаро гирифтан, бо мақсади таҳсил ва амсоли ин иборат буд. Аз рўйи маъхазҳои таърихӣ маълум аст, ки гузаштани Роҳи бузурги абрешим аз қаламрави мамлакати мо низ барои омаду рафти сайёҳон мусоидат менамуд.
Сайёҳӣ шоҳроҳҳои бузургеро ба шакл даровард, ки тавассути онҳо омаду рафти тоҷирон, ҷаҳонгардон ва сайру саёҳаткунандагон осон гардид. Се шохаи асосии Роҳи бузурги абрешим маҳз тавассути ҳудуди кишвари мо мегузашт. Дар сарчашмаҳои қадимаи форсҳо, юнониҳо, чиниҳо ва арабҳо саҳми тоҷиконро дар фарҳанг ва тиҷорати ҳамон давра, махсусан асрҳои V – XII қайд намудаанд. Минтақаҳои тоҷикнишин ва ҳудуди Тоҷикистони таърихӣ саросар дар масири ин роҳи корвонгузари интиқолкунандаи абрешим қарор доштанд, ҳатто аз он се шохаи ин роҳи таърихӣ мегузашт, ки роҳи якум аз Суғд ва ё роҳи шимолии байни Самарқанд ва Қошғар, дуюм роҳи Қаротегин байни Термиз ва Қошғар, сеюм Помир, ки Балхро бо Тошқўрғон мепайваст.
Ҳамин тавр, Роҳи бузурги абрешим на танҳо дар муомилоту мубодилаи мол байни Шарқ ва Ғарб хизмат мекард, ҳамзамон пуле буд барои мубодилаи ғояҳо, тамаддунҳо ва аз ҳама муҳим - инсонҳо. Шоҳроҳи абрешим дар табодули арзишҳои моддию маърифатӣ ва фарҳангӣ нақши муассир дошта, тамаддуни нотакрори Шарқи Наздик, Миёна ва Дур, Осиёи Марказиро ба ҳам овард. Имрўз бошад, Роҳи бузурги абрешим бо дигар тарҳ дар лоиҳаҳои гуногун эҳё мегардад, ба мисли лоиҳаи «Як камарбанд, як роҳ», ки барои ҳамгироии кишварҳои минтақа ва густариши соҳаи сайёҳӣ нақши муҳим ва бориз дорад.
Ҳамин тавр, агар ба таърихи мафҳуми сайёҳӣ назар афканем, он хеле барвақт пайдо шудааст ва аз ҷиҳати этимологӣ калимаи «туризм» аз калимаи фаронсавии tourisme маншаъ мегирад ва маънои саёҳат, сайругаштро дорад, ки бо баргаштан аз ҷойи саршавии саёҳат ба поён мерасад, яъне баргаштан ба макони зисти доимӣ.
Бо мурури замон сайёҳӣ ҳамчун соҳаи ҷудогонаи фаъолияти хоҷагидорӣ ташаккул ёфт. Дар замони муосир он ба яке аз шохаҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо мубаддал гардида, дар ҷаҳон соҳаи аз ҳама сердаромадтарин маҳсуб меёбад.
Сайёҳӣ ё туризм дар ҷаҳони имрўза маъруфияти бештаре касб карда, сол аз сол таваҷҷуҳ ба ин соҳа меафзояд. Пайдоиши сайёҳӣ дар дунё аз ҳисоби муносибатҳои тиҷоратӣ дар байни давлатҳо ба миён омадааст ва барои пешрафти ҷомеа аҳаммияти муҳим дорад. Сайёҳӣ барои тавсеаи ҷаҳонбинӣ, шинохти фарҳанги миллату халқиятҳои гуногун ва дар маҷмуъ тафаккури инсон нақши муҳим мебозад. Теъдоди сайёҳон дар дунё бамаротиб зиёд мешавад ва бисёр давлатҳо аз ин раванд пурсамар истифода мебаранд, чунки сайёҳӣ соҳаи бисёр сердаромад аст. Сайёҳӣ аз муҳимтарин бахши иқтисодиёти ҷаҳон ба шумор рафта, пас аз нафт ва мошинбарорӣ аз ҷиҳати даромаднокӣ дар ҷойи сеюм мавқеъ гирифтааст.
Дар замони муосир сайёҳӣ ба яке аз соҳаҳои рушддиҳандаи иқтисодиёти давлату кишварҳо табдил ёфтааст. Ба ин манзур, ағлаби кишварҳо кўшиш менамоянд, ки аз мероси таърихӣ, табиӣ ва фарҳангии худ истифода намуда, заминаҳои рушди ин соҳаро дар кишварашон таъмин намоянд. Тоҷикистон низ дар ин самт истисно буда наметавонад. Дар асри муосир давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва хизматрасониро ба вуҷуд овардааст.
Таваҷҷуҳи махсуси давлат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи сайёҳӣ боис гардид, ки сайру сайёҳӣ ва масъалаҳои рушди он дар контексти фаъолияти рўзноманигорӣ мавқеи хоссаро касб кунад. Мавзуи сайёҳӣ ва масъалаҳои марбут ба он ба мавзуъҳои мубрами ВАО табдил ёфтааст.
Хуллас, дар татбиқи сиёсати Ҳукумати кишвар дар бахши сайёҳӣ, баррасии вазъ ва ҳолати ин соҳа ва инъикоси чорабиниҳои сатҳи гуногуни марбут ба рушди он ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ нақши бориз доранд. ВАО тавассути инъикоси воқеиятҳои сайёҳӣ ва масъалаҳои марбут ба он, аз як тараф, дар тарғибу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳӣ ва рекреатсионӣ (тафреҳӣ), ёдгориҳои таърихӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон саҳм мегузоранд, аз ҷониби дигар, бо баррасии масъалаҳои марбут ба ин соҳа дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ва рушди сайёҳӣ мусоидат мекунанд.
Абдуллоева Машҳура, н.и.ф., котиби илмии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ
|
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 29.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
|