БАРРАСИИ МАСОИЛИ ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
(Дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пойтахти Қатар - шаҳри Давҳа ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши СММ)
Мусаллам аст, ки сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ё иштирок дар ҷаласаву ҳамоишҳои байналмилалӣ ҳамеша самаранок буда, дар тавсеа ва тақвияти равобит бо дигар кишварҳо ва институтҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Чӣ тавре, ки маълум аст, дар таърихи 4 ноябри соли 2025 Пешвои миллат ба пойтахти Давлати Қатар - шаҳри Давҳа сафари корӣ анҷом дода, дар робита ба рушди масоили иҷтимоӣ дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар заминаи ин нутқ баён гардид, ки баландбардории ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат буда, мунтазам мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад.
Ҳамчунин ин нукта ироа гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи кишварҳое мебошад, ки баҳри баландбардории сатҳи зиндагии шоистаи шаҳрвандони худ тамоми воситаҳои моддиву маънавиро сафарбар намуда, барои таъмини соҳаи иҷтимоӣ чораҳои заруриро пайваста роҳандозӣ мекунад. Ҳамасола ҷиҳати баландбардории маоши кормандони буҷетӣ, хоссатан кормандони соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз қабили маорифу илм, соҳаҳои ҳарбиву тандурустӣ ва дигар бахшҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар тадбирҳои фавриву саривақтӣ андешида мешаванд, ки талошҳои Ҳукумати кишварро дар робита ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ инъикос менамояд. Қабул ва мавриди татбиқ қарор гирифтани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 идомаи талошҳои Ҳукумати кишвар дар ин ҷода мебошад. Лозим ба зикр аст, ки санади мазкур ба сифати яке аз омилҳои асосии ҳифзу таъмини суботи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон хидмат карда, дар рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Дар ин баробар пешбинӣ шудааст, ки то охири соли равон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026-2030 қабул мегардад.
Дар заминаи татбиқи барномаву стратегияҳои зикргардида Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути тавсеаи соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ба таҳкими сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Хоссатан дар Тоҷикистон дар муддати ду даҳсолаи охир беш аз чаҳор миллион ҷойи корӣ таъсис ёфтааст, ки нишондоди хеле бузург мебошад. Ҳоло ҳашт барномаи давлатӣ ва се стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф мавриди татбиқ қарор гирифтааст, ки ин омил дар рушди соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин баробар дар самти таъмини фаъолияти пурсамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мунтазам тадбирҳои заруриро меандешад.
Дар суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор гардид, ки дар Тоҷикистон бо мақсади таъмини некуаҳволии мардум дар самти муқовимат бо тағйирёбии иқлим ба таври пайваста тадбирҳои лозима татбиқ шуда истодаанд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки “мо зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро барои беҳтар намудани дастрасии кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маблағгузории устувор, алалхусус барои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид менамоем”. Нуктаҳои муҳими суханронии Пешвои миллатро доир ба масоили гузариш ба иқтисоди “сабз” ва энергияи “сабз”, таваҷҷуҳ ба истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон ҳозирин хуш пазируфтанд. Дар ин зимн аз қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милал ёдоварӣ шуд, ки таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” бо ибтикори Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифта, он метавонад дар дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақа нақши муассир дошта бошад.
Дар ниҳояти сухани хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки шароити одилонаи рушди иҷтимоӣ барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва кулли мардуми олам фароҳам танҳо бо роҳи саъйу талоши дастаҷамъона фароҳам оварда мешавад. Аз ин рӯ, ба рушди иҷтимоӣ, ки яке аз бахшҳои калидии Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошад ба таври якдилона ва бо иродаи муштарак таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.
Дар заминаи ин сафари хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуда, аз ҷараёни рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қатар қаноатмандии худро изҳор карданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо изҳор намуданд, ки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷу коркарди маъданҳо ва кишоварзӣ минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт. Мавзуи ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, илму маориф ва сайёҳӣ дар меҳвари ин мулоқот қарор гирифта, аз ҷумла қайд гардид, ки ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҳамеша боиси таваҷҷуҳ аст. Дар робита ба ин сафари Пешвои миллат умедвор хоҳем буд, ки баррасии масоили соҳаи иҷтимоӣ дар сатҳи байналмилалӣ, ки зиндагии шоистаро барои мардуми олам ва хоссатан кишвари мо кафолат медиҳад, як қатор омилҳои нигаронкунандаро бартараф сохта, натиҷаҳои нек ба бор хоҳанд овард.
ҶОБИР МАРДОНЗОДА - ходими илмии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ
|
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 29.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
|