Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

Нақши технологияҳои иттилоотӣ-инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди сайёҳӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва дурнамо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши технологияҳои иттилоотӣ-инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди сайёҳӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва дурнамо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 таъкид намуданд: «Рушди соҳаи алоқа, аз ҷумла таъмини суръати баланди Интернет ва арзиши дастраси он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва бунёди паркҳои технологӣ ва инноватсионӣ зарур аст».
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамгироии рақамисозӣ ба стратегияи рушди миллӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар байни ташаббусҳои асосӣ: Консепсияи иқтисоди рақамӣ (2019), барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ (2021), Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ (то соли 2040), инчунин барномаи Миллии тиҷорати электронӣ барои солҳои 2025- 2029 номбар намудан зарур аст.
Моҳи декабри соли 2024 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030-ро давраи иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуд. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ба фаъолият оғоз намуд.
Ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Агентии рушди байналмилалии Қазоқистон (KazAID) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар дастгирии рақамикунонии Тоҷикистон нақши муҳим мебозанд.
Сайёҳии муосир дар марҳилаи фаъоли тағирёбии рақамӣ қарор дорад. Технологияҳои иттилоотиву инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ барои ташаккули соҳаи сайеҳӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва васеъ намудани дастрасӣ ба маҳсулоти сайёҳӣ мусоидат менамоянд.
Дар шароити рақобати ҷаҳонӣ, кишварҳо ҳарчӣ бештар воситаҳои рақамиро барои рушди сайёҳӣ, бахусус тиҷораткунонии он муваффақона истифода мебаранд.
Чи тавре Ram Charan - машваратчии байналмилалӣ, муаллифи китобҳои машҳур дар соҳаи тиҷорат ва рақамигардонӣ (ИМА/Ҳиндустон) қайд намуданд: «Муттаҳидсозии зеҳни инсон ва зеҳни сунъӣ роҳи ягонаи пешравии тиҷорат дар асри XXI аст.»
Барои Тоҷикистон, ки мероси бойи фарҳангӣ ва табиӣ дорад, татбиқи самараноки технологияҳои иттилотӣ-инноватсионӣ (ТИИ) ва зеҳни сунъӣ (ЗС) метавонад пешбарандаи рушд ва ҳамгироии байналмилалӣ гардад.
1. Рақамикунонии хизматрасониҳои сайеҳӣ
Профессори Донишгоҳи Калифорнияи ҷанубӣ Улрике Гретцел қайд менамояд, ки «Зеҳни сунъӣ ба як нерӯи табдилдиҳанда дар соҳаи сайёҳӣ мубаддал шудааст, зеро он имконияти фардисозии хизматрасониҳоро дар миқёси васеъ таъмин намуда, таҳлили пешгӯишаванда ва системаҳои тавсиядиҳии ҳушмандро фароҳам меорад ва барои шаклгирии қарорҳои сайёҳон мусоидат менамояд.»
Тибқи таҳқиқотҳои илмии пажӯҳишгарони тоҷик (масалан, таҳқиқоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти илмӣ -таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон) муайян карда шудааст, ки рақамикунонӣ барои баланд бардоштани шинохти брендҳои миллии сайёҳӣ муҳим мебошад.
Вобаста ба ин аз ҷониби олимони тоҷик пешниҳод мегардад, ки платформаи ягонаи идоракунии ҷараёни сайёҳӣ дар Тоҷикистон таъсис дода шавад, то ҳам давлат ва ҳам бахши хусусӣ маълумотҳои навро ба таври мутамарказ идора кунанд.
1.1. Таҷрибаи байналмилалии истифодаи ТИИ дар соҳаи сайёҳӣ
• Рақамикунонии хизматрасониҳои сайеҳӣ
Кишварҳои рушдёфта платформаҳои рақамии бронкунӣ, сафарҳои виртуалӣ, барномаҳои мобилӣ ва зеҳни сунъиро дар хидматрасонии сайёҳон фаъолона ҷорӣ мекунанд.
Масалан дар Испания платформаи Spain Travel Health (Тандурустӣ ҳангоми сафар ба Испания) роҳандозӣ карда шуд.
Платформаи мазкур системаи электроние мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Испания таҳия гардида, барои назоратӣ ҳолати санитарии сайёҳоне, ки ба мамлакат ворид мегарданд, истифода мешавад. Платформаи мазкур, бахусус, дар давраи пандемияи COVID – 19 самаранок истифода гардид. Пеш аз ворид гардидан ба Испания сайёҳ тавассути сайт ва ё замимаи телефонӣ ба платформа номнавис гардида, намунаи санитариро пур менамояд. Баъд аз пур намудани намунаи санитарӣ платформа ба сайёҳ рамзи QR-и шахсӣ медиҳад, ки сайёҳ онро ҳангоми ворид шудан ба ҳавопаймо ва ҳангоми ворид ба аэропорти Испания пешниҳод менамояд.
Дар Кореяи ҷанубӣ барои баҳтар намудани таҷрибаи сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар намудани инфрасохтор, бахусус дар шаҳрҳои сайёҳӣ системаи Smart Tourism Cities истифода мегардад.
Элементҳои асосии консепсия аз замимаҳо ва платформаҳои зеҳнӣ иборат буда, ба сайёҳон хатсайрҳоро тибқи талаботи онҳо мутобиқ сохта, ҳолати системаи нақлиёт, ҳаҷми анбӯҳи сайёҳӣ ва ҳолати иншоотҳои маъмули сайёҳиро дар реҷаи вақти воқеъӣ нишон медиҳад.
Консепсия инчунин бо истифода аз технологияҳо муосир (IoT) тозагии ҳаво ва сифати муҳити зистро дар минтақаҳои сайёҳӣ, ки барои сайёҳон бисёр муҳим мебошанд, назорат намуда, системаи оқилонаи тавақуфгоҳҳоро ба сайёҳон пешниҳод месозад.
Бо истифода аз системаи Маълумотҳои бузург (Big date) ва зеҳни сунъӣ маълумотҳо таҳлил гардида, анбӯҳи сайёҳӣ пешгӯӣ мегардад, дар бораи ҳаракати сайёҳон, афзалиятҳои онҳо, баҳодиҳии сифати хизматрасониҳо ва омода намудани тавсияҳои инфиродӣ, чораҷӯӣ карда мешавад.
Дар доираи консепсия ба сайёҳон (масалан дар шаҳри Сеул) таксӣ ва автобусҳои бесарнишин, воситаҳои нақлиётии электрикӣ ва гибридӣ пешниҳод мегарданд.
Ҳамзамон бо истифода аз ҳақиқати виртуалӣ (VR) ба сайёҳон сайёҳатҳои виртуалӣ ба осорхонаҳо ва ҷойҳои таърихӣ ташкил карда шуда, бо истифода аз ҳақиқати иловагӣ (AR) ба сайёҳон тавассути роҳнамоҳои интерактивӣ иттилоотҳои иловагӣ ва қиссаҳо пешниҳод мегардад.
Дар Эстония бо мақсади ҷамъоварӣ, таҳлил ва идораи маълумотҳо дар бораи сайёҳон, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ, платформаи ягонаи идоракунии электронии анбӯҳи сайёҳӣ фаъолият менамояд. Мақсади асосии платформа аз баланд бардоштани самаранокии идораи соҳаи сайёҳӣ, паст намудани сарборӣ дар меҳмонхонаҳо ва операторони сайёҳӣ, таъмини бехатарӣ, назорат ва беҳтар намудани таҷрибаи сайёҳӣ иборат мебошад.
• Навоварӣ дар маркетинг
Маркетинг дар сайёҳӣ бо ворид гардидани Маълумотҳои бузург (big data), омӯзиши мошингӣ ва рекламаҳои мақсаднок дар шакли нав эъҷод мегардад. Дар бозори сайёҳии ҷаҳон таҷҳизотҳои таҳлили муносибатҳои сайёҳон, чат – ботҳо, VR/AR барои муаррифии иншоотҳои сайёҳӣ истифода мешаванд.
Масалан, ҳангоми ворид гардидан ба сомонаи осорхонаи Лувраи Порис аз якчанд толорҳои намоишии он бо тариқи виртуалӣ бо истифода аз навигатсияҳо, сайр намуд мумкин аст.
Чунин сайри виртуалӣ инчунин барои шинос гардидан ба шаҳри қадимаи Мачу-Пикчу-и Перу бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ташкил карда шудааст.
Идоракунии устувори ҷараёни сайёҳӣ
Технологияҳои иттилоотӣ имкон медиҳанд, ки сарбори минтақаҳои сайёҳӣ танзим карда шаванд.
Дар Япония аз соли 2024 бо мақсади содда намудани сайри сайёҳон раводиди электронӣ барои як қатор мамлакатҳо, аз ҷумла ИМА, Канада, Британияи Кабир, Австралия, Сингапур ва ғ. роҳандозӣ гардидааст. Дархост ва пардохти маблағҳо тавассути маҷазоӣ амалӣ гардида, баъд аз интихоби сайёҳ ба ӯ огоҳнома оид ба гирфтани раводид ирсол карда мешавад.
Дар Италия бо истифода аз технологияи Маълумотҳои бузург (big data) тибқи маълумотҳои операторҳои мобилӣ дар асоси истифодаи SIM-картаҳо оид ба анбӯҳи сайёҳон дар минтақаҳои алоҳида маълумотҳои таҳлилӣ омода карда мешаванд.
1.2. Намунаҳои татбиқи муваффақонаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи сайёҳӣ
• Фардикунонии пешниҳодҳои сайёҳӣ (тавсияҳои фардӣ)
Холдинги Booking бо истифода аз зеҳни сунъӣ ва хизматрасониҳои интегратсионӣ тавассути Booking.com дар доираи ба сайёҳон тавсия намудани меҳмонхонаҳо дар соли 2024 маҷмӯи бронсозии ҷойҳоро дар меҳмонхонаҳо ба 166 млрд долл. ИМА расонида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби фаъолияти рекламавӣ 5,9 млрд. долл. ИМА фоидаи соф ба даст овард.
Ширкати сайёҳии TUI Group (Олмон), ки самти асосии фаъолияташ ташкилии агентиҳои сайёҳӣ, парвозҳои ҳавоӣ, круизҳо, меҳмонхонаҳо ва чорабиниҳои дилхушӣ мебошанд, бо истифода аз технлогияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ операторҳои сайёҳӣ ва агентиҳои хизматрасонии маҷозиро бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва хадамотҳои сайёҳативу нақлиётӣ пайваст намуд. Дар давраи пеш аз пандемия ширкат ба зиёда аз 27 млн. сайёҳон дар як сол хизматрасонӣ намуд. Ширкат зеҳни сунъиро барои таҳлили афзалиятҳои муштариён ва муносибгардонии пешниҳодҳои сайёҳӣ ҳамаҷониба истифода менамояд.
Зеҳни сунъӣ, айни замон аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии Аморати Иттиҳоди Араб, Испания ва Италия барои таҳияи харитаҳои визуалии сайёҳӣ, хатсайрҳои виртуалӣ ҳамзамон пешбурди хатсайрҳои беназир, истифода мешавад, ки дар натиҷа, сайёҳон зудтар пешниҳодҳои барои худ муносибро дастрас менамоянд.
Чат-ботҳои сунъӣ ва ёрдамчиёни виртуалӣ
Ширкатҳои сайёҳӣ дар самти хизматрасонии худ аз WhatsApp и Facebook-ботоҳо, ки шабонарӯзӣ дархости муштариёро коркард намуда, сарбории операторонро кам менамоянд, истифода мекунанд.
Агентии яке аз азимтарин агетиҳои сайёҳии маҷозӣ буда, зеҳни сунъӣ ва dig data-ро таҳлили рафтори сайёҳон ва ирсоли пешниҳодоти инфиродӣ истифода менамояд. Инчунин аз ҷониби Агентӣ ёрирасонони овозӣ дар асоси зеҳни сунъӣ барои бронннамоӣ истифода мегарданд.
Ширкатҳои Skyscanner, Kayak и Booking.com чат-ботҳои сунъиеро истифода менамоянд, ки қобилияти пешбурди мусоҳибаро дошта, ба сайёҳон бе иштироки операторон барои броннамоӣ ва маслиҳатдиҳӣ шабонарӯзӣ хизмат менамоянд.
Автоматикунонӣ ва роботкунонӣ дар хизматрасонӣ
Дар меҳмонхонаи Henn-na Hotel-и Япония роботҳо бо зеҳни сунъӣ барои бақайдгирии ва ҳамроҳӣ намудани меҳмонон истифода мешаванд, ки ба паст намудани хароҷотҳо ва самаранок намудани хизматрасониҳо оварда мерасонанд.
Аэропорти Мюнхен ассисент бо зеҳни сунъӣ Josie Pepper-ро барои навигатсия ва кӯмаки муштариён истифода менамояд.
Истифодаи робот-кенсерж Connie, ки аз ҷониби ширкати Hilton дар якҷоягӣ бо шарики IBM Watson соли 2016 таҳия гардид буд, дар шакли пилотӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои ИМА татбиқ карда шуд. Робот-кенсерж Connie бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии меҳмонон, пешниҳоди иттилооти зарурӣ дар бораи хизматрасонии меҳмонхона, тарабхона, ҷойҳои тамошобоб, паст намудани шиддатнокиии кормандони бақайдгиранда, истифода мегардад.
Connie – робот ба саволҳои меҳмонон бо забони табиӣ ҷавоб гардонида, ба онҳо тарабхонаҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ, чорабиниҳоро тавсия дода, инчунин дар бораи хизматрасониҳои меҳмонхона нақл намуда, меҳмононро ба маконҳои зарурӣ раҳнамоӣ месозад.
Дурнамои ташаккули нархҳо, анбӯҳи сайёҳон ва муносибат
Дар Сингапур системаи Smart Tourism Analytics бо истифода аз зеҳни сунъӣ маълумотҳоро оид ба хароҷотҳои сайёҳӣ, давомнокии сайёҳат, таърихи иқомат, макони иқомат, фаъолият дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъоварӣ ва таҳлил менамояд.
Гурӯҳи зеҳни сунъии Amadeus (Испания) ва Корпоратсияи Sabre (ИМА) системаи ҷаҳонии паҳнсозӣ, ки зеҳни сунъиро бо системаи пуриқтидори ташаккули нархҳо пайваст намудаанд, ки дар натиҷа талабат пешгӯӣ карда шуда, нархи роҳхатҳои сайёҳӣ ва чиптаҳои ҳавопаймоӣ бо таври автоматикӣ тағйир дода мешаванд.
• Зеҳни сунъӣ дар системаҳои идоракунии мулоҳизаҳо ва шӯҳратнокӣ
Чунин платформаҳо ба монанди TrustYou ва ReviewPro зеҳни сунъиро барои таҳлили ҳазорҳо мулоҳизаҳои сайёҳон бо усули вақти воқеъӣ, истифода менамоянд. Ин, ба меҳмонхонаҳо ва агентиҳои сайёҳӣ барои муайян намудани нуқтаҳои заиф ва андешидани чораҳо ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо мусоидат менамояд.
2. Ҳолат ва имконият, хавфҳо ва тавсияҳо барои рушди технологияҳои иттилоотиву инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
2.1. Ҳолат ва имкониятҳо
Мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон, табиати беназир ва кӯлҳои бетакрори он, ҳайвоноту набототи нодир, инчунин кӯҳҳои баланд барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва афзоиши саҳми ин соҳа дар ММД-и кишвар шароити заруриро фароҳам овардааст.
Дар Тоҷикистон, сарфи назар аз мушкилиҳои ҷойдошта, аз ҷумла рушди нокифояи инфрасохтори рақамӣ, норасоии мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ ва дастрасии маҳдуд ба технологияҳои муосир - афзоиши таваҷҷӯҳ ба рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ мушоҳида мешавад.
Тавре доктори илмҳои иқтисод, профессор, Иброҳимзода Илҳомуддин — директори Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон қайд намудаанд: «Зеҳни сунъӣ барои сайёҳии Тоҷикистон на танҳо воситаи муаррифӣ, балки василаи таҳлили оқилонаи маълумоти бозор ва беҳсозии роҳҳои хизматрасонӣ аст.»
Рақамикунонии сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» пешбинӣ шудааст.
Дар ҷумҳурӣ системаи электронии гирифтани раводид ҷорӣ карда шуд ва аз 1-уми июни соли 2016 портали нави E-Visa барои гирифтани раводиди электронӣ дастрас шуд. Системаи электронии раводиди E-Visa ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла сайё ҳон имкон медиҳад, ки аризаи электрониро пур намуда, бидуни сафар ба консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷа раводиди электронӣ гиранд.
Инчунин масъалаи ҷорӣ намудани иҷозатнома барои фаъолияти сайёҳӣ бо усули электронӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.
Барномаи мобилии "Харитаи сайёҳии Тоҷикистон" (Tourist Map Tajikistan) таҳия ва кор дароварда шуд, ки новобаста аз баъзан мушкилотҳои ҷойдошта иттилооти зарурро оид ба иншоотҳои сайёҳӣ, хатсайрҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳои кишвар ба сайёҳон дастрас мегардонад.
Платформа TOUR.tj. яке аз қадамҳои муҳим дар самти истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар самти сайёҳии кишвар буда, тавассути он сайёҳони дохилӣ ва хориҷи метавонанд хатсайрҳои сайёҳиро интихоб намуда, чиптаҳои ҳавопайморо дастрас намуда, суғурта кунанд ва кӯмаки техникӣ гиранд.
Сомонаҳои алоҳидаи операторҳои сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар таблиғоти имкониятҳои сайёҳии кишвар, аз ҷумла, тариқи маҷозӣ саҳмгузорӣ намуда истодаанд.
Дар Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар қисмати ташаккули инфрасохтори муосири сайёҳӣ, рушди инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ ва хизматрасониҳои молиявӣ ба сифати яке аз афзалиятҳо муайян карда шудааст. Инчунин, зарурати мусоидат ва дастгирии ширкатҳои сайёҳӣ дар самти хариди таҷҳизоти зарурии иттилоотӣ ва техникӣ ва қобилияти фаъолияти тиҷорати маҷозӣ дар Стратегия қайд карда шудааст.
Дар сатҳи академӣ ва амалӣ дар Тоҷикистон ба нақши технологияҳои иттилоотӣ дар навсозии соҳаи сайёҳӣ таваҷҷӯҳ зиёд мегардад. Муассисаҳои таҳсилоти олӣ (масалан, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон) ба ҷорӣ намудани курсҳои маркетинги рақамӣ, системаҳои GIS ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, бахусус сайёҳӣ ва хизматрасонӣ шурӯъ намуданд.
Ба намунаи саҳми илмӣ - таҳқиқоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро шомил намудан мумкин аст, ки дар он зарурати табдили рақамии соҳаи сайёҳӣ таъкид карда мешавад. Дар доираи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон барномаҳои байнидонишгоҳӣ оид ба сайёҳии рақамӣ таҳия карда мешаванд. Гузаронидани конфронсҳои илмӣ, таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва стратегияҳои давлатӣ эътирофи аҳамияти зеҳни сунъиро тасдиқ мекунанд.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва сохторҳои он, бахусус Институти илмӣ – таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, инчунин шарикони байналмилалӣ барои ҷорӣ намудани навгониҳо, аз ҷумла харитасозии рақамии хатсайрҳои сайёҳӣ ва истифодаи рамзҳои QR барои шинос намудани сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо иншоотҳои мероси фарҳангии кишвар фаъолона ҳамкорӣ менамояд.
Кумита барои татбиқи платформаҳои бронкунии маҷозӣ, роҳнамоҳои рақамӣ ва системаҳои дар асоси зеҳни сунъӣ асосёфта барои таҳлили ҷараёнҳои сайёҳӣ чораҳо меандешад.
Ҳамин тариқ, модели миллии сайёҳии рақамӣ ташаккул меёбад, ки ба рушди устувор, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ нигаронида шудааст.
2.2. Самтҳои калидии татбиқи технологияҳои иттилоотӣ – инноватсионӣ дар соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИНФРАСОХТОР
РАВОДИДҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ
ХАРИТАҲОИ РАҚАМӢ ВА РАМЗҲОИ QR РОҲБАЛАДОН
МАҶОЗӢ – РЕЕСТРҲОИ ОПЕРАТОРОНИ САЙЁҲӢ
ЗЕҲНИ СУНЪӢ –ТАҲЛИЛОТИ АНБӮҲИ САЙЁҲӢ
МАОРИФ ВА ОМОДАСОЗИИ КАДРҲО
МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
2.3. Мушкилот ва маҳдудиятҳо
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи ТИИ ва ЗС дар соҳаи сайёҳӣ мушкилот ва маҳдудиятҳои муайян мавҷуданд. Аз ҷумла:
- Сатҳи нокифояи саводнокии рақамӣ дар бахши сайёҳӣ;
- Дастрасии маҳдуд ба интернет дар минтақаҳои дурдаст;
- Норасоии кадрҳое, ки қодиранд лоиҳаҳои ТИИ-ро амалӣ намоянд;
- Номукамалии заминаи қонунгузорӣ ва дастгирии стартапҳо дар соҳаи сайёҳӣ
2.4. Тавсияҳо оид ба рушди ТИИ ва ЗС дар сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таҳияи Стратегияи давлатии сайёҳии рақамӣ;
- Бунёди портали миллии сайёҳӣ бо харитаи интерактивӣ, бронкунӣ, AR VR;
- Ҷорӣ намудани шиносномаҳои рақамии хатсайрҳо барои сайёҳони хориҷӣ
- Таҳия ва татбиқи барномаи таъмин ва дастгирии ширкатҳои сайёҳӣ барои ба даст овардани таҷҳизоти зарурии иттилоотию технологӣ ва қобилияти фаъолияти тиҷоратӣ тавассути интернет;
- Тавсеаи хизматрасониҳои электронии сайёҳӣ дар реҷаи барномаҳои онлайн (раводид, меҳмонхона, тарабхона, нақлиёт);
- Рушди инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ ва хизматрасониҳои молиявӣ;
- Насби рамзҳои QR дар иншоотҳои сайёҳӣ бо мақсади бо забонҳои гуногун муарифӣ намудани иншоотҳо сайёҳӣ;
- Истифодаи дронҳо ва big data барои мониторинги сайёҳии экологӣ - Рушди экосистемаи соҳибкории рақамӣ дар доираи Институти илмӣ- таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ;
- Бунёди платформаи рақамии «Visit Tajikistan»;
- Омӯзиш ва омодасозии кадрҳо дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва сайёҳӣ;
- Ҷалби сармоягузорӣ ба стартапҳои технологияҳои иттилоотии сайёҳӣ;
- Таҳия ва табиқи лоиҳаҳои пилотии минтақаҳои сайёҳии ҳушманд;
- Ҳамкории байналмилалӣ бо платформаҳои навъи Booking.com, TripAdvisor, Google Travel.
Хулоса
Технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ унсури ҷудонашавандаи сайёҳии муосир мебошанд. Барои Тоҷикистон татбиқи онҳо метавонад як қадами муҳим дар самти рушди устувори иқтисодӣ, афзоиши иқтидори содиротии хизматрасонӣ ва ташаккули симои мусбати кишвар дар арсаи байналмилалӣ бошад. Аммо, барои ин сиёсати системавӣ, сармоягузорӣ ба инфрасохтор ва рушди салоҳияти рақамӣ зарур аст.
Зеҳни сунъӣ соҳаи сайёҳиро ба таври куллӣ тағйир дода, дастрасӣ ва самаранокии иқтисодии онро баланд мебардорад. Таҷрибаҳои байналмилалии болзикрро, бахусус дар самтҳои маркетинг, хизматрасонӣ ва таҳлили фикру мулоҳизаҳои сайёҳон, бахусус сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон низ ҳато дар ҳолати маҳдудиятҳои молиявӣ қисман татбиқ кардан мумкин аст.
А. Раҳмонзода - Мудири Шуъбаи таҳияи лоиҳаҳо ва кор бо грантҳои ИИТСС ДБССТ

📅 Санаи нашр: 30.09.2025
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо