РУШДИ ФАРОГИРИ ИҶТИМОӢ ҲАМЧУН АМАЛИ МУШТАРАК
Аслан вақте сухан бобати мушкилоти омилҳои иҷтимоӣ меравад, бинобар сабаби шиддати баланди таъсиррасониашон ба вазъи ҷомеа, онҳо кӯшишу заҳмати зиёдро дар самти таъмини рушд тақозо менамоянд. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштирок ва суханронии худ аҳамияти некуаҳволии иҷтимоиро ҳамчун пояи таҳкими сулҳ, субот ва рушди устувор таъкид карда, ёдовар шуданд, ки то охири соли равон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026-2030 қабул мегардад ва ин марҳилаи ниҳоии Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030 фаро гирифта, бо Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳамоҳанг мебошанд. Дар асоси дастовардҳои раванди татбиқи барномаву стратегияҳои қабулгардида дар кишвар таҳкими сармояи инсониро тавассути рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, фаъолияти пурсамар ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо таъкид намуд.
Қайд гардид, ки рушди иҷтимоӣ ба фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисод ва устувории муҳити зист пайвастагии зич дорад. Аз руйи мавқеъ ва сохти географии кишвар “аз пайомадҳои тағйирёбии даври гидрологӣ, обхезиву хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ осебпазир мебошад”. Бинобар ҳамин ба мақсади таъмини некуаҳволии мардум, дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои табиӣ мунтазам чораҷӯӣ карда мешавад. Ҳамзамон зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро барои беҳтар намудани дастрасии кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маблағгузории устувор, алалхусус дар соҳаҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, гузариш ба иқтисоди “сабз” ва имкониятҳои зиёди Тоҷикистон дар робита ба иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ, рушди соҳаи энергияи “сабз” ва мақоми хоссаи кишвар аз рӯйи нишондиҳандаи истеҳсоли энергияи “сабз”, гузариши босуръат ба технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталиф барои татбиқи пурсамари Ҳадафҳои Рушди Устувор таъкид карда шуданд.
Ҳамин тавр, рушди фарогири иҷтимоӣ ҳамчун амали муштарак баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ҷалб намуд.
Маъдиев С., н.и.и., дотсент, ходими пешбари илмии ИИТСС ДБССТ
|
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 29.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
|