Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

ҶАНБАҲОИ ГЕОГРАФИИ КОНСТИТУТСИЯ

ҶАНБАҲОИ ГЕОГРАФИИ КОНСТИТУТСИЯ
«Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Воқеан ҳам Конститутсия — ин ҳуҷҷати асосии ҳуқуқӣ мебошад, ки пойгоҳи сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии як кишварро ташкил медиҳад. Он на танҳо меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, балки уҳдадориҳои таърихии миллат, арзишҳои асосии он ва ҳадафҳои рушди ояндаро инъикос менамояд. Ҳамчун "Санадномаи сарнавиштсоз", Конститутсия нақши ҳалкунанда дар ташаккули давлат, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва таъмини устувории ҷомеа дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлолии тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллат мебошад. Дар Конститутсияи Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудааст.
Конститутсияҳо дорои ҷанбаҳои таърихӣ мебошанд ва он дар натиҷаи инқилобҳо, муборизаҳои миллӣ ва равандҳои демократӣ ба вуҷуд омадаанд. Аввалин маротиба Конститутсия дар ИМА ки дар руи коғаз оварда шуда буд, соли 1787 қабул шудааст. Баъдан соли 1791 дар Лаҳистон ва охири ҳамин сол дар Фаронса қабул шудааст.
Дар баробари ҷанбаҳои таърихию ҳуқуқӣ ҳамзамон, Конститутсия дорои ҷанбаҳои географӣ мебошад, ки он дар хусусиятҳои зерин инъикос меёбад:
- пеш аз ҳама он муайянкунандаи сохтори давлатӣ буда, ҳуқуқҳо ва вазифаҳои асосии шаҳрвандонро муайян месозад;
- ҳамчун қувваи олии ҳуқуқӣ маҳсуб ёфта, фарогири ҳудуди кишвар буда, тамоми дигар қонунҳо аз он манша мегиранд;
- дар он мустақилияти давлат бобати фазои ҳавоӣ ва минтақаҳои обӣ эътироф шудааст;
- ягонагии марзу буми кишварро таъмин менамояд;
- сохтори маъмурии кишварро муайян месозад;
- мақоми пойтахт муайян карда мешавад;
- дар он оид ба истифодаи сарватҳои табиӣ ва замин гуфта шудааст;
- тағйирёбии марзҳои сиёсии давлат муқаррар гардидааст;
- ба шаҳрвандон ҳаракати озодро кафолат медиҳад;
- дар он давлат ҳифзи муҳити экологиро бар душ мегирад;
- тартиботи иштироки давлат дар ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати тақёирдиҳии марзу бум дар он сабт гардидааст;
- ҳамчун пойгоҳи асосии тавлиди дигар қонунҳо ба шумор меравад;
- дар нигоҳдошти сохтори давлат ҳуҷҷати асосӣ маҳсуб меёбад.
Гузашта аз ин, Конститутсия на танҳо маҷмӯаи қонунҳо, балки ҳуҷҷати таърихӣ, сиёсӣ ва маънавӣ аст, ки сарнавишти миллатро муайян мекунад. Он ҳам заминаи рушди давлат аст, ҳам кафолати озодии инсон ва ҳам воситаи ҳамоҳангии иҷтимоӣ. Барои он ки Конститутсия вақеан "ҳуҷҷати сарнавиштсоз" бошад, зарур аст, ки он дар дилҳо ва амалиёти ҳаррӯзаи шаҳрвандон зинда бошад.
Мудири ишуъбаи таҳқиқоти
сайёҳии ИИТСС ДБССТ Ёров Ҷ.Н.

📅 Санаи нашр: 07.11.2025
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо