НАҚШИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОД ВА СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ
(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 16 декабри соли 2025 ироа гардид)
Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодӣ ва пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ зеҳни сунъӣ ба яке аз омилҳои калидии рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки татбиқи самараноки зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун на танҳо ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва хизматрасонӣ, балки ба ташаккули иқтисоди рақамӣ ва рушди сармояи инсонӣ мусоидат менамояд.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 16 декабри соли 2025 баргузор гардид, масъалаҳои рақамикунонии иқтисод, истифодаи технологияҳои муосир ва рушди масоили инноватсионӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян гардида, таъкид шуд, ки дастовардҳои технологияҳои рақамӣ бояд дар тамоми соҳаҳо ба таври муассир истифода шаванд. Ҳамчунин зикр гардид, ки ин масоил бояд ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.
Лозим ба зикр аст, ки таҳлили илмии нақш ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар рушди соҳаҳои гуногун барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ аҳамияти назаррас дорад. Зеҳни сунъӣ маҷмӯи алгоритм ва технологияҳое мебошад, ки дар низомҳои компютерӣ имконияти ба таври худкор истифода бурдани усулҳои таҳлилӣ, омӯзишӣ ва қабули қарорҳо аҳамияти назаррас дорад. Ин технологияҳо ба коркарди нишондиҳандаҳои бузург, омӯзиши раванд ва автоматикунонии амалиёт асос меёбанд.
Дар замони муосир иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун усули натиҷабахш истифода шуда, дар баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, сарфаи вақт ва ташкили шаклҳои нави фаъолияти иқтисодӣ мусоидат мекунанд. Аз ин лиҳоз, татбиқи онҳо ба ҳадафҳои рушди устувор ва гуногунсамтии иқтисоди миллӣ мутобиқат менамояд.
Чунончи маълум аст, дар соҳаи иқтисод зеҳни сунъӣ дар мавриди равандҳои таҳлили бозор, пешгӯии талабот, идоракунии захираҳо ва банақшагириҳои муҳим ба таври васеъ истифода мегардад. Технологияҳои зеҳнӣ имконияти таҳлили амиқи нишондиҳандаҳои бозорӣ ва арзёбии хавфҳоро доро буда, бо такя ба ин хусусиятҳо қарорҳои иқтисодӣ қабул карда мешаванд.
Тавре ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, рушди соҳибкории рақамӣ ва ҷалби технологияҳои нав метавонанд ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва хизматрасониҳо мусоидат намоянд. Зеҳни сунъӣ дар ин раванд ҳамчун омили инноватсионӣ баромад намуда, ба рушди лоиҳаҳои нав, платформаҳои рақамӣ ва хизматрасониҳои электронии рақобатпазир шароити мусоид фароҳам созад.
Дар бахши молия ва бонкдорӣ истифодаи зеҳни сунъӣ барои баҳодиҳии хавфҳои қарзӣ, ошкор намудани амалиёти шубҳанок ва пешниҳоди хизматрасониҳои фардӣ ба муштариён баҳри таҳкими суботи молиявӣ ва шаффофияти бозор мусоидат мекунад.
Ин нуктаро бояд қайд кард, ки соҳаи маориф аз ҷумлаи самтҳои муҳиме мебошад, ки дар он татбиқи зеҳни сунъӣ метавонад дар баланд бардоштани сифати таҳсилот таъсири назаррас расонад. Технологияҳои марбут зеҳни сунъӣ он имкониятеро доро мебошанд, ки раванди таълимро такмил дода, тавассути хонандагону донишҷӯёни макотиби гуногуни ҷумҳурӣ сатҳи азхудкунии донишро беҳтар месозанд.
Дар Паёми Сарвари давлат рушди сармояи инсонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар соҳаи маориф ҳамчун омили калидии пешрафти кишвар арзёбӣ гардидааст. Истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад ба густариши таҳсилоти фосилавӣ, такмили малакаҳои хонандагону донишҷӯён, инчунин дар рушди малакаҳои фардии омӯзгорон саҳми худро гузошта, дар омода намудани мутахассисони баландихтисос дар бозори меҳнат мусоидат намояд.
Татбиқи зеҳни сунъӣ дар соҳаи тандурустӣ ба беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат мекунад. Технологияҳои зеҳнӣ барои ташхиси фаврии бемориҳо, таҳлили маълумоти тиббӣ ва дастгирии қабули қарорҳои клиникӣ баҳри беҳтаргардонии солимии ҷомеа истифода мешаванд.
Истифодаи чунин технологияҳо метавонад ба коҳиши саҳвҳои ташхисӣ, баланд бардоштани самаранокии табобат ва беҳтар шудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббии муосир мусоидат намояд, ки ин дар татбиқи ҳадафҳои рушди иҷтимоии давлат саҳми назаррас мегузорад.
Дар низоми идоракунии давлатӣ зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофият баромад мекунад. Татбиқи низоми зеҳни сунъӣ дар хизматрасониҳои электронӣ, таҳлили равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва банақшагирии стратегӣ ҷиҳати беҳтар шудани сифати идоракунӣ мусоидат менамояд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рақамикунонии идоракунии давлатӣ ва густариши хизматрасониҳои электронӣ ҷойгоҳи муҳим дошта, ин нукта қайд шудааст, ки зеҳни сунъӣ метавонад дар ин раванд нақши калидӣ бозида, ба коҳиши расмиёти маъмурӣ ва баланд бардоштани сатҳи эътимоди шаҳрвандон мусоидат кунад.
Тавре ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ метавонад ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ, таҳкими иқтидори илмӣ ва афзоиши содироти хизматрасонӣ табдил ёбад.
Татбиқи васеи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, илм ва идоракунии давлатӣ заминаи устуворро барои баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилалӣ фароҳам меорад. Хулоса, дар ин замина таҳияи сиёсати давлатӣ, такмили заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.
Мутахасисси пешбари маркази
иттилоотии Институти илмию
таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ
Раҳмонов Ф.Ҳ
|
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 29.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
|