ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН – НАМОДИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ
(Дар ҳошияи ҷашни Рӯзи Парчами милли Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Парчами ҳар кишвар хулоса ва чакидае аз тарзи тафаккур ва талаққии як миллат дар бораи худ мебошад. Ин намоди миллӣ дар ҳар кишвар аз ангеза ва ормонҳои як миллат ҳикоят мекунад ва то ҳадде баёнгари шароити ҷуғрофӣ, моҳияти фарҳангӣ ва воқеоти сарнавиштсоз дар таърихи як миллат аст. Ҳангоме, ки дар бораи парчам, ҳамчун як намоди муқаддаси миллат ҳарф мезанем ё онро тасаввур мекунем, ҳатман дар ин бора суолоти зиёде, аз қабили Парчам чист?, Фалсафаи ба вуҷуд омадани парчам аз чӣ иборат аст?, Парчами кишварҳо чӣ нақшеро иҷро мекунанд?, Барои чӣ парчамро аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ меҳисобанд ва нисбат ба он арҷ мегузоранд? ва амсоли инҳо ба миён меоянд.
Ҳамаи мо бо анвои парчамҳо ошно ҳастем ва парчамҳоеро бо намодҳои мутафовите дидаем, аммо тақрибан ҳеҷ гоҳ ба маъно ва мафҳуми парчам диққат зоҳир накардаем. Парчамҳо маъмулан аз як порча матоъ сохта шуда, рангу рамзҳои мухталифро фаро мегиранд. Ҳар парчам рангу намоди хосеро нишон медиҳад, ки маъмулан мансуб ба намоди фарҳангу тамаддуни ҳамон як кишвар аст. Дар забони тоҷикӣ мутародифҳои парчам хеле зиёд аст, ки бо вожаҳое мисли ливо, байрақ, дирафш, алам ифода ёфтаанд. Таърифи қадимӣ ва содатари парчам ин аст, ки чизе бошад мисли матоъ ва ба даври найза баста шавад.
Дар замони асрҳои миёна аз парчамҳо ба унвони як намод дар ҷангҳо ва муҳорибаҳо истифода мебурданд. Аз гузашта то имрӯз истифода аз анвои мухталифи парчамҳо нишон додани ҳувият ва фарҳанги миллиро ифода мекунад. Имрӯз илова бар ин, ки парчамҳо намоди кишварҳо ҳастанд, онҳо мояи ифтихори миллӣ ва аз ҷумлаи муқаддасоти ҳар кишвару миллат мебошанд.
Ҳамон тавр, ки дар боло баён кардем, инсонҳо дар гузашта барои шиносонидани худ ё ҳукуматҳо барои муаррифӣ кардани ҷангҷӯёни худ бо тасвири намодҳое дар рӯи пӯст ё ягон навъ матоъ қудрати худро нишон медоданд. Вале дар замони муосир моҳияти муаррифии парчам тағйир ёфта, ҳар кишваре парчами хоси худро дорад, ки аз рамзу рангҳои хоси марбут ба фарҳанги он миллату давлат шаҳодат медиҳад.
Чӣ тавре, ки аз саҳифоти таърих бароямон маълум аст, асноди таърихии давлатдории тоҷикон собит месозад, ки дар масири таърих парчами тоҷикон борҳо такмилу такомул ёфтааст. Аз ин рӯ, ба ин хулоса омадан мумкин аст, ки шакл ва ранги парчам вобаста ба таҷрибаи таърихӣ ва ҳаводиси дар сарнавишти миллат рухдода тағийр меёбад.
Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд муаррифӣ гардида, дар дарозои таърих тавонистаанд бо таҷрибаи ғании давлатсозии худ империяҳои бузургу тавоноро ташаккул диҳанд. Омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон нишон медиҳад, ки парчам дар марҳалаи дурударози таърихи пуршебу фарози онҳо дорои маъно ва тарзу услуби хоси истифода буда, дар ин баробар як ҷузъи муҳимми таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ҳукмронии сулолаҳои ҳукмрон чунин парчамҳои миллати тоҷик маълуму машҳур мебошанд:
- Дирафши ковиёнӣ;
- Штандарти империяи Ҳахоманишиён;
- Дирафши давлати Ашкониён;
- Дирафши давлати Сосониён;
- Дирафши давлати Сомониён;
- Дирафши сулолаи Ғуриён;
- Парчами Аморати Бухоро;
- Байрақи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон;
- Байрақи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон;
- Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Имрӯз, ки мо дар арафаи таҷлили рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ин нуктаро бояд қайд кард, ки парчами мо бо ибораи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ буда, ранги сурх рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад ва тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.
Дар фароварди сухан мехоҳем ин нуктаро таъкид кунем, ки эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, ки парчами миллӣ яке аз аркони он мебошад, шаҳодати ватанпарастии ҳар яки мо мебошад. То он замоне, ки мо дар қалби хеш эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, хоссатан ба парчами миллиро бедор насозем, наметавонем аз ватанпарастиву ватандӯстӣ ҳарф занем.
Рӯзи Парчами милли Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ҳамватанони азиз муборак!
Ҷобир Мардонзода
Элмурод Қурбонзода
кормандони Институти илмию
таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ
|
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 29.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
|