ПАРЧАМ ВА МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРӢ
Имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои муқаддас – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ҳар сол 24 ноябр дар кишвари соҳибистиқлоли мо чун дигар иду ҷашнҳои миллӣ Рӯзи Парчами давлатӣ низ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ таҷлил мегардад. Дар фазои идона ҷашн гирифтани ин сана бори дигар моро ба эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва гиромӣ доштани Парчами давлатӣ, ки рамзи ифтихор аз давлату давлатдорист, даъват менамояд.
Тавре сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, қавмҳои ориёӣ, ки мо дар меҳвари ин тамаддуни оламгир қарор дорем, аз давраҳои қадимтарин ба парчам эҳтироми бузург доштаанд ва дар он мероси арзишманди фарҳангӣ, аҷдодӣ, роҳи пурифтихори тайкардаи худ ва дигар аломатҳои ифодакунандаи соҳибихтиёрии давлату давлатдориро инъикос намудаанд.
Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриётӣ, навиштаҷот ва деворнигораҳои гуногун, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Тавре маълум аст, таърихи парчамдории мо аз замони Куруши Кабир оғоз гардида, маъмултарини он парчами Коваи оҳангар буд, ки дар таърих бо номи Дирафши Коваёнӣ ёд мешавад. Он бори дигар аз мавҷудияти тамаддуни фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳии мардум башорат медиҳад. Дар ҷаҳони муосир бошад, доштани Парчами давлатӣ нишони мустақилист.
Бояд тазаккур дод, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз муқаддасоти миллии мо – Парчами давлатӣ қабул гардид. Тасдиқ ва қабули Парчами давлатӣ ба давраи басо мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад. Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани ин рамзи муқаддаси давлатдорӣ ба мардуми парешон аз оғози нек паём расонд.
Тавре Пешвои муаззами миллат дар мавриди ҷойгоҳи хоси Парчами давлатӣ таъкид медоранд, «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад». Ин таъкиди Сарвари давлат ҳар як нафари худогоҳро муваззаф менамояд, ки бо эҳсоси волои худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ба Парчами давлатӣ эҳтироми хосса дошта бошад. Зеро донистани қадру манзалати рамзҳои давлатӣ маънои гиромӣ доштани ин сарзамин, гузаштаи таърихии он ва ҳифзи арзишҳои муқаддаси Истиқлолияти давлатиро дорад.
Мусаллам аст, ки дар Парчами давлатӣ иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстию ватанпарастӣ, ҳимояи марзу буми муқаддаси мо таҷассум гардидааст. Ин аст, ки баробари дидани Парчами давлатӣ дар нишасту чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, барафрохтани он ҳангоми пирӯзиҳои варзишӣ моро эҳсоси ватандориву ғурури миллӣ фаро мегирад. Парчами давлатӣ бояд барои ҳар як сокини кишвар азиз бошад ва ҳар кас бояд маҳбубият ва садоқати худро ба он нишон диҳад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ бояд дар замири ҳар соҳибватан ҷойгоҳи шоиста дошта бошад.
Ба ин маънӣ таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашни ватандорист ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ дар назди давлат ва миллат мебошад.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Абдуллоева Машҳура, н.и.ф., котиби илмии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБСС
|
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 29.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
|