Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ИҶТИМОӢ ДАР МУКОЛАМАИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ИҶТИМОӢ ДАР МУКОЛАМАИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ
(Дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Давҳаи Давлати Қатар ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид)
Мушоҳида мегардад, ки сафарҳои расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштироки пайвастаи он дар маҷлису нишастҳои байналмилалӣ ҳамеша натиҷаҳои муассир ба бор оварда, имкониятҳои навро барои густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ фароҳам месозанд. Тавре маълум аст, рӯзи 4 ноябри соли 2025 Пешвои миллат бо сафари корӣ ба шаҳри Давҳаи Давлати Қатар ташриф оварда, дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид марбут ба масъалаҳои иҷтимоӣ ҳузур ва суханронӣ намуданд. Дар баромади худ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии мамлакат яке аз самтҳои меҳварии сиёсати давлатӣ маҳсуб шуда, пайваста дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари пайрави сиёсати иҷтимоӣ тамоми иқтидори моддиву маънавиро ба кор бурда, барои беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва тақвияти низоми дастгирии иҷтимоӣ тадбирҳои ҳамешагӣ роҳандозӣ менамояд. Ҳамасола барои боло бурдани музди меҳнати кормандони бахши буҷетӣ, аз ҷумла омӯзгорону олимон, хадамоти тиббӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ иқдомҳои фаврӣ роҳандозӣ мешаванд, ки нишондиҳандаи амали сиёсати инсонмеҳвари давлат ба ҳисоб мераванд. Қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 идомаи ин раванд буда, татбиқи он барои таҳкими суботи иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум иқдоми муҳим арзёбӣ мегардад. Инчунин тибқи нақша дар поёни соли ҷорӣ Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026–2030 аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ хоҳад шуд.
Дар асоси татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои мавҷуда, давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса ба таҳкими сармояи инсонӣ равона намуда, рушди соҳаҳои маориф ва тандурустиро ҳамчун самтҳои калидӣ муаррифӣ мекунад. Дар муддати бист соли охир дар мамлакат зиёда аз чор миллион ҷойи корӣ таъсис ёфтааст, ки ин рақам аз рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ дарак медиҳад. Айни замон ҳашт барномаи давлатӣ ва чандин стратегияҳои дарозмуддат дар соҳаи маориф мавриди амал қарор доранд, ки нақши назаррас дар пешрафти сиёсати иҷтимоӣ ифшо менамоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон барои беҳтар кардани фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тандурустӣ ба аҳолӣ пайваста чораҳои зарурӣ меандешад. Дар суханронии худ Пешвои миллат ҳамчунин ба масъалаи зарурати тақвияти иқдомҳо дар самти муқовимат ба таъсири тағйирёбии иқлим ишора намуда, таъкид карданд, ки баланд бардоштани дастрасии кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маблағгузории устувор барои хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва рушди сармояи инсонӣ муҳим мебошад.
Ҳамчунин маврид ба таъкид аст, ки нуқtaҳои дигари суханронии Сарвари давлат, аз ҷумла оид ба роҳандозии иқтисоди «сабз», истифодаи энергияи «сабз», тавсеаи технологияҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун таваҷҷуҳи хосаи иштирокчиёни ҳамоишро ҷалб намуд. Дар ин замина аз қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ зикр шуд, ки таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бо ибтикори Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифта, метавонад барои дастрасии кишварҳо ба Ҳадафҳои Рушди Устувор саҳми муҳиме гузорад.
Дар фарҷоми нутқи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки фароҳам сохтани шароити баробар барои рушди иҷтимоӣ ва зиндагии шоиста барои тамоми қабатҳои ҷомеа танҳо дар ҳолати ҳамкории муштараку ҳамоҳангии ҷаҳонӣ мумкин аст. Аз ин рӯ, дар сиёсати глобалӣ ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ки яке аз самтҳои меҳварии Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошад, бояд бо иродаи якдилона таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Дар доираи сафари мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ низ мулоқот анҷом дода, ҷонибҳо аз сатҳи рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар изҳори қаноатмандӣ карданд. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, махсусан дар бахшҳои саноат, энергетика, истихроҷи маводи маъданӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо минбаъд низ тавсеа хоҳанд ёфт. Масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, маориф, илм ва сайёҳӣ низ дар меҳвари музокирот қарор доштанд.
Бо дарназардошти натиҷаҳои сафари мазкур метавон итминон дошт, ки баррасии масоили иҷтимоӣ дар сатҳи байналмилалӣ, ки ҳадаф аз он таъмин намудани зиндагии шоиста барои тамоми мардум, аз ҷумла аҳолии Тоҷикистон мебошад, ба таҳкими ҳамкориҳо мусоидат намуда, заминаи бартарафсозии монеаҳои мавҷуда ва ба даст овардани дастовардҳои навро фароҳам менамояд.
Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ - Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, Ректори ДСРТ,
Умаров Рустамҷон - мудири шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ Тоҷикистон

📅 Санаи нашр: 07.11.2025
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо