Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОИИ ҶАҲОНИ МУОСИР ВА НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ ОНҲО

МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОИИ ҶАҲОНИ МУОСИР ВА НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ ОНҲО
Дар замони муосир вобаста ба тағйирёбии вазъи низоми байналмилалӣ дар ҷомеаи башарӣ мушкилиоти хеле зиёде ба миён омадааст, ки ҷиҳати дарёфти роҳи раҳоӣ аз ин мушкилот барои кишварҳои олам зарур аст қавонини иттиҳод ва ҳамбастагиро риоя кунанд. Вобаста ба ин, ба таври пайваста баргузор намудани ҳамоишҳо ва мулоқоти судманд дар сатҳи байналмилалӣ заруру муҳим мебошад.
Дар таърихи 4 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Давҳаи Қатар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Қобили зикр аст, ки иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш намунаи фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии марбут ба масоили иҷтимоӣ мебошад, зеро баргузории чунин ҳамоиш дар ҳалли мушкилоти масоили иҷтимоӣ, таъмини рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти махсус дорад.
Гузориши масъала
Тибқи маълумоти мавҷуда ҳоло дар сайёра беш аз 8 миллиард нафар аҳолӣ сукунат дошта, мувофиқи нишондодҳои Бонки умумиҷаҳонӣ беш аз 800 миллион нафар дар ҳолати қашшоқӣ, ки даромади онҳо дар як руз ҳамагӣ ба 3 доллари амрикоӣ баробар аст, умр ба сар мебаранд. Ҳамзамон, дар соли 2024 агар теъдоди машғулони доимӣ дар сайёра ба 2,3 миллиард нафар баробар бошад, аз ин музди якрузаи беш аз 240 миллион нафари онҳо 2,15 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар солҳои охир шумораи аҳолии қобили меҳнат дар сайёра ба беш аз 2 миллиард нафар баробар гардидааст, ҳол он, ки дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ 2,3 миллиард нафар одамон банд мебошанд. Ҳамасола афзоиши аҳолии ҷаҳон беш аз 90 миллион нафарро ташкил медиҳад, аммо ташкили ҷойҳои корӣ ҳамагӣ ба беш аз 50 миллион баробар аст ва тибқи дурнамо дар давраи то соли 2029 он бояд ба 100 миллион баробар шавад.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки фарогири масоили иҷтимоӣ мебошад, ин афзоиши муҳоҷират мебошад. Муҳоҷирати меҳнатӣ амри воқеист, вале он пайомадҳои нохуб низ дорад. Омилҳое, ки ба афзуншавии шумораи муҳоҷирон ва тезутундшавии раванди муҳоҷират мусоидат менамоянд, пеш аз ҳама вазъи иҷтимоӣ, низоъҳои ҳарбӣ ва ногувории вазъи сиёсӣ, вайроншавии ҳолати экологии муҳит (васеъшавии биёбонҳо, буҳрони экологӣ, тағйирёбии иқлим ва ғ.), таъқиби сиёсӣ, ивазнамоии муҳити сукунат ва ғайраҳо маҳсуб меёбанд. Мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии муҳоҷират дар соли 2025 шумораи муҳоҷирони байналхалқӣ ба 281 миллион нафар ё 3,6% -и аҳолии сайёра баробар гардидааст.
Аз ҳисоботи Ташкилоти умумиҷаҳонии хоҷагии қишлоқ ва озуқа чунин бармеояд, ки миқдори маҳсулоти ғизоии дар як сол дар ҷаҳон истеҳсолшуда метавонад кулли аҳолии сайёраро бо маводи ғизоӣ таъмин намояд, вале маҳз тақсимоти ғайриоқилона боиси норасоии маводи ғизоӣ ва сар задани қашшоқию гуруснагӣ мегардад, зеро истеҳсоли солонаи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ба 2 миллиард тонна баробар буда, талаботи солонаи аҳолӣ беш аз 1,7 миллиард тоннаро ташкил медиҳад, яъне барзиёдии истеҳсол ба чашм мерасад.
Умуман мушкилиҳои дорои хусусияти иҷтимоӣ дар миқёси сайёра ниҳоят зиёданд ва баргузории чунин ҳамоишҳо метавонанд дар рафъи ин гуна мушкилиҳо нақши калидиро иҷро намоянд.
Қобили қайд аст, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ Тоҷикистон яке аз кишварҳои ташабускор ба шумор меравад. Вобаста ба ин дар ҷараёни суханронӣ дар ҳамоиши мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки қабул ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 яке аз қадамҳои муҳимест дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ. Ҳамзамон, изҳор доштанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ шуда истодааст, ки ин ҳам барои рушди соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад. Зикр намуданд, ки “Мо зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро барои беҳтар намудани дастрасии кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маблағгузории устувор, алалхусус барои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид менамоем”. Албатта, аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки дар Тоҷикистон вобаста ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ барномаҳои гуногун татбиқ гардида истодааст, ки ҳамасола коҳишдиҳии сатҳи камбизоатӣ дар кишвар, афзоиши ҷойҳои нави корӣ, пастшавии шиддати бекорӣ, таъмини зиндагии осоишта тасдиқи ин гуфтаҳоянд.
Сарвари давлати мо доир ба масоили гузариш ба иқтисоди “сабз” ва энергияи “сабз”, ба истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон низ андешаронӣ намуданд. Таъкид намуданд, ки гузариш ба иқтисоди “сабз” барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад. Тоҷикистон, бо дарназардошти иқтидори бузурги гидроэнергетикии худ, ба масъалаи таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди соҳаи энергияи “сабз” аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад, зеро имрӯз зиёда аз наваду ҳашт (98) фоизи нерӯи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои обӣ истеҳсол мешавад ва аз рӯйи нишондиҳандаи истеҳсоли энергияи “сабз” кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Воқеан ҳам Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои гуногуни дорои хусусияти глобалӣ ба таври фаъол иштирок намуда, пайваста ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мазкур пешниҳод ва ташаббусҳои хосаро зоҳир менамояд.
Мудири шуъбаи таҳқиқоти
сайёҳии ИИТСС ДБССТ Ёров Ҷ.Н.

📅 Санаи нашр: 07.11.2025
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо