Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

ҶАНГОВАР ШУДАН НА АЗ БАРОИ ҶАНГ АСТ... (Ба истиқболи рӯзи 23-юми феврал - Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низоми ҳуқуқбунёдии кишвар Қонун "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" қабул гардида, он муносибатҳои ҷамъиятиро дар робита ба иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Тибқи талаботи Қонуни мазкур уҳдадории ҳарбӣ ин уҳдадории конститутсионии ҳар як шаҳрванди кишвар вобаста ба ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлоли давлатӣ, амният ва иқтидори мудофиавии он маҳсуб ёфта, хизмати ҳарбӣ намуди хизмати давлатӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ мебошад. Дар навбати худ хизмати ҳарбӣ ба намудҳои зерин гурӯҳбандӣ мешавад, ки инҳо мебошанд: а) хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок, намуди хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба мардони ба синни ҳаждаҳрасида тааллуқ дорад ва даъвати онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ дар мансаби ҳарбии қаторӣ, сержантон ва афсарон дар муҳлат ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур амалӣ мегардад, б) хизмати ҳарбии ихтиёрӣ, намуди хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки новобаста ба ҷинс, бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонун иҷро мешавад, в) хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ чунин намуди хизмати ҳарбӣ аст, ки дар он шаҳрвандони синни даъватӣ ҳуқуқи ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ё озод шудан аз даъватро надоранд, вале метавонанд ин намуди хизматро ба тариқи ихтиёрӣ адо намоянд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Лозим ба зикр аст, ки Қонун "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии қайди ҳарбӣ, омодасозӣ, даъват намудан, тартиби дохил шудан ба хизмати ҳарбӣ, адо кардан ва рухсат (озод) шудан аз хизмати ҳарбӣ, бақайдгирӣ дар ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон, ваколатҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар ин соҳа муайян намуда, мутобиқи он хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбии мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилшаванда пешбинӣ карда мешавад. Дар давраи сафарбарӣ ва ҳолати ҷанг бошад, уҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад. Дар асоси ҳамин қонун шаҳрвандони кишвар ба хизмати ҳарбӣ ва ё иҷрои уҳдадории ҳарбӣ даъват карда мешаванд, ки онҳоро даъватшаванда ном мебаранд, яъне даъватшаванда ҳамон нафарест, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷинси мард) буда, ба синни ҳаждаҳ расидааст ва дар комиссариатҳои ҳарбӣ (мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбии шаҳру ноҳияҳо) бо мақсади даъват барои адои хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ба қайди ҳарбӣ гирифта шудааст. Дар мавриди мазкур ба ин масъала бештар таваҷҷуҳ кардан зарур аст, зеро имрӯз дар ҷомеаи мо мушкилоти асосии даъват ба хизмати ҳарбӣ марбут ба вазъи иҷтимоии даъватшавандагон мебошад. Ҳаллу фасл намудани мушкилоти мазкур ва ё саҳм гузоштан дар он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад, вале мутаассифона ин масъала аз ҷумлаи масоили доғи рӯз гардидааст, ки бо сабабҳои паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дур будан аз тарбияи ватандӯстӣ, маҳрум будан аз ифтихор ва ҳувияти миллӣ ва амсоли ин омилҳо воқеъ гардидааст. Дар ин баробар мо бояд бидонем, ки масъалаи омода намудани даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ ва сафарбар намудани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ва муҳими муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, пеш аз ҳама бояд тарғиботро ба роҳ монанд. Дар ин давраи таърихие, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид, қонуни мазкур метавонад ҳамчун василаи таҳрикдиҳанда ва ё тарғиботӣ хизмат намояд. Вале зарур аст, ки аз ҷониби масъулини соҳаҳои дахлдор тавассути механизмҳои муайян талаботи қонун мавриди иҷроиш қарор гирад. Албатта, камбудиҳо дар ин масир хеле зиёданд ва ҷиҳати рафъи онҳо бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Аз ҷумлаи камбудиҳо ин паст будани сатҳу сифати таълими ҳарбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Дар муассисаҳои таълимӣ фанни “Омодагии дифои ҳарбӣ" танҳо ба таври назариявӣ гузаронида шуда, вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии талабагон чорабиниҳо татбиқ намегарданд. Дар ҷодаи ҷалби ҷавонон фаъолияти мизҳои ҳарбии ҷомеаҳо, муоинаи тиббии хонандагон ва ба қайди ҳарбӣ гузоштани онҳо дуруст ба роҳ монда нашуда, ҳамкории нокифояи комиссариатҳои ҳарбӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои тандурустӣ, бо ҷомеаҳо ва корхонаву ташкилот ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин дар низоми фаъолияти даъват ба хизмати ҳарбӣ ҷой доштани омилҳои коррупсионӣ дар фаъолияти мақомоту муассисаҳои марбута аз ҷумлаи камбудиҳои ҷиддии соҳа маҳсуб меёбад. Барои намояндагони ҳама соҳаҳои кишвар, хоссатан соҳаи маориф зарур аст, ки нахуст қоидаҳои дар қатор саф кашидан, қадамзадании низомӣ, истифодаи яроқи оташфишон, шинохтани қисмҳои яроқ ва тавассути он тирандозӣ намудан ёд дода шавад. Ин василаи муҳими бедор кардани шавқи ҷавонон барои адо намудани хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумлаи омилҳои номатлубе, имрӯз дар ҷомеаи мо ҷой дошта, ба фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ таъсири манфӣ мерасонад, ин ба таври лозим роҳандозӣ нагардидани низоми даъвати ҷавонон мебошад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки аз тарзу усулҳои нораво, ба мисли “сарбозшикор", ки аҳёнан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба чашм мерасад, фавран даст кашида шавад, зеро он ҳам имиҷи давлат ва ҳам имиҷи мақомоти марбутаро коста мегардонад. Дар ивази истифодаи ин усулҳои номатлуб ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад ва вобаста ба он нақша-чорабиниҳо таҳия карда шаванд, ки фарогири бедор кардан ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон бошад.
Дар робита ба масъалаи роҳу усулҳои тарғиби эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳадафҳои он" пешниҳодеро ба миён мегузорам, ки истифода аз ин тадбир аз ҷумлаи боризтарин роҳҳои ҷалб намудани ҷавонон ба сафи артиш маҳсуб меёбад. Дар асоси аз ҷониби вазорати мудофиаи кишвар таъсис додани чорабинӣ таҳти унвони “Рӯзи дарҳои кушод" ҷавонон, хоссатан донишҷӯён ба қисмҳои ҳарбӣ ташриф оварда, бо шароити зист, машқу тамрин ва истироҳати сарбозон шинос шуда, дар қалби онҳо орзуи сарбози Ватан будан бедор мегардад. Дар навбати худ, метавон вазорати маорифро ба ҳайси масъули татбиқи тадбири мазкур тавсия намуд, зеро дар доираи муассисаҳои олӣ ва касбии кишвар ҷавонони синни даъват ба хизмати ҳарбӣ таҳсил намуда, аз ҳисоби онҳо ба таври қонунӣ пур кардани нақшаи даъват мушкилоти соҳаро аз байн мебарад. Дар заминаи ин гуфтаҳо ба принсипҳои зерини уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ такя мекунем, ки Қонун "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" пешбинӣ кардааст: қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, садоқат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон, садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи интизоми ҳарбӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва дахлнопазирии онҳо ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ, вобаста набудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ. Воқеан, принсипҳои мазкур бояд имкон фароҳам оранд, ки сатҳу сифати интизоми ҳарбӣ дар кишвари мо ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи олам баробар гардад. Бо ин вуҷуд, шароити кунунии хизмати ҳарбӣ дар кишвар аз вазъияти солҳои 90-ум хеле рушд карда, мушоҳида мегардад, ки сарбозон ҳамеша бо шароити мувофиқу муносиб таъмин мебошанд. Дар қисмҳои низомӣ пайваста чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардида, нафарони уҳдадории ҳарбиро иҷрокарда иқрор ҳастанд, ки беҳтарин давраи обутоб додани бадан давраи сарбозӣ аст. Дар баъзе аз қисмҳои низомӣ сарбозон ҳатто имконият пайдо мекунанд, ки касбу ҳунар омӯзанд, ки бешак ба ҳаёти минбаъдаи онҳо таъсири мусбат мерасонад.
Аз ин рӯ, бо ин суханон, ки сипаҳсолори номаълуме гуфтааст, ҳарфи хешро ба ниҳоят мерасонам: "Мақсад аз таълими ҳарбӣ ин тарбият намудани шуҷоат дар замири инсон аст. Ҷанговар шудан на аз барои ҷанг аст, балки барои он зарур аст, ки ҷанг набошад".
Ид муборак, родмардони Ватан!
Ҷобир Мардонзода - Ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти сайёҳии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

📅 Санаи нашр: 12.05.2026
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо
icon

МАҚОЛАҲО


📅 22.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026