ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ
Тайи солҳои охир дар робита ба дастовардҳои бузурги иқтисодӣ, ташаккул ва рушди соҳаҳои саноат, рушди бахши хизматрасонӣ афзоиши сатҳи даромаднокии аҳолии сайёра ба чашм мерасад, ки ин боиси баландшавии қобилияти харидории аҳолӣ гардида, бахусус ба соҳаи хизматрасонии сайёҳӣ таъсири бузург дорад. Вобаста ба ин вазъ сайёҳии байналмилалӣ босуръат рушд меёбад, ки дар таъмини рушди он нақши Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид назаррас мебошад.
Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (United Nations World Tourism Organization) дар таърихи 1-уми ноябри соли 1975 таъсис ёфта, вазифаҳои асосии он аз инҳо иборат аст:
- тавсеаи сайёҳии устувор, дастрас ва ҳамгиро;
- ҳамоҳангсозии сиёсати сайёҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ;
- таҳия ва нашри омори муқоисавии сайёҳӣ дар ҷаҳон;
- таҳияи меъёрҳо ва санадҳои қонунгузории байналмилалии соҳа;
- таҳияи шароити таҳсилоти сайёҳӣ ва мусоидат ба табодули таҷриба ва амсоли инҳо.
Маҳз бо ташаббуси Ассамблеяи генералии СУС СММ (UNWTO) таърихи 27 -уми сентябр дар соли 1979 дар шаҳри Торремолиноси Испания ҳамчун рузи байналхалқии сайёҳӣ қабул гардид ва он аввалин маротиба соли 1980 таҷлил карда шуд (интихоби ин сана ба он вобаста аст, ки маҳз 27-уми сентябр Ойинномаи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ қабул гардида буд).
Созмони мазкур фарогири 160 давлати аъзо мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи онҳо қарор дорад.
Пас аз шомилшавии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи сайёҳӣ рушди ҳамаҷиҳатаи соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ба қайд гирифта шудааст. Боиси зикр аст, ки соли 2007-ум муншии СУС Толиб Рифоҳӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар ҷараёни сафар бо шароити Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ (собиқ Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат) шинос гардид. Мавсуф дар ҷараёни сафар бо иқтидори сайёҳии кишвар шиносоӣ пайдо намуда, изҳор намуд, ки воқеан ҳам Тоҷикистон кишвари кашфношудаи сайёҳӣ мебошад ва мебояд тамоми имкониятҳои ин кишвари афсонавӣ дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ муаррифӣ гардад.
Тоҷикистон бо табиати нотакрор, қаторкӯҳҳои баланду осмонбӯс, олами набототу ҳайвоноти нодир, солимии экологии хосса, мардуми меҳмондӯст ва дорои фарҳанги пурғановати қадима, менталитети махсус, меҳмондусту меҳмоннавоз, иншооти ташаккулёфтаи инфрасохтори сайёҳӣ ва ғайра аз дигар манотиқи дунё фарқ карда, тамоми имкониятҳоро ҷиҳати ишғоли мақоми муайян дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ доро мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон сайёҳиро яке аз самтҳои асосии рушди иқтисоди кишвар арзёбӣ намудааст. Бинобар ин, бо мақсади таъмини рушди соҳа як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқии муҳим, ба мисли Қонун “Дар бораи сайёҳӣ”, барномаҳо ва консепсияҳои рушди сайёҳӣ ва инчунин, Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 қабул гардидааст. Стратегияи рушди сайёҳӣ ба тавсеаи инфрасохтор, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва гуногунсозии маҳсулоти сайёҳӣ равона карда шудааст.
Ҷойгиршавии куҳҳои сарбафалаккашида дар ҳудуди кишвар (қаторкуҳҳои Ҳисор, Зарафшон ва Помир) ҳамчун тавлидгари асосии иқтидори сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ, ба мисли куҳгардию куҳнавардӣ, саргузаштию рекреатсионӣ, интершикору фотошикор, этно ва агросайёҳӣ, рафтинг ва парапланерализм, сайёҳии рекреатсионӣ ва ғайра дар ишғоли мавқеи устувор дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ барои Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Тавассути ЮНЕСКО ба сифати меросҳои ғайримоддӣ ва моддии фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф гардидани “Ҷашни Навруз”, “Шашмақом”, “Оши палов”, “Қалъаи Саразм”, “Роҳи абрешим”, “Фалак”, шаҳри қадимаи “Тахти сангин”, ибодатхонаи қадимаи буддоии “Аҷинатеппа”, “Боғи миллии Тоҷикистон”, “Оромгоҳи Хоҷа Машҳад”, мамнуъгоҳи “Даштиҷум”, “Чакан”, ва ғайра дар рушди сайёҳии Тоҷикистон ин омилҳо такони ҷиддӣ бахшиданд, ки боиси ифтихори халқи тоҷик аст.
Барои Тоҷикистон Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ на танҳо ҳамчун як санаи ҷашнӣ ва муайянкунандаи узвияти он ба ҳайси узви комилҳуқуқи кишвар дар СУС арзиш дорад, балки василаест, ки расман эълон гардидани уҳдадории онро дар самти рушди устувор ва масъулияти сайёҳӣ муқаррар мекунад. Дар ин рӯз дар кишвар чорабиниҳое татбиқ мешаванд, ки ифодагари масоили сайёҳӣ мебошанд. Масалан:
• баргузории ҷаласаҳо ва конфронсҳо дар доираи масъалаҳои соҳа;
• ташкили барномаҳои фарҳангӣ барои сайёҳону аҳолии муқимӣ;
• ташвиқи лоиҳаҳои нави сайёҳӣ ба воситаи расонаҳои гуногун;
• муҳимияти сайёҳӣ барои тамоми мардуми кишвар арзёбӣ мегардад;
• гузаронидани ҳамоишу вохуриҳо ва ғайра.
Тоҷикистон дар остонаи рушди босуботи сайёҳӣ қарор дорад. Захираҳои бойи табиӣ ва фарҳангӣ барои рушди соҳа заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои ин кишвар фурсате аст, ки на танҳо имкониятҳои худро ба ҷаҳон муаррифӣ намояд, балки уҳдадории худро ба рушди устувор, масъулона ва ба хотири ҳифзи мероси табиӣ ва фарҳангӣ таъкид кунад. Бо татбиқи стратегияҳои дурусту сармоягузории мутаносиб, Тоҷикистон метавонад ба яке аз марказҳои сайёҳии ҷолиби ҷаҳонӣ табдил ёфта, ба иқтисоди ҷаҳон саҳми арзанда гузорад.
Ёров Ҷамшед Нуруллоевич,
н.и.и., дотсент,мудири шуъбаи тањќиќоти сайёњии Институти
илмӣ-тањқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ