Республика Таджикистан

734055, г. Душанбе, п. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

СТАТЬЯ:
icon

СТАТЬЯ

Мақола

МАСОИЛИ ИҶТИМОӢ ДАР МАЪРАЗИ ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

МАСОИЛИ ИҶТИМОӢ ДАР МАЪРАЗИ ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
(Дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пойтахти Қатар - шаҳри Давҳа ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши СММ)
Имрӯз мувофиқ кардани сиёсати иҷтимоии кишвар бо ҳадафҳои умумии ҷаҳонӣ яке аз самтҳои асосии рушди устувор ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин замина дар таърихи 4 ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок ва суханронӣ намуда, мавқеи Тоҷикистонро дар самти таҳкими адолати иҷтимоӣ, рушди инсонӣ ва ҳифзи муҳити зист баён доштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки некуаҳволии иҷтимоӣ пояи асосии сулҳу суботи пойдор ва рушди устувор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Чуноне, ки Пешвои миллат дар ин ҳамоиш қайд карданд, сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи барномаҳои дарозмуддат ва Стратегияи миллӣ то соли 2040 мавриди татбиқ қарор гирифтааст ва ҳадаф аз он таъмини зиндагии шоиставу устувории иҷтимоӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад.
Президенти мамлакат дар робита ба ҳалли мушкилоти масоили иҷтимоӣ қайд карданд, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф мавриди амал қарор гирифта, ин иқдомҳо барои рушди нерӯи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва густариши донишҳои муосир аҳамияти калидӣ доранд.
Ҳамзамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Ҳукумати кишвар дар соҳаи тандурустӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ кардааст, то сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба онҳо ба таври пайваста беҳтар гардад.
Пешвои миллат ба ҳамоҳангии барномаҳои миллӣ бо Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид (SDGs) таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар татбиқи ин ҳадафҳо таҷрибаи муваффақ касб намудааст.
Дар идомаи суханронӣ зикр гардид, ки дар ду даҳсолаи охир беш аз 4 миллион ҷойи корӣ таъсис ва барқарор шудааст, ки ин далели сиёсати самараноки иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сарвари давлат ҳамчунин ба ҳамбастагии рушди иҷтимоӣ бо ҳифзи муҳити зист ва иқлим таваҷҷуҳ зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон яке аз ҷонибдорони фаъоли ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи захираҳои об ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим мебошад. Пешвои миллат дар робита ба ин таъкид карданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои умумибашарӣ, зарур аст дастрасии кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва маблағгузории устувор беҳтар гардад.
Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханрониашон ба масоили иқтисоди «сабз», истифодаи энергияи тоза ва татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ низ таваҷҷуҳ намуданд. Бо ифтихор қайд гардид, ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи махсус таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” қабул кардааст. Ин иқдом, ба гуфтаи Пешвои миллат, метавонад барои густариши имконоти технологӣ ва рушди устувор дар минтақаи мо саҳми назаррас гузорад.
Дар фарҷоми суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки бо ҳамгироии талошҳо ва иродаи муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ шароити одилонаи рушди иҷтимоӣ ва зиндагии шоиста барои тамоми мардумони ҷаҳон таъмин карда шавад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки рушди иҷтимоӣ бояд ба сифати яке аз бахшҳои калидии Ҳадафҳои Рушди Устувор мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор гирад.
Фирӯз Раҳмонов
мутахассиси пешбари маркази иттилоотии
Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва
соҳибкории ДБССТ

📅 Дата выпуска: 07.11.2025
⬅ Вернуться к Статьи
icon

СТАТЬЯ


📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 29.11.2025 📅 21.11.2025 📅 21.11.2025 📅 21.11.2025