КИ БАР ҲИММАТИ ӮСТ БУНЁДИ ИЛМ
(Ба истиқболи Рӯзи муаллим, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ба таври ҳарсола дар нахустин даҳаи моҳи октябр баргузор мегардад)
Шояд бартарин тавофи роҳи ҳаққ тавофи муаллим аст, ки ҳамеша ҳаракат дар миёни шогирд ва тахтаи синф дорад ва ин тавофи ӯ лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёти инсонҳоро бунёд мекунад. Меҳроби ӯ ҳамон синфхона аст, он ҷо ки ҳамеша суханони ростин тавассути нафасҳои муаллим ба зиндагӣ тароват, соҳили нигоҳҳояш ба қалби толибони илм оромиш мебахшад. Ҳарфҳояш чун ҷавоҳир дар сандуқи зеҳни онҳо боқӣ мемонанд.
Бузургон фармудаанд, муаллим касест, ки барои муаллимӣ халқ шуда ва шойистагии ин шуғли муқаддас ва лаёқати ин мақому манзалати олиро дошта бошад. Бояд ба эътибор гирифт, ки муаллим дар қиболи кори пурзаҳмати худ подоши ночизи моддӣ ба даст меорад, аммо чизҳои дигаре дарёфт мекунад, ки ҷанбаи моддӣ надоранд. Касоне, ки дар шуғлҳои дигар кор мекунанд, аз дарёфти чунин чизҳо маҳрум ҳастанд ва онҳо иборатанд аз:
- муаллим норасоии даромади молии худро бо лаззатҳои маънавӣ ҷуброн мекунад, зеро лаззате аз он болотар вуҷуд надорад. Лаззате, ки муаллим аз боз кардани чашму гӯши толибилмон ва ошно кардани онон бо маърифат ба даст меорад, бештар аз лаззате аст, ки як меъмор ё муҳандис аз сохтани бинои муҳташам, як бастакор аз эҷоди оҳанги тоза, як адиб аз иншои осори бадеӣ эҳсос мекунанд.
- муаллим ҳар қадар ки рушд мекунад, бештар аз ноқисиҳои амали худ огоҳ мешавад ва алоқаманд аст, ки зудтар ин ноқисиҳоро рафъ созад, камолоти ахлоқиву илмиро дарк намуда, дар пешбурди ҳирфаи хеш дастболо мегардад.
- муаллим батадриҷ ин ақидаро пайдо мекунад, ки ҳеҷ коре пуршарафтар аз кори таълим нест ва агар одат ба омӯзиши пайваста карда бошад, ба ҳеҷ қимате кори худро ба мансаби пурдабдаву сердаромад иваз намекунад.
Зимнан зикр кардан бамаврид аст, ки мо ҳамеша дар миёни олим ва муаллим тафовут гузошта бошем. Зеро ҳар касе ки пайваста мутолиа мекунад, олими ҳақиқӣ намешавад ва ҳар олим ҳам наметавонад муаллими ҳақиқӣ бошад. Дуруст фаҳмонидани матлаб, ҳазм намудани маънӣ дар рӯҳ, қудрати халлоқии нутқу баён бо риояи шарти “ ҳар сухан ҷойеву ҳар нукта мақоме дорад” ба муаллим имкон медиҳанд бо ҳисси шафқат, дилсӯзӣ, меҳрубонӣ ва шеваи хушсуханӣ шогирдонро ба худ ҷазб кунад. Лоиқтарин фармондеҳи низомӣ бидуни доштани сарбозони варзида ва шуҷоъ наметавонад коре анҷом диҳад ва нахустин кори ӯ тартиби сарбозон ва муҷаҳҳаз кардани онҳо бо лавозимоти ҷангӣ аст. Ба ин гуна роҳбари як идора, агар фозилу донишманд буда ва дар ихтиёри худ кормандони таълимдида надошта бошад, наметавонад масъулиятеро иҷро намояд. Пас маълум мешавад, ки нишонаи масъулияти муаллими ҳақиқӣ шогирдони таълиму тарбиятдидаи ӯ мебошанд.
Бузургворе фармудааст: “Муаллимӣ шуғл нест, муаллимӣ ишқ аст, агар онро чун шуғл интихоб кардаӣ, раҳояш кун ва агар ишқ аст, муборакат бод”. Ин ҳирфаи пуршараф ба муаллим насиб гаштааст, то масири ҳидоятро ба навомӯзон биёмӯзонад. Муаллим маърифатро бар лавҳи қалби ҳар шогирди худ ҳакк мекунад ва нидои фитратро ба гӯши онҳо мерасонад. Ҳамчунин сиёҳии ҷаҳлро аз дилҳо зудуда, зулоли доноиро дар равони онҳо ҷорӣ месозад. Дар ин масири муқаддас бузургоне қадам ранҷа кардаанд, ки номи онҳо то замоне, ки маърифат дар ин олам барпост, ҷовидон хоҳад буд.
Муаллим, ки ашхоси зиёдеро ба саъодат расонда ва худ ба саъодат расида ва бо умеди саъодати пайваста бо чанд ҷумла ба сухани худ иктифо мекунем:
Муаллим ба толибилмон танҳо хондан ва навиштанро ёд намедиҳад, балки ба онҳо равиши зиндагиро меомӯзад ва ёд медиҳад, ки чӣ гуна дар фарозу нишебҳои зиндагӣ ва дар талхиву шикастҳояш дубора баланд шаванд, азми худро ҷазм карда, бо руҳияи қавӣ ба ҳаракат идома диҳанд.
Муаллим ҳамчун чароғе дар дили торикиҳо аст, ки моро роҳнамоӣ мекунад, то аз нодониву ҷаҳолат раҳо шуда ва ба сӯйи олами рӯшани илм раҳсипор шавем.
Ин муаллим аст, ки моро аз даврони кӯдакӣ ба гунае парвариш мекунад, то дар даврони ҷавонӣ битавонем ба таври устувор дар ҷомеа зиндагӣ бикунем.
Ин муаллим аст, ки моро аз ҳамон оғози парвариш, ки чун ниҳолу кӯчаку заъиф ҳастем, бо муҳаббати худ обёрӣ карда, то ҳадди ба мисли дарахти тавонманд парвариш ёфтан тарбия мекунад.
Ин муаллим аст, ки дар дунёи маҳдуди як синф дунёи бузургеро бароямон нишон медиҳад. Дар робита ба ин мазмун педагоги машҳури рус Ушинский фармудааст: “Таъсироти тарбияи муаллим барои рӯҳи ҷавон мисли шуои самарабахши офтоб аст, ки онро ба ҳеҷ василаи дигар иваз кардан номумкин аст”.
Беҳуда нест, дар ситоиши чунин омӯзгорони асил, ки роҳи ҳазорон инсонҳоро мунаввар менамоянд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро изҳор кардаанд: “Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”.
Ҷобир Мардонзода,
ходими илмии Институти илмию
таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ
|
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 29.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
|