Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

ИҚДОМИ ФАРҲАНГҶУЁНА БАРОИ ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОР

ИҚДОМИ ФАРҲАНГҶУЁНА БАРОИ ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОР
(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 16 декабри соли 2025 ироа гардид)
Чун анъана Паёми навбатӣ ин дафъа дар таърихи 16 декабри соли 2025 баргузор гардид, ки дар заминаи масоили мавҷуда нуқтаҳои муҳими пешравиҳоро бо нишондодҳои мушаххас ва ояндасози муносибатҳои минбаъдаи муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар фарогир буд. Бо азму иродаи устувор таҳкими минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардид, ки чунин азм ба расму ойинҳои таърихан қадим ва арзишҳои муҳими миллию фарҳангӣ ва дастовардҳои моддӣ асос меёбад. Аз ҷумла қайд гардид, ки “Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод. Дар баробари ин, моро зарур аст, ки суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 на кам аз 8 фоиз ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоем”.
Аҳамияти таърихии Паёми навбатӣ дар он ифода меёбад, ки дар сатҳи баланд баргузор шуда, обрӯю нуфузи кишварро на танҳо ба таври ҷудогона, балки дар маҷмуъ ҳамчун давлати дорои фарҳанги миллии қадима ва дар шароити пуртазоди умумҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи таъмини рушди устувор ва идоракунии равандҳои мазкур бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун намунаи кишвари рӯ ба рушд муаррифӣ намуд. Ин ҳама дар ниҳояти кор сокинони кишварро дар заминаи амнияту суботи пайваста ба самти созандагию ободии кишвар ва устувории минбаъда раҳнамун месозад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар робита ба таъмини рушди минбаъдаи кишвар ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии бо донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад. Ин аҳолии кишварро ба он водор менамояд, ки дар заминаи чунин иқдомоти созанда мушкилоти рушди минбаъдаи кишварро дар робита ба ҳифзу коркарди захираҳои табиӣ, истифодаи самараноки обу замин ва сарфаю сариштакорӣ бо истифода аз имкониятҳо ҳал карда, қувваи худро барои арзёбии муаммоҳои дохилӣ ва берунии марбут ба иқтидорҳои моддию маънавии ҷойдошта, ҷиҳати таъмини бехатарии рушди минбаъда, сафарбар намоянд.
Маъдиев Саъдихоҷа, ходими пешбари илмии
Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ
ва соҳибкории ДБССТ н.и.и., дотсент

📅 Санаи нашр: 05.01.2026
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо