Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

МАВҚЕЪ ВА ҶОЙГОҲИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

Имрӯз дар як фазои саршор аз суботи комил ва ифтихори ватандрӣ ва шукргузори аз Истиқлолияти Ватан ва мустақилият дар баробари кишварҳо ва халқиятҳои дунё, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2025 бо иштироки васеи аъзои ҳукумат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва дигар шахсони бо салоҳият ва намояндагони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои эҳсоси масъулияти ватандорӣ ироа гардид.
Бояд зикр намуд, ки Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар нақши марказӣ дорад ва ҳамзамон ба рушди илму маориф, технология ва таҳсилоти муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.
Ин мавқеъ ва аҳамият шаҳодат медиҳад, ки илм ва маориф ҳамчун рукни асосии рушди устувор дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифта, барои таъмини пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаи боэътимод фароҳам меоранд. Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии кишвар бо таҷҳизоти муосир, имкониятҳои таҳлили сатҳи хуб ва истифодаи технологияҳои рақамӣ на танҳо малака ва донишҳои техникии донишҷӯёнро такмил медиҳанд, балки қобилияти онҳо дар самтҳои инноватсионӣ ва эҷодкорӣ ба сатҳи байналмилалӣ мерасанд. Шаҳодати он иштироки хонандагони мактабҳои миёна ва олии кишвар дар озмунҳои дохиӣ ва хориҷ аз кишвар мебошад.
Дар Паёми имрӯза ва роҳнамоиҳо барои соли 2026 Пешвои миллат махсус таъкид карданд, ки ҷалби ҷавонон ва мутахассисон ба илм ва таҳқиқоти илмӣ, рушди малакаҳои касбӣ ва инноватсионӣ барои ояндаи кишвар аҳамияти ҳалкунанда дорад. Омӯзгорон ва донишҷӯён бояд малака ва донишҳои худро мунтазам такмил диҳанд, дар таҳқиқоти илмӣ фаъолона ширкат намоянд ва дар татбиқи донишҳо оид ба технологияҳои нав, донистани забонхои хориҷӣ аз ҷумла русӣ ва англисӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот дар раванди таълим ва тадқиқотҳои илми такмил ва амалӣӣ карда шавад.
Ҳамзамон, ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор-кормандони соҳаи илм ва маориф низ аҳамияти махсус дода шудааст. Исботи ин қабул намудани “Қонун дар бораи мақоми омӯзгор” ва баланд намудани музди маоши онҳо ҳамасола ба сатҳи 25–30% афзоиш меёбад, ки ин далели таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор мебошад. Ин иқдомҳои стратегӣ нишон медиҳанд, ки роҳбарияти давлат, қадру манзалати илму дониш ва хизматҳои омӯзгоронро эътироф намуда, барои таъмини рушди устувори ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа махсусан насли ҷавон заминаи боэътимод фароҳам меорад.
Илова бар ин, барои ҳамқадам шудан ба ҷомеаи ҷаҳонтӣ, ба рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ ва системаҳои иттилоотӣ дар таҳсилоти олии кишвар аз самтҳои афзалиятнок эътибори аввалиндараҷа дода, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи илмии хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорон мусоидат мекунад. Ин равандҳо нишон медиҳанд, ки илм ва маориф на танҳо ҳамчун дастоварди фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, балки ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди устувори кишвар маҳсуб мешаванд.
Паёми навбатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як ҳуҷҷати сиёсӣ ва стратегӣ, балки роҳнамои муҳим барои таҳкими ҷойгоҳи илму маориф ва рушди малакаҳои инсонӣ мебошад. Ҷойгоҳи илм ва маориф дар сиёсати давлатӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат нишон медиҳад, ки рушди устувори кишвар бидуни рушду такмили дониш ва малакаҳои инсонӣ ғайримумкин мебошад.
Дар оянда татбиқи чорабиниҳои пешниҳодшуда заминаи рушди минбаъдаи кишварро дар соҳаҳои илму техника, таҳсилоти олии касбӣ ва таҳқиқоти илмӣ тақвият мебахшад.
Дар маҷмӯъ, соли 2025 бо таваҷҷуҳи хоса ба илм ва маориф, баланд бардоштани музди маоши омӯзгорон ва кормандони соҳаи илму маориф, бунёд ва азнавсозии мактабҳои замонавӣ ва таъмини онҳо бо истифодаи технологияҳои муосир қадами устуворест дар ин масир. Ҷойгоҳи илм ва маориф дар меҳвари Паёми Пешвои миллат нишон медиҳад, ки пешрафти устувори ҷомеа ва давлат бидуни маърифат ва донишҳои муосир имконнопазир аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи стратегияҳои миллӣ ва дастурҳои роҳбарияти давлат қадамҳои устувор барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва рушди зеҳнии насли ҷавони кишвар заминаи асосӣ мегузорад.
Мудири шуъбаи робитаҳои
байналмилалии Институи илмию
таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ
УМАРОВ РУСТАМҶОН

📅 Санаи нашр: 05.01.2026
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо